Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Россия ва Венесуэла дар вохӯрии намояндагони комиссияи байниҳукуматии сатҳи олӣ дар Каракас бо иштироки муовини Сарвазири Федератсия Россия Юрий Борисов 12 ҳуҷҷат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонданд.
МИР24. Бонки ҷаҳонӣ дар раванди оштии миллӣ дар Афғонистон ҳамчун созмони байналмилалии донор иштирок хоҳад кард. Чунин тасмим дар конфронси вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки дар Душанбе ба анҷом расид, гирифта шуд.
ТАСС. Аввалин бор дар таърихи Испания 4 вазифаи муовини раиси Ҳукумати кишвар ба уҳдаи занҳо вогузошта шуд.
Известия. Моҳи апрел парвозҳои байналмилалии тайёраҳо миёни шаҳрҳои Россия ва дигар давлатҳо, ба истиснои Туркия ва Британияи Кабир, боз мегарданд. Дар ин хусус 30 март маркази матбуоти Ассотсиатсияи сайёҳии Россия хабар дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 153