Хабарҳо
ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ
Қуллае бо баландии шаш ҳазор метр дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим ба номи фарзанди номдори миллати тоҷик академик Раҳим Масов гузошта шуд.
Ин иқдом дар асоси тасмими иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони мардуми ноҳияи Ишкошими ВМКБ амалӣ гардид.
Раҳим Масов аз маъруфтарин таърихнигорони тоҷик буда, муаллифи китобҳои “Таърихи тақсимоти табарӣ” (бо номи “Таърихи табартақсим” машҳур аст), “Тоҷикон: таърих таҳти муҳри “қатъиян сиррӣ”, “Тоҷикон: фишор ва иқдом” ва дигар китобу мақолаҳост.
«САДОИ СӮХ» 70 - СОЛА ШУД
Рӯзномаи тоҷикии «Садои Сӯх» - и вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 70 - сола шуд.
Ин ҷарида, ки пурра ба забони тоҷикии порсӣ интишор меёбад, ҳафтод сол боз дар тарғиби забони мо саҳми шоиста дорад. Борҳо масъалаи бастани рӯзнома ба миён омада бошад ҳам, аммо тоҷикони Фарғона бо талошҳои зиёд онро зинда доштаанд.
Ноҳияи Сӯх, ки ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон аст, аз калонтарин ноҳияҳои Фарғона буда, он ҷо бештари мардум ба тоҷикӣ такаллум мекунанд.
«ФАРҲАНГИ КОРБУРДИ ИНТЕРНЕТ»
Чунин ном дорад китоби нави М. Шонасриддинов ва М. Холиқов, масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Китоби «Фарҳанги корбурди интернет» аз 132 саҳифа иборат буда, ба ҷанбаҳои гуногун, осебпазирӣ ва таъсири мусбату манфии ин падидаи аср ишора мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ҳар амали тавассути интернет сомонёфта масъулият ва ҷавобгарӣ дорад.
Аз ин сабаб, месазад, ки аз он оқилона ва барои амалҳои муфид кор гирифт.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 206