logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
ИФТИТОҲИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ -  ИННОВАТСИОНИИ ШАҲРИ БОХТАР
24 март, дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд.
Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии ҶСК “Саодат” дар заминаи бинои куҳнаи хонаи маишии “Саодат” таҷдиду навсозӣ шуда, ба иншооти   таълимии тиббӣ табдил дода шуд. Бино наздики сӣ сол боз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва бо саҳми фарзандони бонангу номуси оилаи Соҳибовҳо ҳамчун коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ ба сокинони вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард.
Бинои коллеҷ бо тарҳи муосир барқарор шуда, барои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Иншоот аз шаш ошёна иборат буда, корҳои барқароркунӣ ва ободонӣ аз ҷониби бинокорони ҶДММ “Ориёносохтмон”-и шаҳри Бохтар дар муҳлати бештар аз ду моҳ ба сомон расид. Дар рӯзҳои истиқбол аз Наврӯзи байналмилалӣ коллеҷ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун армуғони идонаи наврӯзӣ ба ҷавонони вилояти Хатлон тақдим гашт.
Зимни шиносоӣ аз шароити таълимии коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои ободонӣ ва сифати амалҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси баланд вазифадор карданд.
Президенти мамлакат барои чунин ҳиссагузорӣ дар беҳбуди сиҳатии  омма  ва  татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаи Соҳибовҳо изҳори сипос намуданд.
Коллеҷ дорои маҷлисгоҳ, 65 синфхона, даҳ ҳуҷраи маъмурӣ, утоқҳои алоҳида барои кафедраҳои стоматологӣ, момодоягӣ, технологияи иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ барои 1700 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таълимӣ аз рӯи шаш ихтисоси миёнаи тиббӣ – кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати  умумӣ  ва  тиббию  ташхисӣ мутахассисони сатҳи баландро омода мекунад. Қабули довталабон ва кори мунтазами коллеҷи тиббӣ аз моҳи июни соли равон оғоз ёфта, таҳсилот ба тариқи шартномавӣ сурат мегирад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосиртарин фазои илмомӯзӣ, озмоишгоҳҳо, синфхонаи анатомия ва маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ фароҳам ва ҷиҳозонда шудааст. 
Маҷлисгоҳи коллеҷ зебову барҳаво буда, дорои 140 ҷои нишаст мебошад. Он ва толори лексионӣ бо тахтаи электрониву дигар васоити таълимии электронӣ таъмин буда, донишҷӯён имкон доранд аз ҳамаи намудҳои аёнияти пешрафтаи тибби ҷаҳон бо истифода аз чунин технологияи муосир бархӯрдор гарданд. Ишора шуд, ки сифати таҳсилот бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ бошад.
Зимни суҳбати самимӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳамчун бойигарии давлат, ҳамвора таҳти таваҷҷуҳ қарор дорад. Аз ҳамин хотир, бунёди коллеҷи тиббии муосирро дар маркази вилоят аз бисёр ҷиҳат манфиатбахш ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо гӯшаи гиёҳдармонӣ шинос гашта, дастур доданд, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ  истеҳсоли дорувориро ба донишҷӯён таълим диҳанд.
Дар гӯша беш аз 20 намуд доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши кӯҳистон ба маъраз гузошта шуд.
Муассисони коллеҷ, дар баробари бунёди муассисаи таълимӣ, саҳни онро бо дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ зебу зинат додаанд. Дар ин ҷо наздики 100 дарахти нодири ороишии кишварҳои хориҷӣ дастрасгардида шинонда шуда, парвариши беш аз 15 ҳазор гули рангоранг фазои муаттару тароватбахши биноро таъмин менамояд.
Барои донишҷӯён нишастгоҳҳои замонавӣ ва дигар иншооти иловагиро фароҳам сохтаанд, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс табибони оянда имкон доранд, аз онҳо истифода баранд.
Шабона бинои коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ чароғон хоҳад буд, ки ба симои шаҳр ҳусни дигар мебахшад. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд ёфта, дари даромадгоҳи он бо чӯби кандакорӣ омода шудааст.
 
БАҲРАБАРДОРИИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР 
24 март дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ “Бохтар шифер”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати як гектар бунёд ёфтааст.
Корхона дар се баст фаъолият намуда, 60 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Дар он ду хатти муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардид. Маҳсулот аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона шифер истеҳсол мекунад. Иқтидори солонааш тавлидоти 1 миллиону 100 ҳазор дона шифер буда, бо дарназардошти талаботи бозор, имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.
Барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мешавад.
Ин аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли шифер шурӯъ намуд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа, шиферҳои корхона ба гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодаи тӯлонии он кафолат дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, инчунин, содироти шиферро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд. 
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер, дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи нави истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ санги асос гузоштанд. Тибқи нақша, дар корхона истеҳсоли пайвандак ва лӯлаҳои қутрашон аз 100 то 500 миллиметр бо дарозии 4 метр пешбинӣ шуда, дар як шабонарӯз аз 500 то 800 дона лӯлаи асбестӣ истеҳсол мегардад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав, 15 сокини маҳаллӣ ба шуғли доимӣ ҷалб мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти  саноатчиёни вилояти Хатлон, ки дар саҳни корхонаи нав ташкил гардид, дидан намуданд. Дар намоиш, асосан, масолеҳи гуногуни саноатию сохтмонӣ муаррифӣ шуд.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ низ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозима, фароҳам мебошад.
 
БАИСТИФОДАДИҲИИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ДУЧАРХА ВА ҶУРОББОФӢ 
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷуроббофии ҶДММ “Сомони Расул” оғоз бахшиданд.
Корхона аз тарафи соҳибкори ватанӣ Расул Соҳибназаров ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, 30 мутахассиси маҳаллӣ ба кор таъмин шуд.
Ба таъкиди мутахассисон, барои истеҳсоли дучарха, аввалан, қисмҳои эҳтиётӣ, ки, асосан, аз маҳсулоти оҳанӣ иборат аст, омода мешавад. Ҷараёни истеҳсоли аксар қисмҳои дучарха бо истифода аз кафшер анҷом ёфта, мутахассисони касбӣ онро бо сифати баланд иҷро менамоянд ва аксари амалиёт дастӣ сурат мегирад. Дар корхона барои сохтани қисмҳои дучарха дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ насб гардидаанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, баъзе аз қисмҳои эҳтиётии дучарха аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли дучархаҳои ҳаҷму андозаашон гуногун шинос гашта, ба сифати кор ва заҳмати кормандон баҳои баланд доданд.
Тибқи маълумот, айни замон дар корхона истеҳсоли беш аз даҳ намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, имкон аст, ки дар як моҳ 1000 дучарха истеҳсол шавад.
Бо дарназардошти он ки солҳои охир талаботи аҳолӣ ба дучарха меафзояд, масъулони корхона маҳсулотро бо сифати баланд истеҳсол менамоянд. Дучархаҳои истеҳсолкардаи корхона ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мегарданд.
Дар ҶДММ “Сомони Расул”, дар баробари истеҳсоли дучарха, дар сехи алоҳида истеҳсоли ҷуроб низ ба роҳ монда шудааст.
Дар он бист дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Чехия ва Корея насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 100 ҳазор ҷуфт ҷуроб дар як моҳ мебошад. Айни замон дар коргоҳ 10 сокини маҳаллӣ, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, фаъолият менамояд.
Маҳсулоти хом ба коргоҳ аз корхонаҳои ресандагии мамлакат дастрас шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа ҷуробҳои пахтагии босифат истеҳсол мешавад. Ҳоло ҷуробҳои корхона ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон, инчунин, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидорони худро дорад.
ҶДММ “Сомони Расул” ба нақша гирифтааст, ки истеҳсоли дучарха ва ҷуробро афзуда, дар баробари таъмини талаботи сокинони мамлакат, содироти масҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.
 
ВОХӮРӢ БО ЯТИМОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи “Малика”-и шаҳри Бохтар бо 200 ятими вилояти Хатлон вохӯрии самимӣ анҷом доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Вахш туҳфаҳои наврӯзӣ, ки  аз сарулибос, шириниҳо, 5 намуд китоби бадеӣ ва кумакпулӣ иборат буд, тақдим намуданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи кӯдаконе, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, инчунин, дар бораи дастгириҳои дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа андешаронӣ карданд.
Дар вилояти Хатлон 29 ташкилоту муассисаи иҷтимоии хизматрасонӣ ба шахсони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият менамояд, ки дар онҳо садҳо нафар таҳти ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 63 мактаб-интернат мебошад, ки дар онҳо соли таҳсили 2020 – 2021 8146 нафар (2526 нафараш духтар) таълимгиранда, аз ҷумла 1653 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 176 ятим, 1384 нафар  бепадар, 343 нафар бемодар, ба таълиму тарбия ва ғамхории Пешвои миллат фаро гирифта шудаанд.
Аз шумораи умумии онҳо чордаҳ мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илм, нуҳ мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, чор мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва як мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе буда, дар онҳо соли таҳсили 2020 – 2021, дар маҷмӯъ, 2585 нафар таҳсил менамояд, ки аз онҳо 564 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 53 нафар ятим, 440 нафар бепадар ва 140 нафар бемодар мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин кӯдакон зери ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамеша Сарвари давлат аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таҳсилашон бохабаранд.
Ин вохӯрии Президенти мамлакат низ идомаи мантиқии тадбирҳои башардӯстонаву инсонпарваронаашон мебошанд.
 
ТАШРИФ БА БОҒИ СУПЕРИНТЕНСИВИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “УМАРИ ҚУРБОНАЛИЗОДА”
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён аз боғи навбунёди суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии “Умари Қурбонализода” дидан карданд.
Масоҳати умумии замин, ки барои бунёди боғи нав пешбинӣ мегардад, зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Боғи суперинтенсивӣ қариб 8 гектарро дар бар гирифта, бо истифода аз технологияи муосири парвариши дарахт ва усулҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ бунёд ёфтааст.
Дар майдони бештар аз 3 гектари боғ дарахти шафтолу ва 3 гектари дигар ниҳоли себ шинонда шуда, нашъунамои хуб доранд.
Тибқи тавсияи олимон, ниҳолҳо бо риояи агротехникӣ парвариш мешаванд ва ин омил дар оянда барои таъмини сабзиш ва хуб нашъунамо ёфтани онҳо мусоидат менамояд.
Боғи суперинтенсивӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайнулло Қаҳҳоров бунёд шуда, ҳосили он, асосан, барои содирот пешбинӣ гардидааст. Обёрӣ ва ғизодиҳии ниҳолҳои боғ бо усули қатрагӣ буда, бо чунин тарз бунёд намудани боғ дар шароити имрӯза аз бисёр ҷиҳат манфиатовар мебошад ва исрофи оби полизӣ пешгирӣ, хароҷоти нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.
Дар рафти бунёди боғ 60 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори мавсимӣ ва 15 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ниҳолҳои дар боғи суперинтенсивӣ шинондашуда дар соли дуюм ба ҳосил медарояд. Меваи себ моҳи сентябр пухта мерасад, ки ин аз бартариятҳои асосӣ дониста мешавад.
Дар боғи навбунёд се навъи дарахти шафтолу ва се намуди ниҳоли себ шинонда шудааст. Тибқи таҳлил ва баҳои олимони соҳаи кишоварзӣ, бо назардошти риояи дурусту саривақтии агротехникии парвариш аз 1 гектар дарахтони боғи суперинтенсивӣ метавон аз 80 то 120 сентнер мева гирифт. Дар навбати аввал, ин омил ба манфиати боғдорон буда, ҳамзамон, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои лазизу хуштаъм ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ замина фароҳам меорад.
Айни ҳол дар боғи суперинтенсивӣ шинондани дарахтон идома дошта, то имрӯз 3 ҳазор ниҳоли шафтолу, 2 ҳазор ниҳоли себ парвариш мешавад. Барои эминии боғ гирду атрофи он бо симтӯрҳо маҳкам шуда, дар қисмати поён ва болоияш 450 дарахти ороишии сӯзанбарг шинонда шудааст. Тибқи нақша, дар оянда дар майдони 1 гектар дарахти сиёҳолу мешинонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз боғи суперинтенсивӣ, иқдоми соҳибкори маҳаллиро барои бунёди боғ бо тарҳи инноватсионӣ барои рушди соҳа манифатовар арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти хоҷагӣ барои дар оянда самараноку оқилона истифода кардани ҳар қитъа замин ва рӯёндани ҳосили хушсифату фаровон дастуру супоришҳои муфид доданд.
Тибқи маслиҳату нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти хоҷагӣ дар оянда ният доранд, ки дар шафати боғи суперинтенсивӣ, ҳамчунин, дар майдони 2 гектар барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, қаланфури булғорӣ ва қаланфури сурх, гармхонаи доимамалкунанда бунёд намоянд.
 
БОЗДИД АЗ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ ШАҲРВАНД ФУРҚАТ ҚОСИМОВ 
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов шинос шуданд.
Фурқат Қосимов дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз шахсони меҳнатдӯст шинохта шуда, таҷрибаи бойи деҳқонӣ дорад. Оилаи ӯ таъкидҳои пайвастаи раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, дар замини назди хонааш гармхона ташкил намудааст. Дар майдони 14 садяк 3 гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда, дар як сол ду – се ҳосил мегирад. Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш меёбанд.
Истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон медиҳад, ки ин оила ҳосили фаровони барвақтии сабзавоту полизӣ, аз қабили бодирингу помидор ва булғорӣ, ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд намояд ва дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад. Дар назди ҳавлӣ бунёди гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, ки самараи хуб медиҳанд, баҳои баланд дода,  таҷрибаи ӯро дар рӯёндани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити имрӯза  манфиатовар арзёбӣ карданд.  
Тибқи иттилоъ, дар шаҳри Бохтар, дар маҷмӯъ, аз ҷониби сокинон дар замини наздиҳавлигӣ дар майдони қариб 70 гектар гармхонаҳо таъсис ёфтаанд. Баъди ҷамъоварии ҳосили   фаровон  бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад. 
Зимни суҳбати самимӣ бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Фурқат Қосимов таъкид дошт, ки ӯ  аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2 – 3 ҳосили сабзавот мерӯёнад ва  аз ин ҳисоб  ҳар сол аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, бо аҳли хонаводаи  Фурқат Қосимов сари дастархон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд. 
Саҳни ҳавлии ин оилаи меҳнатқаринро гулҳои шукуфони гуногун зебу зинат бахшидаанд, ки ин аз завқи зебоипарастии хонавода дарак медиҳад.  Ба андешаи Сарвари давлат, дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро  ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал, талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрока қонеъ сохта, ба ин васила, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузорад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои истифодаи оқилонаву самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ба аҳли оилаи Фурқат Қосимов туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла 200 номгӯи асар ва китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро тақдим карданд. 
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ “ИСМОИЛ” ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ 
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири маркази ташхисию табобатии “Исмоил”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни муаррифии марказ, ки аз 4 ошёна иборат аст, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоотро ҶДММ “Ғолибҷон Холов” бунёд кард.
Дар ошёнаи якуми он дорухона ҷойгир буда,  доруҳои гуногуни истеҳсоли ватанӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. 
Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Дар натиҷа, сол ба сол дар мамлакат коркард ва истеҳсоли дорувории ватанӣ ва ивазкунандаи воридот меафзояд. Аз ҷумла, тамоми доруворӣ ва маҳсулоти тиббие, ки дар дорухонаи ин марказ фурӯхта мешаванд, сирф ватанианд.
Дар як қисми дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтааст. Воқеан, табиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон, дар Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазору 500 намуд рустании шифобахш мерӯяд ва барои коркарди онҳо дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Барги зуф, испанд, қоқу, дӯлона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра номгӯи нопурраи гиёҳҳои худрӯи шифобахши кишваранд.
Се ошёнаи болоии марказро утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои табобати дандон, ташхиси амрози занона, озмоишгоҳҳои таҳлили хун, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон дар бар мегирад.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври муосир бунёд ёфта, дар он барои фаъолияти кормандон тамоми шароитҳо фароҳаманд.
Лозим ба зикр аст, ки то мавриди истифода қарор гирифтани марказ, сокинони деҳоти Навобод барои ташхис ва муоинаи баъзе бемориҳо ба маркази ноҳия ва вилоят сафар мекарданд. Акнун, дар ин ҷо на танҳо ба сокинони Навобод, балки ба тамоми аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хизматрасонии хубу босифати тиббӣ пешниҳод мешавад.
Ҳангоми сохтмон коргарон аз ҳисоби сокинони ноҳия ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ занони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
Инчунин, дар бино корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаи мазкурро низ ҶДММ “Ғолибҷон Холов” сохта, иқтидори истеҳсолии солонааш зиёда аз 1 миллион баста докаи тиббӣ мебошад. Маҳсулот ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯст.
Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулот дар дорухона ва дигар нуқтаҳои фурӯши дорувории ҷумҳурӣ ба савдо бароварда мешаванд.
Роҳбарияти ҷамъият нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти коргоҳро васеъ карда, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти тиббиву дорувориро ба роҳ монанд.
Зимни шиносоӣ бо иншооти тозабунёд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони деҳаи Наврӯзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шоистаи таҳсин хонданд. Роҳбари давлат зикр намуданд, ки чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти ҷумҳурӣ имкон медиҳанд, то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ва бо дастовардҳои бузург таҷлил гардад.
Ҳамчунин, дар шафати маркази саломатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиши болопӯшидаро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бегмурод Холов сохта шуда, масоҳаташ ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Майдончаи варзиш дорои нишастгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, дар самти пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуб мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имконияти мусоид васеъ истифода намоянд ва дар рушди ҳамаи намуди варзиш, аз ҷумла футбол, саҳм гузоранд.
 
ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ТИҶОРАТИИ “НАВРӮЗ” 
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфт. Сохтмони иншоот, ки масоҳаташ 2 ҳазору 112 метри мураббаъро дар бар мегирад, соли 2019 оғоз гашта буд. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат аст.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳия оилаи Абдуллозодаҳо бунёд шуда, зимни сохтмон 70 нафар ба кор ҷалб гардид. Дар бунёди маҷмаа, асосан, маҳсулоти ватанӣ истифода шуд.
Дар ошёнаи якум, асосан, хӯроквориҳоро ба фурӯш гузоштаанд. Толори намоиш ва фурӯши сарулибосу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар ошёнаи 2-юм ҷойгир мебошад.   
Дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ қарор дорад. Корхонаи мазкур бо беш аз 200 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхтани сарулибос муҷаҳҳаз буда, дар он беш аз 200 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд.
Аксари кормандони он қаблан хонашин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав, акнун, занону ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Наврӯз корро дар шароити беҳтар ба роҳ хоҳанд монд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, нафароне, ки соҳибкасб нестанд, ба курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ фаро гирифта шуда, баъдан, бо ҷойи кор таъмин мегарданд.   
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ободонии як гӯшаи диёр шоистаи таҳсин хонданд. 
Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир буда, дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинондаанд. Иншооти нав ба симои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфт, зебоии дигар зам кард.
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МЕҲМОНХОНА 
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона оғози расмӣ бахшиданд.
Сохтмони иншоот соли 2018 шурӯъ гардида, бо тамоми талаботи меъморию шаҳрсозии муосир аз ҷониби соҳибкори ҷавон Нурулло Ҳакимзода бунёд ёфт.
Бино дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар қабати якум мағозаҳои хӯрокворӣ, гулфурӯшӣ, масолеҳи сохтмонӣ, толори арӯсӣ, қаҳвахона, нуқтаи таъмиру шустушӯи нақлиёт ҷойгиранд, ошёнаи дуюм бошад, тарабхона ва меҳмонхонаро дар бар мегирад.
Тарабхонаи “Замира” аз 150 ҷойи нишаст иборат буда, меҳмонхона барои 25 нафар пешбинӣ мешавад. Бо бунёди маркази бисёрсамтаи “Замира”, дар маҷмӯъ, 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гашт.
Намои берунаи бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни ноҳия зебоии тоза зам намуд. Гирду атрофи иншоот бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ зинат дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯшу чароғон гардидаанд. Ҳамчунин, барои мизоҷон дар саҳни бино 2 суҳбаткадаи муосир бунёд ёфт. 
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои хизмати содиқонаю софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба фаъолият пардохтани маркази мазкур ҷиҳати татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи туризм замина гузошта, ҳамчунин, барои бо кор таъмин намудани ашхоси бешуғл мусоидат менамояд.        
Тибқи иттилоъ, корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ боз садҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
 
БОЗДИД АЗ ГАРМХОНАИ ХОҶАГИИ БА НОМИ САФАР ҶУМЪАЕВ
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамчунин, аз фаъолияти гармхонаи навтаъсиси хоҷагии тиҷоратии ба номи Сафар Ҷумъаев дидан карданд.
Иттилоъ доданд, ки корҳои васлу насб ва ташкили гармхона соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Иншоот дар майдони 30 садяк замин доман густурда, аз 3 гармхона иборат мебошад.
Гармхонаҳо дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат ташкил гардида, дар онҳо анвои гуногуни зироат парвариш мешаванд. Айни замон дар гармхонаҳо нигоҳубин ва парвариши помидору бодиринг ва қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шуда, нашъунамои хуб доранд.
Дар гармхонаҳои доимамалкунанда парвариши сабзавоту тухмиҳо тариқи органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ, ҷараён дошта, баҳри ин 20 нафар ба кор ҷалб гардид. Ба иттилои мутахассисон, марҳилаи пухта расидани маҳсулот аз 36 то 45 рӯзро дар бар мегирад. Бо истифода аз чунин имконот ва қоидаҳои муосири агротехникӣ, дар назар аст, ки аз ҳар як гармхона дар як сол бештар аз 50 тонна маҳсулот рӯёнда шавад.   
Мавриди қайд аст, ки хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев аз соли 1961 инҷониб фаъолият дошта, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ калонтарин ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияти он чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ мебошад. 
Дар тавозуни хоҷагӣ 1974 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, ҳар сол дар 1200 гектари он пахта, 245 гектар зироатҳои хӯроки чорво, 200 гектар ғалладонагиҳо, 26 гектар картошка, 40 гектар полизӣ кишт мешавад ва ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меояд. Дар баробари ин, 150 гектарашро боғ ташкил медиҳад.
Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев ҳамчун хоҷагии тиҷоратӣ, дар баробари он ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб дорад, ҳамзамон, маҳсулоти он, аз қабили меваю сабзавот, ба хориҷа содирот мегардад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагӣ чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт низ натиҷаҳо назаррасанд. Зотпарварони он дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ҳиссаи муносиб дошта, ҳамасола то 25 тонна гӯшт ва 30 тонна шир истеҳсол менамоянд.
Аснои шиносоӣ, Пешвои муаззами миллат ба деҳқонон барои дастгирии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён дошта, масъулонро ҷиҳати боз ҳам афзудани майдони заминҳои корами обӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида вазифадор намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаю таҷҳизоти кории кишоварзони ноҳия дидан карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, танҳо дар ду моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 19 миллиону 114,7 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, кишоварзони ноҳия дар ин давра дар майдони 3273 гектар зироатҳои гуногун киштанд, ки нисбат ба моҳҳои аввали соли 2020 - ум 480 гектар бештар аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти деҳқонӣ ва техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, ба заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати дастгирии ҳамешагии муроҷиатномаи Президенти кишвар оид ба истифодаи оқилонаи замин, изҳори сипос карда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам рушди соҳа ва ташкили гармхонаҳои наву муосири доимамалкунанда дастуру супоришҳо доданд.
Дар навбати худ, деҳқонони ноҳия ваъда доданд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро мегузоранд.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТИ ҶДММ “МОҲИР СЕМЕНТ” 
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир семент”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад.
Сохтмони иншоот соли 2018 шурӯъ гашта, бо истифода аз муосиртарин техникаву таҷҳизоти корӣ ва хатҳои истеҳсолӣ дар масоҳати 6,7 гектар бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ шуд. Айни замон дар коргоҳ ду навъи семент – М400 ва М500 бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад.
Зимни истеҳсол, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ зоҳир мегардад ва санҷиши он дар чор марҳила анҷом меёбад. Барои муайянсозии таркиб ва сифати сементи истеҳсолгардида, таҷҳизоти муосири лабораторӣ хариду насб шудааст.
Корхона аз лиҳози логистикӣ низ дар мавзеи мувофиқ ҷойгир буда, аз он то сарҳад роҳ хеле наздик аст. Хатти роҳи оҳан низ то ба корхонаи “Моҳир семент” бунёд гардид. Қисми бештари сементи истеҳсолшуда ба Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешавад.
Барои шиносоӣ бо маҳсулоти ниҳоӣ ва хариди он, корхона толори фурӯш дошта, барои мизоҷон хизматрасонӣ тариқи корт роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои масъулон, дастгоҳҳои коргоҳ насли нави техникаи соҳавӣ буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудаанд. Таҷҳизоти мазкур сифати баланди маҳсулоти ниҳоиро таъмин намуда, ҳамчунин, ҳаворо аз олудашавӣ нигоҳ медоранд ва чангу ғубореро, ки ҳангоми истеҳсолот ба вуҷуд меоянд, дубора коркард  менамоянд. 
Ифтитоҳи корхонаи сементбарории “Моҳир семент” идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат буда,  феълан, он аз азимтарин корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор меравад. “Моҳир семент” дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар маҷмӯъ, то таҷлили ин санаи фархунда дар ноҳия ба истифода додани 14 иншооти саноатӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, ба ободонии гирду атрофи корхона таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар саҳни он гулу буттаҳои ороишӣ парвариш мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки барои рақобатпазирии маҳсулот назорати сифатро ҳамаҷониба роҳандозӣ намуда, истеҳсолу содироти онро марҳила ба марҳила афзоянд.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ “САНАВБАР” 
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароит ва имконоти боғчаи нав шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён суҳбати самимӣ доир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассиса дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мувофиқи талаботи байналмилалӣ мебошад.
Сохтмони иншоот бо ҷалби ҳунармандони соҳибзавқ анҷом ёфта, дохили боғча бо санъати баланди меъмории миллӣ, ки мутобиқ ба завқу салиқаи кӯдакон мебошад, оро дода шудааст.
Боғчаи “Санавбар” дуошёна буда, имкон дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Тавре маълум гашт, омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ сурат гирифта,  мураббиёнро дар асоси озмун ба кор гирифтанд. Дар иншооти нави соҳаи маориф 32 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.
Муассиса дорои утоқи алоҳидаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва толори фарҳангӣ буда, дар маҷмӯъ, 22 ҳуҷра дорад. Айни замон дар боғча ҳашт гурӯҳ  таъсис ёфта, ифтитоҳи иншооти нав дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷое мушкилоти сокинони маркази ноҳияро дар самти дастрасӣ ба муассисаи томактабӣ ҳал намуд.
Мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд ва фароҳам сохтани шароиту имконоти замонавӣ миннатдорӣ карданд.
Дар муассиса барои таълиму тарбияи кӯдакон имконияти мусоид муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити муосир фароҳам аст. Аз ҷумла, гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои замонавӣ таъминанду  утоқҳо мувофиқи хоҳишу завқи кӯдакон оро ёфтаанд. 
 
АЁДАТИ ФАРЗАНДОНИ ПАДАР ВА ПАЙВАНДОН 
25 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз фурсати муносиб, бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонашон омаданд.
Фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо хонданд.
Сари дастархон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургашон суҳбати самимӣ намуда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод сохтани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек карданд.
Инсондӯстӣ, эҳтирому қадршиносии фарзандони падар ва пайвандон, огоҳ шудан аз аҳвол ва шароити зиндагии онҳо аз хислатҳои бузург ва шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Зимни ҳар як мулоқот бо сокинони мамлакат Пешвои миллат дар бораи дӯст доштани бародарону хоҳарон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва ба онҳо содиқона хизмат намуданро ҳамеша талқин менамоянд.
Дар Тоҷикистон инсон ва шарафи он дар ҷои аввал меистад. Меҳру муҳаббат ва эҳтирому эътиқод нисбат ба авлод боиси сарҷамъии хонадон, рафоқати онҳо ва, дар маҷмӯъ, боиси муттаҳидии аҳли ҷомеа мегардад.
 
ИФТИТОҲИ ЧОЙХОНА ВА ТАРАБХОНАИ МИЛЛИИ “ШАМСУЛЛО” 
25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳия Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо бунёди иншооти маишӣ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд. Дар рафти эъмори он бошад, 500 сохтмончӣ соҳиби кор гашта буд.
Бино дуошёна буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ давоми 1 сол бунёд ёфта, дари даромадгоҳи он бо чӯб кандакорӣ, беруни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ гаҷкорию оинабандӣ шудааст.
Саҳни ҳавлии чойхонаи миллӣ бо сафолакҳои бетонии ороишӣ рӯйпӯш мебошад. Инчунин, дар гирду атрофи бино барои сокинон ҷои сайругашт ва тамошо, бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ду тарафи роҳравҳо бо гулу буттаҳои ороишӣ, бунёд гардид.
Дар паҳлуи бинои чойхона ва тарабхона, ҳамчунин, ҳуҷраҳои иловагӣ ҷойгиранд ва имкон аст дар ин ҷо боз ба даҳҳо нафар мизоҷон хизмат расонда шавад.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) қомат афрохт.
Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорад, ки то ҷашни фархунда меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-ро, ки аз чор ошёна иборат хоҳад буд, ба истифода диҳад.
Пас аз шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат ба иқдоми сокинони ватандӯсти ноҳия баҳои баланд доданд.
Баъди ифтитоҳи иншооти наву муосир ва шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия, дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони вилояти Хатлон вохӯрӣ карда, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои наврӯзии иборат аз сарулибос, ширинӣ ва кумакпулӣ тақдим намуданд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва ятимпарварӣ ба аёдати ятимон рафта, аз шароити будубоши онҳо дар хона-интернатҳо шинос мешаванд ва чун анъанаи накуи баҳорӣ кумакҳои моддӣ мерасонанд.
Дар мулоқоти имрӯза 150 ятим аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон ва Носири Хусрав аз кумакҳои Пешвои миллат баҳравар гардиданд.
 
БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ БОҒИ НАМУНАВИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САИДОН”
26 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳолҳои ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон” - и шаҳри Бохтар дидан карданд.
 
Боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки дарахтони боғи намунавӣ нодиру ороишӣ мебошанд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешавад.
Дарахтони нодир, ки гули сафед доранд, асосан аз Аврупо, аз ҷумла аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд. Дарахтони нодири ороишӣ дар хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон” ба иқлим ва шароити хоки Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, сипас дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат шинонда мешаванд.
Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарахтони нодир ба ниҳоли себ пайванд карда шуда, гули сафеди диққатҷалбкунанда доранд, ки дар ҳолати хуб нашъунамо ёфтан, ба боғҳои истироҳатӣ ва кӯчаву хиёбонҳо зебоию таровати нотакрор зам менамоянд.
Дар хоҷагӣ усулҳои муосири инноватсионӣ, ба монанди системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ба ин восита оби полизӣ сарфа мешавад. Истифодаи чунин таҷрибаи босамар дар оянда ҷиҳати таъмини сабзиши ниҳолҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ ба навъҳои дарахтон, ки ҳоло нашъунамои хуб доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбарияти хоҷагии ниҳолпарварӣ бо олимони соҳаи кишоварзии хориҷи мамлакат ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар самти воридоту парвариши дарахтони нодир ва мутобиқ гардондани ниҳолҳо ба иқлими ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Хоҷагидорон ба масъалаи босамар истифода бурдани ҳар қитъа замини корам эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар байни қаторҳои дарахтон қулфинай ва дигар навъи зироати полизӣ кишт кардаанд.
Дар хоҷагӣ, ҳамзамон, дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ, ба монанди арча, аризон, туя ва ел низ парвариш гардида, ҳоло бештар аз 3000 бех шинонда шудаанд ва дар оянда ба 20 ҳазор бех расонда хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки шароит ва обу ҳавои мусоиди вилояти Хатлон барои бунёди боғ ва парвариши дарахтони нодир мувофиқ буда, дар хоҷагӣ ба масъалаи мутобиқсозии ниҳолҳо таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон” барои кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва гирифтани зиёда аз се ҳосил аз чанд намуди зироат дар қаторҳои аввал помидору бодиринг ва дар қисми боло қулфинай шинонда шудааст, ки рӯзҳои наздик пухта мерасад.
Дар гармхона асосан бодиринги навъи серҳосил ва ду намуди қулфинай, аз ҷумла «Фестивал» ва калифорнӣ ба таври таҷрибавӣ кишт шудаанд. Ин навъҳо аллакай ба иқлим мутобиқанд. Болопӯши гармхонаи замонавӣ дар ҳолати аз 40 дараҷа зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ба таври автоматӣ кушода ва пӯшида мешавад. Дар гармхонаи дуюм парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст, ки хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд. Асоси ба даст овардани ҳосили баланд аз гармхонаҳо, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва сари вақт додани ғизои органикӣ арзёбӣ мешавад. Айни замон қулфинай ва бодиринг дар гармхонаҳо ғарқи ҳосил буда, рӯзҳои наздик ҷамъоварӣ ва барои фаровонии дастархони мардум ба бозорҳо бароварда мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 995
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед