logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

26 феврал дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
Дар маҷлис, нахуст, гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021» шунида шуд. 
Таъкид гардид, ки соли 2019 706 гектар замини партов, аз ҷумла 421 гектар обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд.  
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута ҷиҳати тасдиқи тақсимоти заминҳо аз рӯи гурӯҳҳо, ҳарчи бештар ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳо ва обёрии заминҳои кишт, ба хотири афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастур доданд. Супоришҳои дигар ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ ва ҷинояткориҳо нисбат ба харидуфурӯши ғайриқонунии заминҳо дода шуд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол гашт.
Дар маҷлис чор хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Ҳукумат, ҳамчунин, масъалаҳо Дар бораи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2024, Дар бораи пешниҳоди маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Дар бораи пешниҳоди маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Дар бораи пешниҳоди маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод ва Дар бораи масъалаҳои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ доштан, дар шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур таъсис дода мешавад. Дар ин филиал, ки муваққатан дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад, аз ҷониби Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур мутобиқи стандартҳои умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ аз рӯи низоми бакалавриат ва магистратура кадрҳои баландихтисос тайёр карда мешаванд.
Дар охири маҷлис Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои Ҳукумат, маъракаи киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дастуру супоришҳо доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2021    №: 43    Мутолиа карданд: 1229
21.06.2021


КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед