logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. БАҲСИ ПОРАГИРИИ КОРМАНДИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ДАР СУД

Суди шаҳри Хуҷанд Исмоил Рустамзода, муовини сардори раёсат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор…) гунаҳкор донист. Бо ҳалномаи суд, ки нусхаи он дар ихтиёри «Ҷумҳурият» қарор дорад, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се ҳазору ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 214 600 сомонӣ, ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар Палатаи ҳисоб  ба муҳлати 2 сол таъйин шуд.
Аммо коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд ҳукми суди марҳилаи якумро тағйир дода, маблағи ҷазоро 63 800 сомонӣ муайян кард. Суди вилоят далели ин амрро ба он марбут медонад, ки суди марҳилаи якум ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ва шахсияти маҳкумшударо пурра ба эътибор нагирифтааст. 
Ин дар ҳолест, ки моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ чунин муқарраротро пешбинӣ кардааст: «Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк, ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад». 
Дар ҳалномаи суд омадааст, ки Исмоил Рустамзода дар асоси фармоиши раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2018 то инҷониб дар вазифаи муовини сардори раёсат - сардори шуъбаи назорати ташаккул ва иҷроиши буҷети давлатии раёсат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба буҷети давлатӣ ва иҷроиши он кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ дар чунин ҳолат ба содир намудани ҷиноят (гирифтани пора) даст зад. 
Ӯ дар асоси шаҳодатномаи раиси Палатаи ҳисоб аз 6 августи соли 2020 ба ҳайати гурӯҳи аудити молиявӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии вилояти Суғд дар давраи аз моҳи июли соли 2018 то моҳи августи соли 2020 аз 10 то 30 августи соли 2020 шомил шудааст. И. Рустамзода 20 августи соли 2020 ҷиҳати гузарондани аудити молиявӣ ва арзёбии ҳисоботҳои ҷамъбастӣ ба Муассисаи давлатии тандурустии «Маркази клиникавӣ - эндокринологии вилояти Суғд» ба номи Ҷ. Набиев ташриф оварда, ба аудити молиявии муассисаи зикршуда шурӯъ кардааст. Ӯ зимни аудити интихобии риояи тартиби дурусти истифодаи меъёрҳои сохтмонӣ дар санадҳои корҳои иҷрошудаи таъмиру сохтмон ва асоснокии ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар марказ муайян кардааст, ки соли 2018 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Клуби футболи 20-солагии Тоҷикистон» таъмири бинои маркази клиникии болозикр анҷом дода шудааст.
И. Рустамзода ҳангоми дар маркази клиникии болозикр, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш қасди гирифтани пораро пеша намуда, 21 августи соли 2020 шаҳрванд Зокирҷон Ҷабборовро ҳамчун сармураббии ташкилот ба наздаш даъват карда, аз ӯ барои нагузарондани аудити ташкилоти ҷамъиятии «Клуби футболи 20-солагии Тоҷикистон» вобаста ба тартиби дурусти истифодаи меъёрҳои сохтмонӣ, ки иҷрои амали мазкур ба ваколати хизматиаш дохил мешуд, ба сифати пора 10000 сомонӣ талаб кардааст.
Минбаъд, И. Рустамзода ҷиҳати амалӣ кардани нақшаи ҷиноятии тарҳрезикардааш, 26 августи соли 2020 аз шаҳрванд З. Ҷабборов дар дохили утоқи кории сартабиби маркази клиникавӣ дар навбати аввал ҳамчун пора 4000 сомониро гирифта, овардани боқимонда 6000 сомонии дигарро талаб кардааст. Сипас, зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ 27 августи соли 2020 И. Рустамзода баъди аз шаҳрванд З. Ҷабборов гирифтани 6000 сомонӣ ба сифати пора боздошт шуд.
 
М. МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2021    №: 42    Мутолиа карданд: 2424
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед