Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Котиби матбуоти Пентагон Ҷон Кирби дар нишасти иттилоотӣ иброз дошт, ки айни замон аз ҷониби маъмурияти нав масъалаи ҳузури низомиёни ИМА дар Афғонистон ва ё баровардани онҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.
ТАСС. Бино ба гуфтаи сардори Бюрои федералии тафтишоти ИМА Кристофер Рей, масъалаи терроризми дохилӣ тайи солҳои охир тезутунд шудааст ва дар ин давра теъдоди ҳолатҳои вобаста ба онҳо ду баробар афзудааст.
Синхуа. Узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И тариқи иртиботи видеоӣ бо сардори Вазорати корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ба маросими чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 70-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Чину Покистон оғоз бахшиданд.
ТАСС. Ҳукуматдорони Чин ба ҳалли проблемаҳои вобаста ба таҳримот, ки ИМА ва ИА бар пояи қазияи Алексей Навалний нисбат ба Россия эълон доштаанд, умед мебанданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶМЧ Ван Вэнбин изҳор намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 232