Хабарҳо
ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) соли савум аст, ки дар ҷумҳурӣ озмуни «Дастархонороӣ» баргузор мегардад. Даври ҷамъбастии озмуни имсолаи вилоятӣ дар тарабхонаи «Файз»-и шаҳри Хоруғ доир шуда, дар он кадбонуҳои беҳтарин – ғолибони даври ноҳиявию шаҳрӣ ширкат варзиданд.
Тавре Назира Амирбекзода, муовини раиси вилоят, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр кард, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, кор гирифтан аз шеваи сарфаву сариштакорӣ, камхарҷ ва зебову хушрӯ оростани дастархон дар ҷашну маросимҳо мебошад. Ин ташаббуси Ҷаноби Олӣ байни омма ҳамовозӣ пайдо карда, сол ба сол дар озмун бонувон фаъолияти бештар зоҳир менамоянд.
Имсол ҳам иштирокдорони озмун бо тайёрии пухта ба озмун ҳозир шуда, кӯшиш менамуданд, ки дар он бо муаррифии беҳтарин таомҳо мақоми баландро соҳиб гарданд. Таомҳои миллӣ, аз қабили атолаи зардолуву боқило, ҳалвои маҳаллӣ, кочӣ, ғӯзқамоч, нони равғанӣ, бат, ширбиринҷ, боҷ, оши боқило, амоч, нонҳои ҳархелаи танӯрӣ, кулча, фатир, бурсоқ, самбӯса, қурутоб, шириниҳои гуногун, меваю сабзавот дастархони ҳар як кадбонуро оро додаанд.
Ҳакамон аз намоиши таомҳои миллӣ дидан намуда, ба маҳорат ва истеъдоди бонувони кӯҳистон баҳои баланд доданд.
Мувофиқи баҳои ҳакамон, дастархони бонувони шаҳри Хоруғ дар озмун мақоми аввалро соҳиб гардид. Тавре онҳо зикр карданд, дастархони бонувони шаҳр бо тарҳи замонавӣ оро ёфта, пешхизматон бо либоси миллии ба замони муосир мувофиқ дар хидмат қарор доштанд. Ҳамчунин, бартарияти ин дастархон дар он арзёбӣ гардид, ки бонувони шаҳр тавонистанд, дар гирди он зимни мулоҳизарониҳо оид ба китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров намунаи як оилаи бофарҳанги бадахшониро муаррифӣ намоянд. Ороиши дастархонҳои ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим мутаносибан сазовори ҷойҳои дувуму сеюм шуданд.
Ғолибон ва соҳибони мақоми ифтихорӣ аз ҷониби муовини раиси вилоят бо ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ қадр шуданд. Барои иштироки фаъол кадбонуҳои ноҳияҳои Роштқалъа, Ванҷ, Рӯшон, Дарвоз ва Мурғоб низ бо ифтихорнома сарфароз гаштанд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 206