logo

Хабарҳо

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

Дар арафи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллӣ якҷо бо муассисаҳои олии касбӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 - солагии Кӯлоб намоиш ва конфронси илмӣ таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» баргузор намуданд.
Дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 – солагии Кӯлоб Ҳотам Асозода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдусалом Мирализода, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Ниёзи Акбар, инчунин, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар он аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Ҳабибуллоев, Х. Хушвахтов, В. Боборикин, Г. Кузмин, З. Довудов, И. Волинский, Ю. Талдигин, Я. Мамадкулов, М. Сафарова ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон, офаридаҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон, ба монанди С. Ҷӯрахонов, Қ. Шарифов, С. Шарифов ва К. Файзов пешниҳоди тамошогарон гардиданд.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо, чашмасорон наққошӣ шудаанд, ки сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои оби мусаффо муаррифӣ менамоянд.
«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 – солагии Кӯлоби вилояти Хатлон то 30 – юми апрели соли ҷорӣ идома ёфта, сокинон ва меҳмонони шаҳр  метавонанд зимни тамошои он доир ба асарҳои дар мавзӯи об офаридашуда маълумоти бештар пайдо намоянд.
Л. РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 245
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед