logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ДӮСТИ ЖУРНАЛИСТОН

Соле аз солҳои донишҷӯӣ буд. Хабар расид, ки шоми имрӯз дар театри тобистонаи шаҳри Душанбе, воқеъ дар паҳлуи чойхонаи овозадори «Роҳат», бо иштироки устод Мирзо Турсунзода маҳфили адабие баргузор мегардад. Чи навиде буд, ки ҳамаро беқарор кард. Дигар гап – гапи ҳамоиш буд, ҳама дар сар фикри сари вақт он ҷо ҳозир шудану соҳиби ҷойҳои нишаст дар қатори пеш гаштанро дошт. Бегоҳӣ низ фаро расид. Қаторҳо лабрези одам. Интизорӣ тӯл мекашид ба хаёлам. Аммо дар асл чунин набуд. Танҳо умеди дидор бо устод дилро ба ҳаяҷону изтироб меовард, гӯё суҳбати рӯ ба рӯе маро дар пеш бошад. Садои кафкӯбии бардавом. Ҳама аз ҷой бархост. Маълум, ки устод расиданд. Оре, ҳамин тавр ҳам буд. Устод Мирзо Турсунзода пеш – пешу дар паҳлуяш устод, пири шоирони ҷавон Боқӣ Раҳимзода ва боз ду – се нафаре. 
Баъди кафкӯбиҳо онҳо дар курсии паси мизи дарозе нишастанд. Вақте ки устод Мирзо Турсунзода сари сухан кушоданд, нишастагон чунон хомӯш буданд, ки ҳар ҳарфи гӯянда бе мамониат ба самъи шунаванда мерасид ва дар дилаш макон мегирифт. 
Дар солҳои ҳафтодуми асри пеш дар байни ҷавонон баҳс дар бораи аҳамияти фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ мерафт ва мегуфтанд, ки дар замони пештозии технология, дар даврае, ки кайҳон аз тарафи инсон фатҳ мешаваду пайваста ҳамсафарҳои сунъии сайёраи Замин ба фазо мепаранду ситораҳои нав ба нави дурдасттарин кашф мегарданд, физика мавқеи  лирикаро танг менамояд ва шояд рӯзе расад, ки дигар ҷой ба шеъру шоирӣ намонад. Устод Мирзо Турсунзода дар атрофи ҳамин масъала андеша ронда, исбот намуданд, ки то даме инсон дили тапанда дорад, меҳру муҳаббат бошад, шахс Модар, Ватан ва ҳар хору хаси диёрашро дӯст дорад, шоир ба дунё меояд, шеър аз қалби ӯ фаввора мезанад. 
Дар ҳамин вақт устод Боқӣ Раҳимзода низ ба баҳс ҳамроҳ гашта гуфтанд, ки физик агар ошиқ шавад, ба маҳбубааш чӣ сон изҳори муҳаббат менамояд: шеър мехонад ва ё аз қонуни Ниютон ҳарф мезанад. Яъне, то даме, ки ишқ ҳаст, шеъру шоирӣ мемонад ва адабиёт ба мисли инсон ва дунё абадист. Ва баъд риштаи суханро боз устод Мирзо Турсунзода ба даст гирифта гуфтанд:
- Ҳоло Боқиҷон ба шумоён аз овони ҷавонию ошиқиашон нақл хоҳанд кард. 
- Воқеан, барои физикҳои оянда, умуман, дӯстдо-рони илмҳои дақиқ саргузашти ошиқии ман шояд сабақе шавад, - лаб ба сухан кушоданд устод Раҳимзода. – Ҷавон будам, ишқи аввал тану ҷонамро месӯзонд, вале даст ба домони дилбар намерасид. Ҳафтае надидаму ҷон ба лаб омад ва шоме гулдастае харидам ва ба маъвои ишқ қадам ниҳодам. Хонаи маъшуқ дар иҳотаи деворҳои баланд буд. Шаби тобистон хеле кӯтоҳ буду кай мардум ба хоб меравад гӯён интизор шудам ва вақте посе аз шаб гузашт, мисли айёрони шабрав бо заҳмати зиёд болои девор баромадам. Нигаристам. Дар ду тарафи ба ҳам муқобили ҳавлӣ ду кати калон меистод. Болояш одамон масти хоб буданд. Дар яке занҳо дар дигаре мардҳо. Оҳиста – оҳиста ба кат наздик омадам. Сарҳо зери кӯрпа. Кадомаш маъшуқаи ман бошад. Меандешидам. Албатта, ҳамоне, ки рӯяш кӯрпаи атлас аст, ҳатман гули ҳамешабаҳори чамани ман аст.  Ба рӯи болопӯш менигаристаму ёрои даст расондан надоштам. Вақт мегузашт. Ногоҳ ҷеғи хурӯси ҳамсоя сукунати атрофро барҳам зад. Ба хаёлам дар ҳавлӣ ҷунбише ба вуҷуд омад. Аз тарси чун дузди шабрав ба даст наафтодан, дастагулро рӯи болини махмалӣ гузоштаму филфавр бо як ҷаҳиш рӯи девор баромада худро ба кӯча гирифтам. Аранг ба гӯшам садои «ҳай» расид. Вақти кор дилдодаам омад, рӯякаш пур – пури табассум. Гуфт: «Э, намуред Шумо, гулдастаро ба болини модаркалонам гузоштаед. Аҷаб ҳангома шуд». «Чӣ хел фаҳмидед, ки гул аз ман?» «Аз шеъри дохили гулдаста», - гуфт ӯ.  Агар гулу шеър намешуд, мо кай ба орзу мерасидем. Лекин, омӯхтани илмҳои дақиқ дар ин давра барои ояндаи кишвар хеле зарур асту донишҳои гуманитариву техникӣ бояд ҳамқадам бошанд дар ҳаёт. Инсон ду чашм дорад ва илмҳои дақиқу гуманитарӣ ба мисли ҳамин чашмҳо ояндаи бани башарро равшан месозанд.  
Устод Мирзо Турсунзода дар идомаи ҳамоиш гуфтанд:
- Ба наздикӣ шоири достонсарои мо, муаллифи асарҳои машҳури «Мавҷҳои Днепр», «Достони оташ» ва «Сурӯши Сталинград» ном достони мардонагии худро офарид, ки аз он садои рӯҳи ҷовидонаи қаҳрамонони муҳорибаи хунини Сталинград меояд. Ғалаба дар ин ҷабҳа барои пурра торумор кардани фашизми гитлерӣ заминаи асосӣ фароҳам овард. Ҳоло, хушбахтона, муаллифи достон Муъмин Қаноат, ки яке аз шоирони соҳибистеъдоди Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад, ин ҷо ҳузур дорад. Ӯ барои шумо – ҷавонони ҳам лирик ва ҳам физик порчае аз «Сурӯши Сталинград» - ро қироат менамояд. 
Муъмин Қаноат аввал ба тоҷикӣ порае аз достонро азёд хонд, сипас, бо забони русӣ. Тарзе шеър мехонд, ки мо – ҷавонон худро дар набарди Сталинград, байни хоку хун, оташи тӯпу туфанг, ҳаёту марг мепиндоштем. Баъдтар, дар соли 1979 достони «Сурӯши Сталинград» сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардид.
Устод Мирзо Турсунзода вобаста ба достон боз андешаҳои зиёде иброз доштанд ва таъкид намуданд, ки ба мисли қаҳрамонони «Сурӯши Сталинград» Ватанамон – Тоҷикистонро дӯст дорем, бо заҳмати ҳаррӯза дар рушди он саҳм бигирем. Баъд гуфтанд, ки ҳар маҳфили адабӣ бояд бо суруд хотима пазирад. Ҳоло майдон аз Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов. Ин сарояндаи мумтоз бо сурудҳои операвӣ ва ҳам дурдонаҳои халқиву таронаҳои «Шашмақом» хотири ҳозиронро шоду мафтун кард.  
Баъдтар, вақте ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») кор мекардам, бахшида ба 100 – солагии  устод Садриддин Айнӣ Кумитаи тадорукот ташкил ёфт, ки сарварии онро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба уҳда доштанд. Дар чанд ҷаласаи кумита иштирок доштам ва эҳсос намудам, ки устод ба журналистон назари нек доранду ҳамеша аз ҳузури хабарнигорон воқиф мешуданд.  Вобаста ба муносибати устод Мирзо Турсунзода ба журналистону соҳаи журналистика ин ҷо зарур донистем, ки порае аз хотираҳои адиби шинохта, публитсист, сардори шуъбаи адабиёти рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») Мутеулло Наҷмиддиновро, ки дар «Ҷашннома» - нашри махсус бахшида ба 60 – солагии газетаи «Тоҷикистони советӣ» моҳи марти соли 1985 чоп шудааст, иқтибос биорем. Адиб Мутеулло Наҷмиддинов дар мақолаашон «Мирзо – дӯсти журналистон» навиштаанд:    
«Шоири шодравон Мирзо Турсунзода хуб медонист ва дар мавқеъ мегуфт: «Ҳамаи нависандагони маъруфи имрӯзаи мо дар ибтидо журналист буданду имрӯз ҳам журналист ҳастан». Шоири халқ газетаи «Тоҷикистони советӣ», ходимони он ва, умуман, журналистонро сидқан дӯст медошт. Дар бораи навиштаҳои онҳо дилсӯзона сухан меронд. Шеърҳо ва дигар асарҳои дар жанрҳои хурд чопкунонидаи хоҳ журналист, хоҳ нависандаи навмашқу навқаламро санҷидакорона аз назар гузаронда, маслиҳатҳо медод.
Бори аввал, охири солҳои 50-ум бо номи «Шаби чӯпони куҳансол» очерке навишта дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» чоп кунонда будам. Рӯзи дигар ба кабинети котиби масъул даромадам, ки дар пешгоҳ муҳаррирамон А. Шукӯҳӣ ва аз паҳлу Мирзо Турсунзода, ҳар ду суҳбат доштанд. Аз ин вохӯрии ногаҳон дар хиҷолат монда хостам зуд қафо гардам, ки Шукӯҳӣ гуфтанд:
- Ана худашон омаданд, номашро гиру гӯшашро дор.
Аз шӯхии онҳо рӯҳ гирифта, дар дами дар рост истодам.
- Муаллифи очерк ҳамин кас,- шиносо карданд боз.
- Бо ин очерк Шумо чӯпонро ҳамчун «қаҳрамон» ба адабиёт дохил кардед. Дараи хушманзараи Лучоб ва заҳмати чӯпонро дар шаби аввали зимистон ман дар очерки Шумо дидам. Очеркро хондаму аз ҷоям зуд бархоста омадам, ки ин гапро ба Шукӯҳӣ ва ба Шумо гӯям. Ин корро давом додан даркор,- гуфтанд он кас.
Ин як лаҳзаи вохӯрӣ ва панди муфиди Мирзо Турсунзодаро ман на бо ягон ғараз, балки барои он ба ёд овардам, ки шоир дар дили меҳрпарвараш нисбат ба журналистону нависандагони ҷавон чӣ гуна ҳисси ғамхорӣ дошт, хотиррасон шавад.
Даҳ сол пеш, вақте ки 50 - солагии газетаи «Тоҷикистони советӣ» ҷашн гирифта мешуд, Мирзо Турсунзода дар аксари чорабиниҳои он фаъолона иштирок мекарданд. Рафиқоне, ки он вақт аз суҳбатҳои гарму самимонаи шоири дӯстдоштаашон баҳравар шудаанд, дар ин бора бо камоли ифтихор ва қаноатмандӣ сухан мегӯянд.
Хотиррасон  бояд  кард, ки Меҳрубон Назаров (дар аввали солҳои панҷоҳум мухбири махсуси «Тоҷикистони советӣ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар рӯзҳои ҷашни 50 - солагии газета вазири маданият, ҳоло ректори Институти санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дар он шабнишинии ҷашнии коллективи редаксия иштирок дошт, нақл мекунад, ки дар ҷамъомади оншаба намояндагони беҳтарини интелигенсия, пешқадамони истеҳсолот ҳозир буданд. Мирзо Турсунзода дар паси мизи идона менишасту бо табассуми гарм ба аҳли маҷлис ба ҳурмату ифтихор менигарист. Ҳама интизори он буданд, ки ҳоло суҳбати маҷлиси ҷашнӣ оғоз ёфта, аввало Мирзо Турсунзода сухан мекунанд. Вақте ки ҳама ба ҷойҳои худ нишаста, оромтар шуданд, Мирзо Турсунзода аз ҷой бархоста, гӯё ҳамаро боз як бор аз назар гузаронду баъд ҷониби садри маҷлис нигариста, дар чӣ хусусе маслиҳат кард ва ниҳоят ба нишастагон рӯ овард:
- Ҷашни имрӯза барои ҳамаи мо ҷашни фирӯзӣ, саодатмандӣ, иди калон аст, - ҳамин тавр сухан оғоз кард ӯ. Чашми ҳама дар рӯи шоир. Давоми суханашро бо эҳтироми том шунида, дар дилу шуур ҷо доданӣ буданд. - Лекин ман дар хусуси ду ҷиҳати бароям хурсандибахши ин ҷамъомади ҷашнӣ гуфтанӣ ҳастам. Аввал ин ки ҷашн дар соҳили дарёи Қаратоғ барпо гардид, ки ин ҷо зодгоҳи ман аст. Дар ин ҷо нишаста кӯдакии худро ба ёд меоварам. Оре, магар касеро пайдо карда метавонед,  ки лаҳзаҳои талху ширини кӯдакии ҳаёти худро ба ёд наоварда бошад? Ман оби сарди ин дарёро нӯшида, дар регу сангҳои тафсони соҳилҳояш афтидаю бархоста, ба туфайли ин замин, ба туфайли партави идеяҳои Ленин Мирзо Турсунзода шудаам.
Газетаи «Тоҷикистони советӣ» на танҳо дар таърихи матбуот, балки дар таърихи маданияти сотсиалистии халқи тоҷик чинори бузурге аст, ки дар атрофу акноф ва зери болу решаҳои бешумори тавонои он дигар намудҳо ва жанрҳои маданияти маънавии мо: адабиёт, санъат, матбуот, маориф, илм ва тарзи нави зиндагӣ ба вуҷуд омада,  равнақ ёфтаанд.
Дар солҳои 20-30-юм «Тоҷикистони советӣ» машъали дурахшоне буд, ки ба гӯшаҳои дуртарин ва ториктарини республикаи мо нури маърифат паҳн мекард, маданияти нав ҷорӣ менамуд.
Мо, ташналабони маданияти нав, ба воситаи газета бо маданияти пешқадами рус ва халқҳои дигари советӣ ошно гашта, ғизои маънавӣ мегирифтем, ташнагӣ мешикастем. Мо бо камоли ифтихор газетаи «Тоҷикистони советӣ»-ро муаллим, роҳбар, раҳнамо, маслиҳатгари худ медонем.
Имрӯз ман ҳамаи шумоёнро табрик гуфта, ба ходимон ва фаъолони он дар иҷрои вазифаи бузурги таблиғу ташвиқи идеяҳои олитарини инсонӣ, комёбӣ ва авҷу барор мехоҳам.
Ба ҳамин тариқ, Мирзо Турсунзода дӯсти қадрдони журналистон буд. Аксарияти  ходимони имрӯзаи «Тоҷикистони советӣ» панди устодро шунида, ба гӯш гирифтаанд ва ният доранд, ки қобилият ва истеъдоди худро ба хизмати халқ ба кор баранд, чунонки шоири халқ карда буд».
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2021    №: 67    Мутолиа карданд: 177
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед