logo

ҳуқуқ

«БА ТАНТАНАИ АДОЛАТ БОВАРӢ ДОРАМ»

Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби шаҳрванд Шамсиддин Насриддинов, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 8 феврали соли 2021, № 28 (24135), таҳти унвони «Ба тантанаи адолат боварӣ дорам» нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди ноҳияи Данғара аз 18 январи соли 2021 Садриддинов Насриддин Шамсиддинович бо моддаи 212, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст) гунаҳгор дониста, ба ӯ ба муҳлати се сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии сукунат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати ду сол ҷазо таъйин гардидааст.
Шаҳрванд Шамсиддин Насриддинов дар матлабаш дарҷ намудааст, ки суди ноҳияи Данғара далелҳо оид ба бегуноҳии писараш Н. Ш. Садриддиновро ба инобат нагирифта, ӯро беасос маҳкум кардааст.
Бояд зикр намуд, ки айни замон ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо накардааст, зеро аз болои ҳукми суд маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудаанд. Аз ин лиҳоз, парвандаи ҷиноятии мазкур дар суди вилояти Хатлон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор дода мешавад.
Ҳангоми баррасии парванда дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ метавонанд ваҷҳҳо ва далелҳои дар матлабаш дарҷнамударо ба ҳайати суд пешниҳод намоянд. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи шикоят  қонунӣ, асоснок ва одилона будани ҳукми судро тафтиш намуда, қарори дахлдор қабул менамояд.
 
Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА, муовини якуми раис


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 2351
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед