logo

Хабарҳо

Навидҳои фарҳанг

ЛЕВАКАНТ 
Осорхонаи Пешвои миллат бунёд меёбад
Дар литсейи касбӣ - саноатии кимиёвии шаҳри Левакант Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил мегардад. Бо ин мақсад муассиса мавриди навсозӣ қарор гирифт.
 
Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат охири солҳои 60 - уми асри гузашта дар омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Левакант) таҳсил намудаанд. Аз ин рӯ, аёнияти таълимии замони таҳсили Президенти мамлакат дар таълимгоҳ ҷамъоварӣ гардида, дар осорхона маҳфуз дошта мешаванд.
Бинои литсей бояд дар шакли меъмории замони шӯравӣ ороиш ёбад. Муассисаи мазкур соли 1967 таъсис ёфта, масоҳати умумии он бо ошхонаю майдончаи варзиш ва дигар иншооти ёрирасон 5 гектарро ташкил медиҳад.
 
 
ШОИРИ ТОҶИК МЕДАЛИ «ИВАН БУНИН» ГИРИФТ
Бо қарори Президиуми Иттифоқи нависандагони Россия шоир, журналист ва тарҷумони тоҷик Карим Ҳайдар, ки  ба ҷоизаи муътабари адабии Россия- «Шоири сол»  пешбарӣ шуда буд, бо медали «Иван Бунин» қадр гардид.
Ҷоизаи мазкур ба муносибати 150 - умин солгарди Иван Бунин, нахустин барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт таъсис ёфтааст.  Ин медал ба ҷуз аз номзадони ҷоизаи «Шоири сол», инчунин, ба шахсоне дода мешавад, ки дар рушду тарғиби адабиёти рус саҳми назаррас доранд.
Маросими супурдани медалҳо дар шаҳри Москва 21 марти соли 2021 ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии шеър доир мешавад.
 
 
«ДОНИШҶӮИ СОЛ - 2021» БЕҲТАРИНҲОРО БА ОЗМУН МЕХОНАД
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол - 2021» - ро эълон намуд.
 Ин озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии донишҷӯён дар илмомӯзӣ, ифтихори миллӣ ва маърифатнокии онҳо роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок доранд.
Озмун дар ду давр баргузор шуда, ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май қадр мешаванд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 132
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед