logo

Хабарҳо

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ТАСС. Олмон музокироти дуҷони-баро бо Россия оид ба имкони дарёфти ваксинаи «Спутник V» дар сурати иҷозати ИА доир менамояд. Дар ин бора вазири тандурустии кишвар Йенс Шпан иттилоъ дод.
Тавре Шпан зикр намуд, шоми чоршанбе Комиссияи аврупоӣ изҳор дошт, ки оид ба вориди ваксинаи русӣ шартномаи пешакӣ ба имзо намерасонад.
- Вобаста ба ин, ман дар шӯрои вазирони тандурустии ИА изҳор доштам, ки мо дар чунин ҳолат бо Россия гуфтугӯи дуҷониба анҷом хоҳем дод. Мақсад аз он, возеҳ намудани  муҳлати воридоти ваксина ва миқдори он мебошад, - гуфт ӯ.
 
 
КОРШИНОСОНИ СММ ХӮРОКҲОИ ҚИМАТШУДАРО НОМ ГИРИФТАНД
Мир24. Болоравии нархи ҷаҳонии маҳсулоти ғизои аввалия моҳи даҳум аст, ки  ба назар мерасад. Аз ҷумла, моҳи март арзиши онҳо 2,1 дарсад афзудааст. Бино ба маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, аз моҳи июни соли 2014 ин баландтарин нишондод маҳсуб мешавад.
Бештар аз ҳама равғани рустанӣ ва маҳсулоти ширӣ гарон шудааст. Ҳамин тавр, тӯли як моҳ нархи равған 8 дарсад афзуд. Ҳамчунин, якбора баланд гардидани қимати равғани лӯбиёиҳо, офтобпараст ва маъсар низ мушоҳида мегардад. 
 
 
ҲАДДИ МИЁНАИ ДАРОЗУМРӢ ҚАРИБ ДАР ҲАМАИ КИШВАРҲОИ ИА ПОИН РАФТААСТ
«Российская газета». Дар пасманзари пандемияи коронавирус, соли 2020 дар бештари кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳадди миёнаи умр коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус маълумоти Агентии омори Аврупо  гувоҳӣ медиҳад.
Аз солҳои 60-уми асри гузашта инҷониб, давомнокии умр дар як даҳсола ба ҳисоби миёна зиёда аз ду сол афзудааст. Аммо дар як соли пандемияи коронавируси соли 2020 аз 27 кишвари ИА дар 22-тоаш ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 поин рафтааст.
Ин ҳолат бештар дар Испания (1,6 сол), Булғористон (1,5 сол), Литва, Лаҳистон ва Руминия (ҳама 1,4-солӣ) ба назар мерасад.
 
 
ИЗҲОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА МУНОСИБАТИ ШАФФОФ
Коммерсантъ. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад, ки муносибаташ бо Россия устувор ва пешгӯикунанда бошад, - гуфт роҳбари хадамоти матбуоти Департаменти давлатии кишвар Нед Прайс.  
- Мо, аллакай, гуфтем, ки байни мову  Россия  нофаҳмиҳои амиқ вуҷуд доранд. Вале мо, ҳамчунон, хоҳони муносибати шаффофу устувор бо Москва мебошем. Чунин меҳисобем, ки дипломатия василаи муҳимест ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо, - изҳор дошт ба хабарнигорон Прайс.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 254
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед