logo

Хабарҳо

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ТАСС. - Иштирокдорони аксияи байналмилалии «Боғи хотира» дар Доғистон барои гиромидошти онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гаштаанд, 90 ҳазор дарахт мешинонанд, зеро маҳз ҳамин теъдод шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҷабҳаҳои ҷанг барнагаштаанд, - иттилоъ додааст иҷрокунандаи раиси кумита оид ба хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Доғистон Вагаб Абдулҳамидов.
- Аллакай, нақшаи пешакӣ таҳия шудааст, ки мутобиқи он корро созмон хоҳем дод. Ниҳолшинонӣ дар ду давра – баҳор ва тирамоҳ (вобаста ба нашъунамои рустаниҳо) гузаронда мешавад,- афзуд ӯ.
 
Линда Томас-Гринфилд: «Роҳҳои дипломатии ҳалли масъалаҳо афзалтар аст»
ТАСС. Намояндаи нави доимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дар Созмони Милали Муттаҳид  Линда Томас-Гринфилд дар мусоҳибаи ширкати телевизионии CNN дар ҷавоб ба саволи муносибатҳо бо Россия чунин баён дошт: 
- Сарфи назар аз он ки миёни ҳар ду давлат ихтилофот мавҷуданд ва, баъзан, рафъи онҳо мушкил мебошад, дар ҳама ҳол моро мебояд барои ҳалли онҳо роҳҳои дипломатиро ҷӯем. Зеро танҳо дар ин сурат метавон ба пешравиву муваффақият  мушарраф гашт.
 
 
Сафари кории Президенти Қирғизистон ба Қазоқистон
МИР 24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев пас аз анҷоми мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ Садир Жапаров дар мусоҳиба бо ВАО изҳор намуд, ки Қазоқистон омода аст ба Қирғизистон чун ёрии башардӯстона доруи зидди коронавирус бифиристад.
Ёдовар мешавем, ки Садир Жапаров бо сафари давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Дар рафти гуфтушунидҳо, ӯ ба роҳбарият ва халқи Қазоқистон ҷиҳати ҳамкорӣ, дастгирӣ ва ёрӣ дар мубориза бо коронавирус изҳори сипос намуд.
 
 
Президентҳои ИМА ва Мексика вохӯрии фосилавӣ анҷом доданд
INTERFAX. RU. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден ва Президенти Мексика Адрес Мануэл Лопес Обрадор дар вохӯрии фосилавӣ оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират ва рушди минтақаҳо ба мувофиқа расиданд,- гуфта мешавад дар қатъномаи муштараки ҷонибҳо. 
Тавре дар он зикр мегардад, роҳбарони давлатҳо саҳми муносиби муҳоҷиронро дар рушди иқтисодиёт ва гуногунфарҳангии ҳар ду кишвар  эътироф менамоянд ва сиёсати хешро, ки қадру манзалати муҳоҷиронро  боло мебардорад, идома медиҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 185
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед