logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

 ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

20 - СОЛАГИИ СҲШ ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАҶЛИЛ ХОҲАД ШУД
 
- Соли гузашта бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардондани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID – 19 дар хориҷа дармонда буданд, амалӣ гардид. То поёни сол беш аз 150 ҳазор шаҳрванди кишвар (аз ҷумла, мутаассифона, 300 ҷасад) аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Ватан баргардонда шуд. Аз 20 март то охири сол беш аз 600 парвози чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»  барои баргардондани шаҳрвандони мо аз Россия сурат гирифт, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, зимни нишасти матбуотӣ 
Дар иртибот ба саволи «Ҷумҳурият», вобаста ба шакли баргузории чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ҳоло маҳдудиятҳо бардошта нашудаанд, вазир чунин ҷавоб дод:
- Барои таҷлили бошукӯҳи 20-солагии СҲШ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳо иборат аз 86 банд тасдиқ шудааст. Аксарияти онҳо дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Аллакай, онҳо оғоз гардиданд, аз ҷумла чанде қабл дар Душанбе, таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ доир гашт. Чорабиниҳо идома доранд, мо дар назар дорем, ки аксари ҷаласаҳоро бо иштирокдорон гузаронем. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
ҲИСОР
ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор, зимни нишасти матбуотӣ иброз  дошт, ки баҳри бо дастовардҳои  арзанда  истиқбол  гирифтани  Ҷашни  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 767 иншооти гуногун дар назар буда, то имрӯз 422-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда бо вусъат идома доранд.  
Зикр шуд, ки иҷрои нақшаҳои пешбинишуда бо дастгирии соҳибкорон, сокинони маҳаллӣ, ашхоси саховатпеша ва ватандӯст дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. 
Бо мақсади  боз  ҳам вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистода, қарорҳои раиси шаҳри Ҳисор дар бораи «300 рӯзи ободонӣ» ва, ҳамзамон, ҷиҳати таъмиру тармими роҳҳои ҳудуди шаҳр дар бораи эълон намудани  соли 2021 - «Соли роҳҳои обод» ба тасвиб расиданд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 
 
ВАҲДАТ
ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ ЗАМИН АЗ МАВЗӮЪҲОИ МУБРАМ БОҚӢ МЕМОНАД
- Баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2019 - 2020 дар шаҳр 21 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 48 маориф, 35 варзишӣ, 9 фарҳангию истироҳатӣ, 110 маркази хизматрасонӣ ва 19 бинои истиқоматӣ, инчунин, беш аз 140 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо наздики 600 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид, - зикр кард раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода дар нишасти матбуотӣ.
Инчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузории замин, соли гузашта дар шаҳраку деҳот санҷишҳои назоратӣ гузаронда, дар натиҷа 132 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор ва 118 шаҳрванд бо маблағи 61,5 ҳазор сомонӣ ҷарима гашт. Ҳамчунин, 6 мавод барои ҷаримаи маҷбурӣ ба суд ва 3 мавод ба прокуратураи шаҳр ирсол гардид.
 
З. РАҶАБ, «Ҷумҳурият»
 
 
КАМБУДИИ ҶОЙИ НИШАСТ БАРТАРАФ МЕГАРДАД
Азизулло Исматзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, зимни нишасти матбуотӣ  иброз намуд, ки ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли гузашта бо сармоягузории беш аз 114 миллион сомонӣ 136 иншоот бунёд гардид. Дар маҷмӯъ, аз 414 иншооти банақшагирифташуда, 350-тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
-Ҷиҳати бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ 45 синфхонаи иловагӣ барои 1125 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд.  Инчунин, дар деҳоти Чимтеппа бинои муассисаи таълимии хусусӣ бо боғчаи кӯдакона барои 400 хонанда, дар деҳаи Элоки шаҳраки Турсунзода муассисаи нави томактабӣ барои 400 тарбиятгиранда бунёд ёфт, - гуфт раиси ноҳия. 
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки соли гузашта  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия беш аз 400 миллион сомониро ташкил дод. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
ФАРҲОД РАҲИМӢ:  ""АРГУС" ҲАТМАН БАРҚАРОР МЕШАВАД"
Тибқи лоиҳа ва «Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори «Аргус», он то соли 2020 бояд, ки барқарор мегардид. Муҳлати барнома ба охир расида бошад ҳам, иҷро нашуд. Чаро?
Ба ин суоли хабарнигори рӯзнома Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, дар нишасти матбуотӣ чунин посух гуфт: 
- Мушкил дар он буд, ки  соли 2020 бо сабаби хуруҷи бемории COVID – 19 ва эълон гардидани карантини саросарӣ, коршиносони Кооператсияи давлатӣ оид ба энергияи атомии «Росатом» ва «Маркази миллии тадқиқотии ба номи И. Курчатов»-и Россия, ки роҳбари илмии лоиҳа маҳсуб меёбанд, ҳамчунин, намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ, ки назорати лоиҳаро аз нигоҳи бехатарӣ ба зимма доранд, ба Тоҷикистон омада натавонистанд. Ин сабаби асосии сари вақт амалӣ нагаштани барнома ва барқарор нашудани реактор гардид. Аммо ҳоло кор дар ин самт идома дорад ва «Аргус», ки ба фаъолият пардохтани он дар рушди илми кишвар  нақши созгор хоҳад дошт, ҳатман барқарор мешавад.
Дар робита ба ин масъала, ҳамчунин, гуфта шуд, ки то имрӯз 80 дарсади корҳо ҷиҳати барқарор намудани реактор анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, бинои реактор пурра таъмир ва барои фаъолияти минбаъдаи он заминаи ҳуқуқӣ фароҳам омад. Системаҳои асосӣ ва  пулти идоракунандаи «Аргус» низ барқарор гардиданд.  
Дар нишаст, инчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 олимони академия барои дастовардҳои илмиашон 23 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 қарори мусбат оид ба гирифтани патент ба даст оварданд. Ин муддат 30 коркард ва пешниҳоду тавсияҳои олимон барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудан пешниҳод шуданд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗАҲОИ ИТТИЛООТӢ ОМОДА АСТ  
Соли 2020 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нақша доир ба масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқот гузарондааст. Дар ин бора Хуршед Зиёӣ, директори марказ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба саволи хабарнигори “Ҷумҳурият” вобаста ба он, ки то куҷо кишвари мо дар таъмини амнияти иттилоотӣ устувор аст, директори марказ чунин посух дод:
- Тавре медонем, соли гузашта баъд аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус ба Тоҷикистон аз берун ҳуҷумҳои иттилоотӣ шудаанд. Ва, хушбахтона, мо тавонистем, ки ба онҳо вокунишҳои саривақтӣ намоем. Имрӯз Тоҷикистон барои ҷавоб гуфтан ба муборизаҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ дар шабакаи интернет омода аст. Мутахассисон низ дар ин самт тайёранд.  Инчунин, ВАО-ҳое, ки дар шакли электронӣ нашр мешаванд, метавонанд дар ин муборизаҳо нақши чашмрастаре дошта бошанд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
 
 
ДДК
ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИЛМИИ "ҲАМАДОНШИНОСӢ"
Абдусалом Мирализода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли гузашта, бар иловаи кумакпулиҳои ташкилоти иттифоқи касабаи донишҷӯён, ба 41 ятим аз ҳисоби фонди идрорпулии донишҷӯён ба маблағи беш аз 23 000 сомонӣ ёрии молиявӣ дода шуд. 
Ба гуфтаи ӯ, Хуршед Қурбонов, саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз худ кардани осори адабиёти ҷаҳон» дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойи аввал гардид. 
- Дар давраи ҳисоботӣ хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ баромад. Дар парки технологӣ лабораторияи ташхиси обҳои минтақаи Кӯлоб таъсис ёфта, барои озмоишгоҳ ба маблағи 40 000 сомонӣ таҷҳизоти муосири таҳлили об харид гардид. Нахустин бор бо кандани чоҳи амудӣ хобгоҳи донишҷӯён бо оби нӯшиданӣ таъмин гардид. Илова бар ин, дар донишгоҳ маркази илмии «Ҳамадоншиносӣ» таъсис ёфта, дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика китобхона мавриди истифода қарор гирифт, - афзуд Абдусалом Мирализода.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 206
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед