logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як силсила иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ шудаанд.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН
7 апрел дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муқаддас Қодирова бунёд ёфта, дар ин ҷо бо васлу насби хатҳои муосири технологӣ истеҳсоли халтаҳои гуногуни полиэтиленӣ ба роҳ монда шудааст ва тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замонавӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар корхона бештар аз 15 намуди халтаҳои полиэтилении ҳаҷму андозаашон гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ наздики 12 тонна ашёи хом мавриди коркард қарор мегирад.
Иқтидори истеҳсолии ҶДММ “Файзи Бӯстон” дар як шабонарӯз ба 175 ҳазор ва дар як моҳ ба 5 миллиону 250 ҳазор дона халтаи полиэтиленӣ баробар аст.
Дар корхона, ҳамзамон, дар як шабонарӯз 11 ҳазор метри тӯлонӣ пардаи полиэтиленӣ барои маводи хӯрокворӣ истеҳсол мешавад, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мегардид.
Дар “Файзи Бӯстон”, ки дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ -  саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи шоиста аз 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Аз рӯи маълумоти муассиси корхона дар натиҷаи зиёд шудани талаботи бозор ба халтаҳои полиэтиленӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаву коргоҳҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда иқтидори содиротии мамлакатро ҳам афзоиш бахшид. Талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ хеле зиёд аст. Бо ин мақсад, роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки оянда халтаҳои полиэтилениро ба як қатор кишварҳои минтақа содирот намояд.
Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, халтаҳои полиэтиленӣ бо тарҳу намуди хос истеҳсол мешаванд, ки, асосан, дар бозору марказҳои савдо, мағозаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳо ба таври васеъ истифода мегарданд.
Дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” истеҳсоли плёнка барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан бунёди гармхонаҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар саҳни ҳавлии корхонаи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта шуданд.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин тадбир ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.
Айни замон дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли орд, равғани рустанӣ, оби маъданӣ, консервҳо, рехтаи пӯлодӣ, шифер, лӯлаҳои асбестӣ, пластикӣ, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтилению коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, тахтасангҳои мармарӣ, ранги сохтмон, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди молу маҳсулот машғул мебошад.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2020 ба андозаи 517 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намудаанд. 
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар асоси ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ, аллакай, 5 адад нақлиёти махсус барои интиқоли партовҳои сахти маишӣ харид шудааст. Дар намоишгоҳ иқтидор ва имконияти онро муаррифӣ намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 404
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед