Хабарҳо
Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид
ТАСС. Чин дар мубориза бар қашшоқию бенавоӣ комилан пирӯз гардид. Дар ин хусус Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар ҷаласае, ки ба дастовардҳои кишвар оид ба маҳви бенавоӣ бахшида шуда буд, изҳор намуд.
- Ба шарофати талошҳои Ҳизби Коммунистии Чин ва халқи кишвар, мамлакати мо ғалабаи комилро бар камбизоатӣ ба даст овард, - гуфт Си Ҷинпин.
Бино ба гуфтаи Си Ҷинпин 98, 99 миллион сокини деҳот аз бенавоӣ раҳо ёфт. Боиси тазаккур аст, ки давоми ҳашт соли охир дар мубориза бар камбағалӣ Чин 246 миллиард доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1575