logo

сиёсат

ПАЁМ. АЗ ҲУВИЯТ ТО ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсоз гардидем, ки моро ба марҳилаи шукуфову ободонии аз ин бештар мерасонанд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳои возеҳ оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли ин ҳарф заданд.
 
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Таъкид шуд, ки новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии COVID -19 халқи шарифи кишвар бо меҳнати ҳалолу софдилонаи худ дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд. Дар сатҳи баланд доир маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳувият ва ифтихори миллии ҳар як сокини кишвар баланд аст. Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин росто аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат мебошад, ки ин ба баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум заминаи мустаҳкам мегузорад.
Тавре зимни ироаи Паём Сарвари давлат иброз доштанд, дар мамлакат танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 адад расида, дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонда мешавад. Ин нукта гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор мегузорад.
Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин. аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад ва ин масъала дар Паёми навбатии Президенти мамлакат махсус қайд гардид. Барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо, муаррифии ҳарчи бештари мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамон ба аҳли олам ба масъулон дастурҳо дода шуданд. 
Нуктаи дигари нишотовари Паём он аст, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон барои омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” эълон шуд. Ин тадбир самараи нек ба бор хоҳад овард ва дар ояндаи наздик илм ва инноватсия пеш рафта, кадрҳои болаёқат ба камол мерасанд.
Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Ҳамзамон, ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ ва технологияи иттилоотӣ ва равона намудани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ба рушди иқтисоди миллии кишвар таъкид гардид.
Нуктаи дигаре, ки дар Паём қайд гардид, ин рисолату вазифаи хизматчиёни давлатӣ буд, ки Сарвари давлат изҳор доштанд:  “Бори дигар  таъкид месозам, ки вазифаи асосии ҳар яки мо - аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ - содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст”. Дар ин росто мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар партави гуфтаҳои Пешвои миллат амал карда, хизматчиёни давлатиро дар ин рӯҳия - содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан тарбия намоем. 
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.
 
Абдухалил ҒАФУРЗОДА, 
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, 
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2021    №: 44    Мутолиа карданд: 619
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед