Хабарҳо
МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ
Субҳи 1 апрели соли равон маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм фазои идона дошта, дар назди қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар майдони қисми ҳарбӣ 351 даъватшаванда аз минтақаи Рашт, аз ҷумла аз ноҳияи Рашт - 122, Лахш - 64, Тоҷикобод - 53, Нуробод - 83 ва Сангвор 29 нафар ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардид, ки дар натиҷа ноҳияҳои номбурда маъракаи даъвати баҳориро дар як рӯз пурра анҷом доданд.
Комиcсари ҳарбии ноҳияи Рашт Мирзо Абдураҳмонзода зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки дар натиҷаи тарбияи дурусти ҷавонон ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон масъулият ҳис намуда, сари вақт ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баҳри ҳифзи Ватан дар рӯзи якуми даъват бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Онҳо дар қисмҳои низомии мамлакат ба хотири ҳимояи марзу буми ватани аҷдодиамон хизмат мекунанд.
Дар чорабинӣ ба 62 наваскар, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа»- ро хатм намуда буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуданд.
Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, аз ҷумла иброз дошт: “Ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихӣ, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он зарур аст. Манфиат, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо мафҳуми Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд. Аз ин рӯ, таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад ва мо - падару модарон вазифадорем, ки дар таъмини амнияти Ватани маҳбубамон саҳми худро гузорем. Зеро осоиштагии мардум маҳз аз натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бармеояд”.
Дар анҷом сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ намоиши машқҳои ҳарбиро ба роҳ монда, дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳангии ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирон намуданд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 144