logo

ҳуқуқ

НАФРАТИ ХАЛҚ БА ХОИНОНИ ВАТАН

Яке аз ҳикматҳои писандидаву омӯзандаи ниёгони мо талқини омурзиш ва афви гуноҳ аст. Дар сарчашмаҳои қадим омадааст, ки ҳар сол дар айёми Наврӯз шоҳони Аҷам дари зиндонҳоро боз карда, ба асирон озодӣ мебахшиданд. Агар ба таърихи аҷдоди худ бо чашми ибратбин назар андозем, мебинем, ки бузургтарин подшоҳону императорон ҳамин оини ниёгонро идома додаанд. 
Чунин таҷрибаи ниёгонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 аз минбари Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор бурда, ба ҷониби намояндагони тамоми тарафҳои манфиатхоҳ оғӯши бародарона кушода, роҳи афву бахшоиш ва сулҳу дӯстиро ҳамвор сохта буданд. Аз ин таърих то имрӯз Президенти кишвар беш аз 15 маротиба ба қонунҳо доир ба афв имзо гузошта, 25 октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ҳазор маҳбусро озодӣ бахшиданд. Табиист, ки ин тасмимҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаро шахси некбин ва соҳиби имони комил рӯйи кор оварда метавонад. Барои бахшидани гуноҳи муҷримон дили бузург ва ҳиммату ҷавонмардӣ лозим аст. Дар дунё одамоне ҳастанд, ки фарзандон ё пайвандони худро бахшида наметавонанд.
Аз ин рӯ, агар мо гӯем, ки Пешвои маҳбуби миллати мо бо таъмини сулҳу амният дар мамлакат як формула ё модели сулҳро ба вуҷуд оварданд, дар мавриди афви маҳбусон ва бахшидани аъмоли нафароне, ки бо забону қавл тавбаву узрхоҳӣ карда ба Ватан баргаштаанд, боз як бинои устувори институти ҷудогонаи гуманизмро низ асос гузоштанд. 
Мо, китобдорон, аз он ифтихормандем, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҷашну иди касбӣ шарафёб гардидем ва ҳамасола 4 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб ба тантанаи шукӯҳманди ходимони китобхонаҳо, китобдорону китобшиносон табдил ёфтааст. Ҳам дар пойтахт ва ҳам дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ба даст овардани маълумоти олии касбӣ барои китобдорони оянда факултету шуъбаҳои китобшиносӣ амал мекунанд. Ба василаи озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишрҳои ҷомеа ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб гардида, оммавигардонии мутолиаи китоб ва фарҳанги китобдорӣ бамаротиб рушд мекунад. 
Таҳти сарварии одилонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфузи хосса пайдо кардааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа шароити хуби зиндагӣ, таҳсил ва кору фаъолиятро фароҳам овардааст. Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки ба қадри истиқлолият, ваҳдат, сулҳ ва дигар арзишҳои олии умумимиллӣ расида, онҳоро ҳифз намояд. Зеро дар канори ҳамаи муваффақиятҳои рӯзафзун неруҳое ҳам ҳастанд, ки ҳадафҳои иртиҷоӣ дошта, теша ба решаи халқу миллат ва давлат задан мехоҳанд. Аз ин қабил ташкилотҳои ифротгаро ҳизби наҳзати исломӣ ба шумор меравад, ки дар кишварҳои аврупоӣ пушту паноҳи сиёсӣ ёфта, бо ҳар роҳу восита, бо дастгирии ҳамешагии  хоҷагони хориҷӣ мехоҳанд, ки вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакатро ноором созанд.
Саркардаи хоинони Ватан М. Кабирӣ ва дигар ташнагони ҷангу хун худро ҳомию пуштибони сарзамини аҷдодӣ вонамуд сохта, бо ташкили гурӯҳҳо, шабакаҳо, маҳфилҳо, каналҳои ҷудогона дар интернет, видеову роликҳо алайҳи манофеи давлату миллат дасиса эҷод мекунанд. Мақсади асосии онҳо қудратталабӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. То судури хиёнати такрорӣ дар Тоҷикистон дар либоси дини мубини ислом ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ таъсис дода, ба садҳо амали ноҷавонмардона даст заданд. Ҳоло дар Аврупо «ҷомаи рангини демократия» ба бар карда, шабу рӯз пайи халалдор кардани фазои орому осоиштаи Ватани аҷдодии хеш ҳастанд. Онҳо аз ҳар даричаву равзана ба муқобили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баромада, гоҳо аз содагиву зудбоварии баъзе аз наврасону ҷавонон ё ашхоси беирода истифода менамоянд.
Ба андешаи мо, китобдорон, бояд мардуми тоҷик аз муҳтавои маърӯзаву гузоришҳо ва парешонгӯиҳои раҳбарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони худхондаи “Паймони миллии Тоҷикистон” чанд маънии мушаххас бардоранд ва ба ҳадафҳои нопоки онҳо ҳушмандонаву зиракона муносибат намоянд. Мароми нопоки ин гурӯҳ ба чунин омилҳо сахт бастагӣ дорад: 
 
1. Ин гурӯҳҳо мақсад доранд, «ормону орзуҳо»-и дар солҳои 90-уми асри ХХ татбиқнагардидаи худро амалӣ созанд.
2. Раҳгумзадагони Ватан ҳанӯз аз таъсири хоҷагони хориҷии худ берун намондаанд ва ё аз дастгоҳи идории онҳо раҳо наёфтаанд. Яъне байни  бадхоҳони ватанӣ ва хориҷӣ ҳамон пайвандҳои дар солҳои наҳси 90-уми асри гузашта барқароршуда канда нашуда, бо шаклу шеваҳои нав амал мекунад. Мисоли он интиқоли осони маблағ бо воситаи интернет ва аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ идора кардани фиребхӯрдагон мебошад.
3. Ифротгароии диниро бо як шохаи демократияи пиру фартути ғарбӣ омезиш дода, дар либоси нав даъвои ҳақиқату сиёсат кардани террористони наҳзатӣ ва ҷавонони бепаймон.
4. Бо ташкили сомонаҳо, роҳҳову каналҳо дар дохили шабакаҳои иҷтимоии сернуфус ва дигар василаҳои иттилоотии электронӣ мағзшӯии як гурӯҳ наврасону ҷавонони бегуноҳу камтаҷриба, ки ҳодисаҳои нангини ҷанги шаҳрвандиро надидаанд.
5. Аз холигоҳи андеша ва озодии шаҳрвандони берун аз кишвар истифода бурда, дар ҳолатҳои гуногун аз чанд нафар шахсе, ки солҳо ба зодгоҳаш барнагаштааст ва ё шаҳрвандиву мақоми сукунатро дар кишварҳои дигар гирифтааст, мусоҳибаҳои иғвоангез меороянд. Дар бисёр маврид суҳбату наворҳояшон ягон зарра ба талаботи низоми демократӣ, матбуоти озод, ахлоқи инсонӣ, шарму ҳаё ва иффати тоҷикона мувофиқу муносиб нест. Раҳгумзадагон аз содагӣ ва ё заъфи иҷтимоии чанд нафаре истифода бурда, бо як шеваи  номатлуб навореро сабт карда, бо ҳақорату дашном ва ҳарфҳои муғризона дар сомонаҳо мегузоранд. Онҳо хаёл мекунанд, ки бо ҳамин кӯшишу ҳаракатҳои ноҷою нохалафона шуури кулли ҷомеаро тағйир медиҳанд.
6. Боз ҳам асоси дасисаву шайтонигариҳои фиребхӯрдагони халқу миллат ҳамон пули ҳароми хоҷагони хориҷист, пуле гӯё аслан тамом намешавад ва аз сияҳоби нафси бадхоҳон ба хандақи ифротгароён мерезаду мерезад. 
Ҳоло моро бисёр зарур аст, ки пеши роҳи ифротгароиву таблиғоти ин хатокоронро бигирем ва нагузорем, ки ягон фарзанди халқ ба ин вартаи ҳалокат афтад. Имрӯз халқи мо аз мазмуну моҳияти терроризм, экстремизм ва радикализм бохабар буда, ва дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти ғаразнок омодаву пойдор ва устувор аст. 
Як чизро вобаста ба мазмуни оғози мақолаамон таъкид карданием, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафаре, ки ба доми фиреби ифротгароён афтода, аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ ва ба Ватан бармегардад, афв мешавад. Аз ин рӯ, бовар дорем, ки ҳамаи он ҷавонони фирефташуда ба худ меоянду роҳи дурустро интихоб мекунанд, то зиндагии осудаи худ ва дигаронро халалдор насозанд.
Ҳамаи китобдорони кишвар, аз ҷумла китобдорону китобшиносони вилояти Суғд ҳамчун зиёиёни асил ба ифротгароёни ба аҷнабиён фурӯхташуда мегӯем, ки мо халқи шукргузорем, ба қадри сулҳу ваҳдат, ободиву шукуфоии диёр мерасем ва хоки онро тӯтиёи дидаи худ менамоем. Халқи тоҷик ва кулли сокинони хуштолеи Ватан сипосгузори меҳнатҳои созандаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сокинони сарбаланди сарзамини соҳибистиқлоли мо як ҳадаф доранд: Тоҷикистон ба пеш, ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ ва рӯзгори ободу зиндагии шоиста!
 
Китобдорони вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 1693
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед