logo

сиёсат

Иштироки Пешвои миллат дар чорабинии сатҳи баланд – “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”

18 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд – “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмаи умумии СММ аз 18 марти соли 2018 таҳти унвони “Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” доир шуд.
Мавзӯи ҳамоиш “Густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва суръат бахшидани амалҳои мушаххас ҷиҳати расидан ба ҳадафу мақсадҳои Рӯзномаи 2030-и марбут ба масъалаҳои об ва Ҳадафҳои рушди устувор” мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин ходимони давлатӣ буданд, ки дар ин ҷаласаи сатҳи баланд оид ба аҳамият ва ҳадафҳои эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат мекунанд, суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо назардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири ҳамагирии COVID – 19, ин масъала аҳамияти хоса касб кардааст.
Дар чорабинии “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, ҳамчунин, раиси Маҷмаи умумии СММ Волкан Бозкир, муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад, президенти Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодии СММ Мунир Акрам, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте, раиси абзори “СММ ва об” Жилбер Унгбо ва дигар коршиносони сатҳи байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 508
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед