Хабарҳо
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар бинои ҶСК «Равшан» («Зари Тоҷик»)-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон – Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, доир гардид. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар алоқамандон ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ созмон дода шуда, ҳадаф аз он эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои кор ва, ба ин васила, рушду равнақи соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҳунармандон маҳсулоти беҳтаринро пешниҳоди харидорон ва сайёҳон гардонанд. Тарғибу ташвиқи ин гуна ҳунарҳо саривақтӣ буда, метавон онҳоро ҳамчун армуғони беҳтарини миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд.
Зимни натиҷагирии озмун, Корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ «Рухом»-и шаҳри Душанбе дар номинатсияи корхонаи истеҳсолӣ, Ғолибҷон Усмонов аз шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи ҳунарманди касбӣ, Абдолбек Қурбонбеков аз ноҳияи Шуғнон дар номинатсияи ҳунарманд сазовори ҷойи аввал дониста шуданд. Ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъол дар озмун ҶДММ «Карон Калсит»-и ноҳияи Дарвоз, Манучеҳр Саидов аз шаҳри Душанбе, Саймоҳ Мирзоева аз ноҳияи Кӯшониён, Вазорати фарҳанг, Академияи мусаввирон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи дизайнерон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн ва дигар шарикон бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳӣ мушарраф гаштанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 152