logo

Хабарҳо

ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

3 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии «Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.
Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Лутфия Абдухолиқзода, сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки дастгириҳои бонувон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш таъкид намуданд, ки нақши занону духтарон дар рушди иқтисоди миллӣ беназир аст ва онҳо дар ҳар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, ба муваффақияти назаррас ноил гардидаанд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 дарсад зиёд мебошад. 
Мавсума Муинӣ гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии   мамлакат  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Маҳз туфайли онҳо, бино ба иттилои ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳри Душанбе дар самти ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ  миёни соири кишварҳои олам мавқеи махсусро ишғол менамояд.
 
 
БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО  ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
Зимни мулоқоти фосилавии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва раиси Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон Фуад Нагиев вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар самти туризм  баррасӣ шуданд. 
Мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ намуданд. Зимни суҳбат, инчунин, тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳо муҳим арзёбӣ шуд. 
 
 
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК 
Айни замон дар ҷумҳурӣ 376 рӯзнома, 245 маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ, 49 шабакаи телевизионӣ, 32 шабакаи радиоӣ, фаъолият дошта, бештари онҳоро расонаҳои ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад.
Ин нуктаро сардори раёсати таъминоти иттилооти Маркази тадқиқоти стратегӣ Зубайдулло Давлатов зимни ҳамоиши илмӣ - оммавии «Инъикоси дастовардҳои истиқлолият дар матбуоти даврӣ», ки ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  доир гардид, баён намуд.
Зикр шуд, ки матбуот сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифгари миллатҳо буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо омили  болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад. Аз ин хотир, чеҳраҳои намоёни фарҳангу адабиёт ҷойгоҳ ва нақши матбуотро баланду босазо арзёбӣ кардаанд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода иброз дошт, ки нақши матбуот, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии рушди ҷомеа ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёз дорад. Дар замони истиқлол теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо ҳадафҳои неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлоли кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми босазо мегузоранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 371
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед