logo

Хабарҳо

ФУТБОЛ

ФФТ ва АФУ ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд
Бино ба иттилои ФФТ, дар шаҳри Тошканд мулоқоти кории ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Эрматов бо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода баргузор шуд.
Ҷонибҳо рушд ва оммавигардонии футболро дар ду кишвар баррасӣ намуда, дар бораи ҳамкориҳои доимии федератсияҳои миллӣ ба мувофиқа расиданд.
Ноибони президенти АФУ ва ФФТ, инчунин,  нақшаҳои баргузории бозиҳои дӯстона байни тимҳои гуногуни миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро матраҳ карданд. Зикр гардид, ки ташкили бозиҳои байналмилалӣ ба рушди на танҳо футбол, балки муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
 
ҶОМИ ҶАҲОН – 2021 
Самбочиёни тоҷик маҳорати баланд нишон доданд
Гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо (“Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, шаҳри Москав, 25 – 26 март), ки бо ширкати 150 варзишгар аз 15 кишвар (Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Баҳрайн, Арманистон, Гурҷистон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Сербия, Туркманистон ва Юнон) баргузор шуд, шаш медал (як тилло ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тибқи иттилои Федератсияи самбои кишвар, паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов дар зӯрозмоии финалӣ Ҳомидҷон Муъминовро (Ӯзбекистон) шикаст дода, медали тиллоро ба даст овард. Зимнан, ин дуюмин медали тиллои Хушқадам дар мусобиқаи мазкур мебошад. Вай, қаблан, соли 2015 ғолиб гардида буд. 
Акмалиддин Каримов, Садр Боев (самбои варзишӣ), Меҳрубони Абдулҳақ, Ҷамшед Сафаров ва Фирдавс Мирзоев (ҳама самбои размӣ) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
 
 
БОКС
Тоҷикбача дигарбора камарбандашро ҳимоя намуд
Муҳаммадхӯҷа Яқубов, боксёри номвари тоҷик, дар мусобиқаи фарзияи WBC International Championship барои ҳимояи камарбанди қаҳрамониаш муштзани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Лунги Сайтмелиро мағлуб намуд. 
Ин 17-ум рақобати Муҳаммадхӯҷа дар корномааш буда, то ҳол бохт надорад. 
 
 
ДЗЮДО
Медали Шаҳбози ҷавон аз "Тоскулоҳи бузург"
Бино ба хабари Федератсияи дзюдои кишвар, дар мусобиқаи оид ба дзюдо   – Tbilisi Grand Slam (Тифлис, Гурҷистон, 26 – 28 март) паҳлавони ҷавони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров  сазовори медали биринҷӣ гашт.  
Зимнан, ин сеюмин медал (Сомон Маҳмадбеков (Osaka Grand Slam 2019) ва Беҳрӯзи Хоҷазода (Ekaterinburg Grand Slam 2019) аз мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург» дар таърихи дзюдои Тоҷикистон мебошад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 153
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед