logo

туризм

ЛАХШ. РУШДИ САЙЁҲӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри XX эътироф гардида, дар бештари кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои гуногун, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад.
Як нуктаро бояд зикр кард, ки барои рушди сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ, ноҳияи Лахш хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳа дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд, - иброз дошт Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш. 
Бинобар ин, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 -2021 ва таъмини рушди сайёҳӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш чораҳои зарурӣ амалӣ ва роҳандозӣ гардидаанд.
Дар бораи минтақаҳо, шароиту имкониятҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ маълумотномаи махсус таҳия гардида, дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷой шудааст. Аз тарафи ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Паёми Ҷиргатол» китоби махсус бо номи «Лахши неъматбахш» ба чоп расид, ки дар бораи мавзеъҳои сайёҳию таърихии ноҳия маълумот медиҳад.
Бо мақсади таъмини шароити мусоид ва бунёди инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва фароҳам овардани бошишгоҳҳои муваққатӣ бо ҷалби соҳибкорон 7 меҳмонхона бо 162 ҷойи хоб ва 5 ошхона бунёд гаштанд. Ҳамчунин, дар канори шоҳроҳҳои мошингард инфрасохтори зарурӣ сохта шудаанд. Дар мағозаҳо гӯшаҳои намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи меҳмонони дохилию хориҷиро ба худ мекашанд.  
Дар самти рушд ва дастгирии соҳибкории сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст. Ширкатҳои сайёҳии «Алтин-мазор» -  сайёҳии шикорӣ, «Арча-сайр» саёҳати шикорӣ, лижаронӣ ва дучархаронӣ мебошанд.  Дар деҳаҳои Қалъаи Занкон ва Ҷаилған ошхонаҳои замонавӣ ва дар деҳаи Ҷаилған ду меҳмонхонаи сарироҳии ҷавобгӯ ба талабот бунёд шуда, дар хизмати сайёҳону меҳмонон қарор доранд.
Аз 38 бунгоҳи тиббӣ 5 ададаш дар хатсайри сайёҳон ҷойгир аст.
Дар хатсайрҳо 1 банкомати маблағдиҳанда, 9 банкомати пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ мавҷуд буда, 4 маркази хизматрасонии автомобилии сарироҳӣ фаъолият дорад, ки сайёҳон метавонанд аз хизматрасонии онҳо истифода баранд.
Бояд гуфт, ки аҳолии ноҳия даромаднокии соҳаи сайёҳиро дарк намуда, дар баробари сохтмони меҳмонхонаю ошхонаҳои замонавӣ, инчунин, ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ суръат бахшида, дар мавсими авҷи ташрифи меҳмонон дастранҷи худро манзури онҳо менамоянд. Дар ноҳия якчанд оила дастҷамъона ба намадрезӣ ва истеҳсоли қолинчаҳои нақшини намадӣ машғуланд, ки онҳоро сайёҳон бо шавқу рағбат харид менамоянд.
Ҳамасола аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм» экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир мешавад, ки аз ҳудуди ноҳияи Лахш оғоз мегирад. Дар мавзеи Тандиқул оби шифобахш ҷорист, ки барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод ва дигар маризиҳо давобахш мебошад. Об аз замин фаввора зада мебарояду  950С  гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз он чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки обаш ба рӯҳу тан ҳаловати тоза мебахшад.  Мавзеи Тандиқул зебову дилфиреб буда, дар манзараи бисёр афсонавӣ  ҷойгир асту диққати садҳо сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Қирғизистон омада, табобат мегиранд.
Дар деҳоти Сартало дар деҳаи Қоштегирмен дар доманаи кӯҳҳо ҳавзи калоне ҷойгир аст. Дар деҳаи Ҷилондии деҳоти Сурхоб дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҳавзи Кабуд дар масоҳати 45 гектар доман густурдааст, ки дар тобистон ҷойҳои қулайи истироҳатианд.  
 Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихӣ зиёданд. Яке аз онҳо дар деҳаи Ачиқолма Ғори Сиёҳ ном дорад. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки ин ғор ба давраи то милод мансуб буда, одамони қадим дар ин мавзеъ умр ба сар бурдаанд. Дар сангҳо акси одамони қадим, ҳайвонот ва дигар расмҳои диданиву тамошобоб нақш бастаанд. Чунин навиштаҷоту аксҳо дар наздикии деҳаи Шилбилӣ Тандиқул низ мавҷуд мебошанд.  Мавзеъҳои мазкур шаҳодат аз он медиҳанд, ки ноҳияи Лахш дорои таърихи бою ғанӣ мебошад. Ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои зебо, кӯҳҳои сарбаланду чашмаҳои мусаффо ва дашту дамани фарох диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозанд.
Аз ин ҷост, ки соли 2020 1788 сайёҳи дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии ноҳия дидан намуд, 6 нафар ба саёҳати шикорӣ омад.
Шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ, ки ҳамасола аз  ин минтақаи дурдасти ҷумҳурӣ дидан менамоянд, асосан ба туризми кӯҳнавардӣ машғул мебошанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Дилшод АМИРОВ “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2021    №: 56    Мутолиа карданд: 479
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед