logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ, ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ, МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ШАҲРАКИ ШӮРОБИ ШАҲРИ ИСФАРА
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, мулоқот бо мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳраки Шӯроб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият самимона истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳраки Шӯроб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст майдончаи варзишро мавриди истифода қарор доданд.
Майдонча аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд бунёд шудааст. Ҷавонону наврасон имкон доранд дар ин майдонча ба бозии футболи хурд ва волейбол машғул шаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарон ва ҷавонону наврасон ба онҳо дастур доданд, ки ҳарчи бештар дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш фаъолона саҳм гузоранд.
Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари бунёди иншооти таъйиноти гуногун ба сохтмони инфрасохтори варзишӣ низ диққати зарурӣ дода мешавад.
Замони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Исфара 210 толору майдончаи варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст, ки дар ин замина дастовардҳои варзишгарон беш аз ҳарвақти дигар зиёд мегардад.
Таваҷҷуҳ ба сохтмон ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара имкон фароҳам оварданд, ки ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш бештар гашта, онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шӯроб хати оби нӯшокиро, ки барои таъминоти 15000 аҳолӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Хати оби нӯшокӣ бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии 11 километру 200 метр сохта шуд.
Тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб мебошад, бо лӯлаи қутраш 273 - миллиметра оби ошомиданӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии ҳудуди шаҳраки Шӯроб дастрас мешавад.
Иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бунёд шудааст ва оянда барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Шӯроб боз тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шӯроб ба 20 нафар калиди манзили истиқоматӣ тақдим карданд, ки аз онҳо 3 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 кас аз оилаҳои ниёзманд, ятиму маъюб буда, 7 нафар мутахассиси ҷавон аст, ки дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” фаъолият менамоянд.
Манзилҳои истиқоматӣ ду ва сеҳуҷрагӣ буда, дорои шароити мусоид ва ҷиҳози зарурӣ мебошанд.
Аз ин ғамхории Сарвари давлат, ки пайваста нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва кормандони соҳаҳои буҷетӣ зоҳир мешавад, сокинони шаҳраки Шӯроб бо хушнудӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шӯроб бунёди иншооти гуногун ва дигар корҳои ободонӣ вусъат дошта, ҳамзамон, дар шаҳрак тармим ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии ҳудуди биноҳои истиқоматӣ, ба тартиб овардани роҳу роҳравҳо ва сабзкорию ниҳолшинонӣ босуръат идома доранд.
Дар шаҳраки Шӯроб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Сокинони заҳматқарин ва ҳунарманди шаҳри Исфара дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррасу фаъол дошта, дар ин ҷо беҳтарин намунаҳои офаридаҳои хешро ба намоиш гузоштанд, ки ҷолибу диданӣ ва қобили таваҷҷуҳ буданд.
Ҳунари кадбонуҳои шаҳри Исфара низ дар омода кардани маводи ғизоӣ, аз ҷумла номгӯи васеи нону кулча, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни қаннодӣ, шоистаи таҳсин аст, ки ҳар номгӯи он таъму лаззати хос дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо маҳсулоти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара баҳои сазовор дода, таъкид намуданд, ки ҳарчи бештар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигарондашударо зиёд намоянд.
Нишондиҳандаҳои истеҳсолии яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳри Исфара Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ангишт” рӯ ба афзоиш буда, танҳо соли сипаригардида 73 ҳазору 939 тонна ангишт истихроҷ шудааст.
Маҷмӯан, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара бо бунёди корхонаҳои хурду бузург сол ба сол бештар гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
 
БУНЁДИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТӢ ВА ВАРЗИШИИ “ШИРИН” ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХ
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахуст маркази фарҳангӣ - фароғатӣ ва варзишии “Ширин” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Маркази фарҳангӣ - фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар 2 гектар замин бунёд ёфта, дорои майдончаҳои варзишии замонавии кушодаю болопӯшида ва 2 ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон мебошад.
Майдончаҳои кушода ва болопӯшидаи маркази хизматрасонӣ барои бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ гашта, барои варзишгарон  ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё шудааст.
Ҳамчунин, дар марказ 3 суҳбаткада ва боғи истироҳатӣ бо атраксионҳо бунёд шуда, ба макони асосии истироҳату фароғати сокинони деҳоти Ворух табдил ёфтаанд.
Дар баробари иншооти варзишӣ, ҳамзамон, дар ҳудуди маркази фарҳангӣ - фароғатӣ меҳмонхона барои қабули 15 нафар дар як вақт, нуқтаи хӯроки умумӣ ва шустушӯи воситаҳои нақлиёт сохта шудаанд.
Маркази фарҳангӣ - фароғатӣ ва варзишии “Ширин” бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёди шаҳри Исфара беш аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
  Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби беш аз 40 мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бинокор” бо сифати ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расонда шуданд.
Бо мақсади таъмини марказ бо об аз масофаи қариб ду километр хати об кашида шуд, бо истифода аз таҷҳизоти муосир оби ҳавзҳои шиноварӣ тоза карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар маркази хизматрасонӣ ба соҳибкор барои бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Майдончаҳои варзиш ва ҳудуди маркази фарҳангӣ - фароғатӣ пурра чароғон шуда, шабонгоҳ барои машғул шудан ба варзиш ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои гуногун бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо бунёди чунин иншооти замонавӣ барои насли ҷавону ояндадори миллат шароити мусоид фароҳам овардааст.
Маркази фарҳангӣ - фароғатӣ ва варзиши “Ширин” дар замини бекорхобида дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуда, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мебошад.
Соҳибкорони деҳоти Ворух бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дар сатҳи баланди созандагӣ истиқбол гирифтани Ҷашни - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми хешро дар ободии диёр мегузоранд.
Аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов дар баробари бунёди маркази фарҳангӣ - фароғатӣ ва варзиш қариб як километр роҳи маҳалла сангфарш гардид, як пули мошингузар ба дарозии 6 ва паҳноии 5 метр ба истифода дода шуд.  
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди маркази фарҳангӣ - фароғатӣ ва варзиши “Ширин” беш аз 400 бех ниҳоли ороишию мевадиҳанда, аз ҷумла себ, нок, гелос ва зиёда аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранг шинонда шудаанд, ки ба ободии ин гӯшаи Ватан зебоии дигар зам намудаанд.
 
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ба бунёди боғи интенсивӣ бо шинондани ниҳолҳои себ оғоз бахшиданд.
Дар боғ дар як гектар 1250 бех ниҳол дар асоси тавсияи мутахассисон шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ, ниҳолҳои боғи навбунёд 3900 бехро ташкил медиҳад.
Масоҳати боғ 2,4 гектарро дар бар гирифта, ташкили он дар ҷойи боғи куҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили себҳои навъи “Гала” ва “Стракримсон” ба роҳ монда шудааст.
Дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, дар маҷмӯъ, майдони боғҳо беш аз ҳазор гектарро дар бар гирифта, хоҷагидорон дар панҷ соли охир дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 бо истифода аз заминҳои бекорхобида ва талу теппаҳо 76 гектар боғи меваҳои донакдор ва тухмдори замонавӣ бунёд намудаанд.
Боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух дар заминаи дастгириҳои давлатӣ ва ҳавасмандсозии кишоварзон дар самти сердаромад будани ин бахши хоҷагидорӣ ташкил гардида, дар оянда масоҳати чунин боғҳо боз ҳам зиёд мешавад.
Дар деҳоти Ворух соли 2020-ум 17,5 гектар ва соли 2021-ум 21 гектар боғҳои нав бунёд гаштаанд. Дар ин давра мутаносибан 16,5 ва 28 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд.
Боғдорони деҳоти Ворух ҳамасола дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳмгузор бошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо боғпарварон ташаббуси хоҷагидоронро дар ин самт намуна арзёбӣ намуда, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ кардан аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштаъму лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат низ мусоидат мекунад.
Аҳли заҳмати Ворух баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироати гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, заминҳои дар ихтиёрдоштаро пурсамару мақсаднок истифода мебаранд.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ дар ин деҳоти шаҳри Исфара ба 2196 - то мерасад ва боғдорону кишоварзон ҳамасола истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла меваҳои содиротиро афзоиш медиҳанд. Боғдорони деҳоти Ворух соли рафта 4400 тонна мева истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.
Саҳмдорони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Роҳбари давлат дар байни қатори ниҳолҳои боғи интенсивӣ дар асоси маслиҳати мутахассисон кишти картошкаи навъи “Санто” ва “Пикассо”- ро ба роҳ мондаанд. Ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамари заминҳои корам ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти худӣ дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир рӯи даст гирифта шудааст.
Деҳоти Ворух дорои обу иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, аҳли заҳмати он барои таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста талош меварзанд.
Тавре иттилоъ доданд, соли гузашта хоҷагидорони деҳот дар майдони 221,8 гектар картошка кишт намуда, 5545 тонна ҳосил ба даст овардаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара дидан намуданд.  
Дар намоиш аҳли заҳмати шаҳр анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро муаррифӣ карданд. Кишоварзони шаҳри Исфара дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кор қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 538 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи тухмиҳои серҳосили зироат ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар намоиш беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, ғалладонагию лӯбиёӣ, ба таври васеъ муаррифӣ шуданд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашони Исфара, иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 хоҷагидорони шаҳр дар ҳаҷми беш аз 253 миллиону 88 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ ҳунари занону кадбонувони шаҳр дар самти пухтани анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардид.
Соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Исфара 11 ҳазору 435 тонна ғалладона, 27 ҳазору 20 тонна картошка, 45 ҳазору 598 тонна сабзавот ва 24 ҳазору 195 тонна мева истеҳсол шудаанд.
Исфара дар истеҳсоли зардолу на танҳо дар миқёси мамлакат, балки минтақа шуҳрати зиёд дошта, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи болаззату содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд. Майдони боғҳо 13 ҳазору 300 гектарро дар бар мегирад, ки 11 ҳазор гектарашро зардолу ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши анвои гуногуни зардолуи хушки боғпарварон, таҷрибаи хоҷагидорони шаҳри Исфараро дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва содиротӣ намуна арзёбӣ карда, ҷиҳати боз ҳам истифода аз имконоти мавҷуда, роҳандозии усулҳои муосири бандубасти он ва боло бурдани иқтидори содиротӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба рушди ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дар шаҳри Исфара таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ҳунармандони шаҳр дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ талош мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат дар зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ба ҳунармандон маслиҳатҳои судманд доданд.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту ғалладона ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар шаҳри Исфара ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон барои боз ҳам истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамаҷониба талош меварзанд.
 
БАИСТИФОДАДИҲИИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворух майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ-Парчами давлатиро дар фазои тантанавӣ парафшон намуданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ворух дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид муҳайё шудааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва тарҳи муосир бунёд ёфт.
Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ворух, дар маҷмӯъ,  бо таҳкурсиаш 50 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот дар масоҳати 190 метри мураббаъ гулкорӣ ва сабзкорӣ шуда, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зинат мебахшанд.
Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 800 метри мураббаъ сафолакпӯш гашта, дар он 12 курсӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Дар майдони Парчами давлатӣ ду фаввора низ бунёд ёфт. Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон 12 чароғак насб гардида, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зинат мебахшанд.
Солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон, дар марказ ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон шудааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ворух барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ватандӯстона бо ҷалби ҷавонону наврасон хеле мувофиқ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ворух ва парафшон гардидани ин рамзи миллиро дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни бузурги миллӣ -  30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинон, махсусан ҷавонону наврасон, туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуда, барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
 
РОҲАНДОЗИИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “НАВРӮЗ” 
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворух, ҳамчунин, маркази хизматрасонии “Наврӯз”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази хизматрасонии “Наврӯз” аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар масоҳати беш аз 360 метри мураббаъ, дар доираи дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зиёваддин Зокиров сохта шудааст.
Бунёди маркази муосири хизматрасонӣ дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардида, дорои коргоҳҳои қаннодию дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал мебошад. Дар мағозаи фурӯши маркази хизматрасонӣ, асосан, маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, ки дар асоси талаботи байналмилалӣ бо сифати баланд истеҳсол мегарданд, пешниҳоди сокинону меҳмонон мешаванд.
Иншоот дар асоси талаботи мавҷуда бо тарҳи муосир сохта шуда, барои сокинони ин гӯшаи дурдасти мамлакат хизмат мерасонад.
Дар коргоҳи қаннодӣ 8 ҷавондухтари деҳоти Ворух, ки қаблан хонашин буданд, дар шароити беҳтар ба кор ҷалб гардидаанд. Дар коргоҳ шириниҳои гуногун, аз ҷумла торт, кулчақанд ва дигар намуди маҳсулот, дар асоси талаботи мавҷуда бо риояи меъёрҳои пазандагию кадбонугӣ бо сифати баланд омода мешаванд.
Коргоҳи истеҳсолӣ бо мақсади соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин, бо шуғл таъмин намудани онҳо ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат таъсис дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавондухтарон суҳбати самимӣ анҷом дода, оид ба тадбирҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар андешаронӣ карданд.  
Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар коргоҳ курсҳои омӯзишӣ низ роҳандозӣ мегарданд. Коргоҳи нави дӯзандагӣ дар деҳоти Ворух бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ таъмин мебошад. Коргоҳ, ки бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаро гирифтани духтарону бонувони хонашини деҳот бо шуғли доимӣ ташкил гардидааст, дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ сарулибоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рӯзгор омода мешаванд.
Таъсис ва ба фаъолият пардохтани чунин коргоҳҳои дӯзандагӣ солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар деҳоти дурдасти мамлакат баробари мусоидат ба соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону духтарон, барои қонеъ сохтани талаботи аҳолии мамлакат бо истеҳсолоти худӣ замина фароҳам овардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз гӯшаи намоиши либосҳои истеҳсолии коргоҳи дӯзандагии маркази хизматрасонии муосир ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари ҳунару либоси миллӣ ва ҷалби занону духтарон ба ҳунару касбомӯзӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки тайи солҳои охир дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкорони ватанӣ имкон дод, ки дар марказ ва деҳоти дурдасти мамлакат теъдоди чунин бинову иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ бештар гардад.
Тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар деҳоти Ворух бо мақсади истиқболи сазовор аз Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби зисту зиндагонӣ барои сокинони ин гӯшаи зебоманзари мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Дар деҳоти мазкур барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ бунёд, таъмир ва навсозии 48 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 45-тои он бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Деҳоти Ворух солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш бамаротиб беҳтар гардидааст.
 
ҚАСРИ ФАРҲАНГ ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХ ИФТИТОҲ ШУД
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух бинои қасри фарҳангро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.
Иншоот дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, майдони сохтмони зери бинои асосӣ 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Қасри фарҳанг бо фармоиши идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нарзулло-2008” бунёд шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.  
Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст. Дар таҳхона ҳуҷраҳои либосивазкунӣ барои ҳунармандон ташкил шудааст.
Дар ошёнаи якум толори асосӣ бо 460 ҷойи нишаст, толори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ, маҳфилҳои ҳунармандӣ, аз қабили навозандагию сарояндагӣ, рақс, ҳунарҳои мардумӣ, толори шашкаю шоҳмот ва китобхонаи электронию анъанавӣ иборат мебошад. Китобхона 3 ҳазор нусха китоб дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва дар самти ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Ин аст, ки соҳаи фарҳанг дар кишвар ба таври назаррас рушд намуда, мутахассисони лаёқатманд ба камол мерасанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои созандагию ободонӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат пайдо намуда, дар ин замина барои мардум шароити созгори зиндагӣ фароҳам омад. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун, мумфаршкунии роҳҳо, ташкили боғҳои фарҳангии замонавӣ ва дигар тадбирҳои шоиста дар деҳаҳои дурдасти кишвар боиси он гардид, ки барои сокинони бешуғл ҷои кори доимӣ ташкил гардад. Дар қасри фарҳанги деҳоти Ворух 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, ҳамчунин, теъдоди иштирокчиёни маҳфилҳо ба 70 нафар баробар гардид.
Қасри фарҳанг бо тарҳи ҷадид сохта шуда, намои берунии он ба зебоии маркази деҳот ҳусн зам мекунад.
Девораҳо ва сутунпояҳои қасри фарҳанг бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро ёфта, дар саҳни он ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонда шудаанд. Ҳудуди иншоот дар шаб чароғон мебошад ва барои таъмини фароғату истироҳати сокинон басо мусоид аст. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур дар деҳоти Ворух боз як мавзеи истироҳату фароғат ташкил гардид.
Хотиррасон бояд шуд, ки бинои қасри фарҳанг дар деҳоти Ворух ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо сабаби фарсуда шудан, зарурат ба миён омад, ки бино таҷдиду навсозӣ шавад. Бинои мазкур бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҷдид гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва  Шаҳристони вилояти Суғд қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг бунёд гардидаанд, ки он барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва рушди фарҳанг замина гузошт.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 18 сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки онҳо барои рушди соҳа ва пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ замина мегузоранд.
Дар толори ақди никоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз навхонадорон шаҳодатномаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва туҳфаҳои арзишманд супурданд.
Дар толори бошукӯҳи қасри фарҳанг ҳунармандони ҷавон барномаи ҷолибу тамошобоб пешниҳод карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ буд, баҳои баланд доданд.
 
ПОЙГОҲИ ВОҲИДИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворух бинои нави Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворухро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав аз се ошёнаи дорои қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои зист иборат мебошад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, давоми қариб се сол бо ҷалби наздики 100 бинокори маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расид.
Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворух, ҳамчунин, дорои таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, нуқтаи тиббӣ, ошхона, китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад.  
Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дастгирии рӯзафзуни роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи фаъолият фароҳам омад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар пойдории сулҳу субот даъват намуданд.
 
МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХ ФАЪОЛ ШУД 
Дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид.
Муассисаи таълимӣ барои 840 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, масоҳати он як гектарро ташкил медиҳад. Бинои таълимӣ аз се ошёна бо 14 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои умумӣ ва таълимӣ, инчунин, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон иборат мебошад.
Синфхонаҳои фанни физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои озмоишӣ, таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад.
Дар ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ 16 компютери муосир насб гардидааст. Дар китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, асосан, адабиёти фаннӣ ва бадеӣ мавҷуд мебошад. Китобхона дар ошёнаи дуюми бинои дигари иншооти навбунёд ҷой дода шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино толори варзиш омода гардида, бо лавозимот барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва мусобиқаҳои тан ба тан таъмин мебошад.
Гармӣ дар муассиса тавассути дегхонаи алоҳида ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин мешавад. Дар долон, синфхонаҳо ва атрофи муассисаи таълимӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гашта, раванди таълим таҳти назорат аст.
Атрофи иншоот дар масоҳати 400 метри мураббаъ бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд.
Сокинони деҳаи Сангтӯда иброз медоранд, ки, қаблан, бо сабаби дур будани муассисаи таълимӣ хонандагон душворӣ мекашиданд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ мушкили онҳо аз байн рафт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи дуюми сохтмон бунёди боз як бинои дигар дар нақша буда, дар он ҷойгир намудани маҷлисгоҳ бо 200 ҷои нишаст ва ошхона барои 80 нафар дар назар аст. Муассисаи навбунёди таълимӣ бо хати алоҳидаи барқ таъмин мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз сохтмончиён иҷрои пурраи корҳои боқимондаи сохтмониро дар асоси лоиҳаи пешбинишуда талаб намуданд.
Омӯзгорону хонандагон барои бунёди чунин муассисаи таълимии зебову замонавӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Роҳбари давлат изҳори сипос карданд.  
 
КУШОДАНИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ БАРОИ АҲОЛИИ МАҲАЛЛАҲОИ ТОҶИКОН  ВА САНГТӮДА
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳлӯлаи асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии маҳаллаҳои Тоҷикон ва Сангтӯдаи деҳоти Ворух боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ оварданд.
 Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, аз деҳоти Ворух тавассути лӯлаи қутраш 530-миллиметра аз масофаи 7 километр меояд.
Иттилоъ доданд, ки аз лӯлаи асосии оби нӯшокӣ ба масофаи як километр бо лӯлаи қутраш 315-миллиметра ба тарафи чапи дарёи Исфара хати оби нӯшокӣ гузаронда шуда, ба ду маҳаллаи деҳоти Ворух 300 метри мукааб об дар як соат интиқол дода мешавад. 
Маҳаллаҳои Тоҷикон ва Сангтӯдаи деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дорои 8 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим, аллакай, 340 хонавода бо оби нӯшокӣ таъмин шуд.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардид.
Хати оби нӯшокӣ бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонии маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Корхонаи сохтмону барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии чарогоҳ ва деҳоти шаҳри Исфараи Муассисаи давлатии сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” кашида шудааст.  
Сохтмони иншоот моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, барои сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ҷалб шуда буд.
Сарвари давлат аз масъулони соҳа талаб намуданд, ки пайваста дар беҳтар гардондани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об байни сокинонро тақвият бахшанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳа, сокинони ду маҳалла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаву муассисаҳои маъмуриву фарҳангии деҳоти Ворух бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.
Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт дар идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат зери таваҷҷуҳи пайваста қарор дошта, тайи солҳои охир бо татбиқи барномаҳои гуногун дар ин самт комёбиҳои зиёд ба даст омадаанд.  
Дар доираи иқдомҳои созандагии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили чандинсолаи аҳолии ду маҳаллаи деҳоти Ворух ҳалли худро пайдо намуд.
 
ШУЪБАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХ СОҲИБИ БИНО ГАРДИД 
9 апрел дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, тиббӣ, хобгоҳ барои 200 нафар, толори маҷлис ва китобхона мебошад.
Дар ошёнаи якум, ки, асосан, қисми навбатдорию ҳуҷраҳои корӣ ҷой доранд, барои роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъба шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Хобгоҳ дорои рахтҳои хоб, ҷевон ва дигар ҷиҳози зарурӣ мебошад. 
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар китобхона 4 ҳазор нусха адабиёти илмии соҳавӣ ва бадеӣ мавҷуд аст. Китобхона дорои толори хониш низ ҳаст ва барои кормандон шароити хуби мутолиа фароҳам мебошад.
Маҷлисгоҳ ва синфхонаи таълимии иншоот барои 100 нафар пешбинӣ шуда, дар он лавҳаю овезаҳои дастурамали кормандони сохторҳои қудратӣ, инчунин, технологияи ҷадид барои гузарондани ҷаласаҳои корӣ ва дарс васлу насб шудааст.
Дар таҳхонаи бино толори тамрин ва обутоби бадан буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти замонавии варзишӣ малакаи хешро тақвият бахшанд.
Ҳудуди иншоот зери назорати камераҳои мушоҳидавист. Барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор бино бо таҷҳизоти худкори огоҳкунанда ҷиҳозонда шуда, дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи об бунёд гардидааст.
Ошхона барои 100 нафар дар бинои алоҳида ташкил гардида, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурии хӯрокпазию хизматрасонӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин бино, ҳамчунин, хонаи алоҳидаи нонпазӣ ва анбор бо яхдони замонавӣ барои нигоҳдории хӯрокворӣ мавҷуданд.
Дар атрофи бино 100 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонда шуда, ҳамчунин, барои таъмини фароғати кормандон суҳбаткада ташкил гардидааст.
Иншоот бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати сохтмони Исфара» сохта шудааст.
Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо сифати баланд бунёд намудани иншоот ба сохтмончиён баҳои баланд дода, ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисси масъулият дар иҷрои садоқатмандонаи уҳдадории ҳарбӣ ҳидоят намуданд.
Пас аз ба истифода додани иншоот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимию созанда баргузор карда, суханронӣ намуданд.
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ФУРӮШИ ГУЛУ БУТТАҲОИ ОРОИШӢ 
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти маркази фурӯши гулҳо ва ду гармхонаи наву замонавии Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ” оғоз бахшиданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти коргарону мутахассисони корхона, асосан, ба парвариши қаламча, ниҳол, гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ҳамешасабзу ороишии нодир равона шуда, ҳадаф аз таҷдиду навсозии мавзеи мазкур вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти маркази фурӯши гулҳо, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо намунаи зиёди дарахтони сояафкану ҳамешасабзи нодир, гулу буттаҳои ороишӣ ва асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳол ва гулҳо савдо мешаванд.
Маркази зебову барҳаво дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар масоҳати 150 метри мураббаъ аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд сохта шуда, ҳадафи дастандаркорон фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад. 
Дар марказ мутахассисони соҳа, дар баробари фурӯши ниҳолҳои нодири сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин, барои парвариш ва роҳҳои дурусти нигоҳубини онҳо ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Айни замон шумораи ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ наздики 12 ҳазор бех мебошад.
Ду гармхонаи наве, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, барои парвариши зиёда аз 10 намуди гулҳои мавсимӣ пешбинӣ гардида, масоҳати он 1600 метри мураббаъ аст.
Тибқи маълумоти масъулони Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”, давоми сол дар гармхонаҳо метавон  то 6 миллион дона гули мавсимӣ парвариш кард ва дар асоси дархосту талаботи аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанду ноҳияҳои атрофи он имкони зиёд намудани ин теъдод низ ҳаст. Дар ду гармхонаи нав танҳо давоми як мавсим зиёда аз 2 миллион дона гулҳои гуногун парвариш мешаванд.
То ин замон дар корхона 5 гармхона фаъолият мекард, ки коргарону мутахассисон дар як мавсим имконияти парвариши ҳамагӣ 700 ҳазор гулро доштанд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз ду гармхона, шароит фароҳам омад, ки дар як мавсим наздики 3 миллион дона гулҳои гуногунранг парвариш шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори мутахассисон баҳои баланд дода, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳр, зиёд намудани майдони парвариши ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ва таъсиси гармхонаҳои гулпарварӣ масъулони соҳаро муваззаф намуданд. 
Дар ҳудуди Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳри Хуҷанд, ки наздики 9 гектарро фаро мегирад, дар баробари гулҳои мавсимӣ, ҳамзамон, 12 намуди ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ парвариш мешавад.
Дар корхона қариб 100 мутахассис, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд ва давоми як соли охир ин мавзеъро ба макони зебову дилфиреб табдил додаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа супориш доданд, ки барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардондани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд. 
 
ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ЯТИМОН
10 апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун анъанаи нек, ба 100 ятим ҳадияҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуданд.
 Воқеан, дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш сарулибоси баҳорӣ, аз қабили шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ҳамчунин, ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро, ки аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен, Зафаробод, Ашт ва Мастчоҳ ҷамъ омада буданд, ба ҷашни зебои эҳёи табиат – Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, беш аз пеш зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар шуда, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Ятимон барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва оянда дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. 
Бино ба иттилои оморӣ, имрӯзҳо дар вилояти Суғд 463 ятим зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат қарор дорад ва барои онҳо шароити мусоиди зисту таълим муҳайё гардидааст.  
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ “АМИД” 
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидамон Исомаддинов бунёд ёфт, ба истифода доданд.
Сохтмони он моҳи июни соли 2020 оғоз гашта, 60 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буд. Иншооти дуошёна аз маркази савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсису баистифодадиҳии маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар баробари дастрасӣ ба маҳсулоти босифат, ҳамзамон барои таъсиси ҷойҳои нави кор, хусусан ба шуғли доимӣ фаро гирифтани 50 сокини маҳаллӣ низ, имконият фароҳам овард.
Ба хотири ҳарчи бештар таъмин намудани занону духтарон бо ҷои кор масъулон иқдом гирифтанд, ки нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд. Ҳамин тавр, аз шумораи умумии кормандон 40 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маркази савдо, аслан, маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, кишоварзӣ ва нонӣ, ки дорои сифати баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар оянда бо роҳи васеъ намудани самти фаъолият шумораи кормандон, бахусус занону духтарон, зиёд мегардад.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд ёфта, дорои таваққуфгоҳ барои 90 нақлиёт буда, атрофаш ободу зебо шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми созандаи соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта тадбирҳои ободонию созандагиро вусъат диҳанд.
 
ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ “30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи зебо дар масоҳати 1 гектар бунёд ва навсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Он дорои 14 гурӯҳ  буда, имкон дорад 400 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ, 60 мутахассису мураббӣ имкон пайдо намуд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шавад.
Кӯдакистон, инчунин, хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеи таълимӣ, мусиқиву баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоб ва тиббӣ, нуқтаи санитарӣ, ошхона ва анборҳо барои сабзавоту ғалладона мебошад.
Дар саҳни ҳавлӣ 7 айвонча, майдончаи варзиш барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд ёфтааст. Дар муассиса омӯзиш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии муосирро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназирашон миннатдорӣ баён доштанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро баҳри тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва аз бар кардан ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
Дар кӯдакистони "30-солагии Истиқлол" аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим шуд.
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ 
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази муосири хизматрасониро ифтитоҳ намуда, дар базми наврӯзии сокинони маҳаллаи Мевағул иштирок карданд.
Сарвари давлатро сокинони шукргузори шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои идонаи наврӯзӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни ҳавлии маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд барои пазироии Пешвои муаззами миллат фазои идона дошт. Мардум барои хотирнишин гузаштани тадбирҳои фарҳангӣ дастархони пурнози наврӯзӣ оростанд. Бахши дигари чорабинии наврӯзӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии дастовези ҳунармандони чирадаст ва бозиҳои варзишӣ иборат буд.
Маркази нави хизматрасонӣ аз тарафи сокини ватандӯст Камолҷон Юсупов дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, аз чойхонаи миллӣ, маркази ҳунарҳои миллӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва дигар иншоот иборат мебошад. Дар он 20 сокин соҳиби ҷои кори доимӣ шуд.
Дар саҳни ҳавлии маҳалла барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзиш оид ба футбол бунёд ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватанпарвари шаҳри Хуҷанд барои пазироии самимии роҳбари хеш, ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфтанд.
Мардуми заҳматкаш ва меҳмоннавози шаҳри Хуҷанд ҳамаи ин пешравию ободониҳоро аз баракати сулҳу ваҳдат, истиқлол ва ба шарофати вуҷуди мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Бо бунёди маркази муосир ва майдончаҳои зебо барои тамошо, гаштугузор ва бозию дилхушии кӯдакону наврасону дигар сокинони маҳалла беҳтарин имкон ва шароити истироҳату фароғат фароҳам омад.
Сохтмони чунин марказҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин марказҳои хизматрасонӣ дар дигар маҳаллаҳо низ бунёд хоҳад шуд.
 
МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
10 апрел дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар ду моҳи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Исфараро натиҷагирӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд вобаста ба ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Имсол дар мамлакат Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. То имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ин иди фархунда бунёду таҷдиди 6231 иншоот ба анҷом расид, ки 82,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, хусусан шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаро пурра иҷро накардаанд, вазифадор шуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои боқимонда ва то ҷашн ба итмом расондани онҳо чораҳои бетаъхир андешанд. 
Тайи панҷ соли охир дар вилоят 479 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки дар онҳо 8500 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.
Дар зарфи даҳ соли охир ба иқтисодиёти вилоят барои амалисозии 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ зиёда аз 25 миллиард сомонӣ, аз ҷумла солҳои 2016 – 2020 беш аз 11 миллиард сомонӣ ҷалб гардид. Имрӯзҳо дар вилоят татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, бунёду муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳаи маориф, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва обрасонӣ, сохтмону барқарорсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва иншооти энергетикӣ, рушди кишоварзӣ ва дигар самтҳо идома дошта, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2020 ба соҳаҳои афзалиятноки вилоят ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки 900 миллион сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ба ҷалби сармояи мустақими хориҷиву ватанӣ ва густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияташон бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Тибқи маълумот, дар ду моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади Буҷети давлатӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале иҷрои нақшаи панҷ намуди андоз таъмин нагардид. Дар вилоят бақияи қарзи андоз низ ташвишовар буда, ҳаҷми он то аввали моҳи марти соли равон бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 78,2 миллион сомониро ташкил дод. Қисми асосии бақияи қарзи андоз, яъне 76 фоизи он, ба шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, масъулони вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки вобаста ба камбудиҳои мавҷуда дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят дар ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиарду 920 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш 130,6 фоизро ташкил дод.
Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 21 корхонаву коргоҳ бо таъсиси 176 ҷои кор ба истифода супурда шуда, ҳамзамон, 11 корхона бо 157 ҷои кор барҳам хӯрд ё самти фаъолияташро иваз намуд.
Президенти мамлакат дастур доданд, ки бо мақсади ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳрҳои Гулистону Панҷакент ҷиҳати ҳалли масъалаҳои додани иҷозатнома, ҷудо намудани қитъаҳои замин, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳа чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо мақсади фаъол намудани иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳои саноатии кишвар, инчунин, истифодаи самараноки тамоми имкониятҳои онҳо ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳоро оид ба тақвияти фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар таҳия намуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, захираҳои ояндадори ангишт дар Тоҷикистон зиёда аз 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва аз ин ҳаҷм, мувофиқи омӯзиши геологӣ, 314 миллион тоннааш саноатӣ буда, 93 фоизи захираи мавҷуда, ки 300 миллион тонна мебошад, ба вилояти Суғд рост меояд. Дар конҳои ангишти вилоят 5 корхона фаъолият дошта, соли 2020-ум 1 миллиону 761 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки 87 фоизи истихроҷи ангишти кишварро ташкил медиҳад. Яъне, то ба ҳол истифодаи самараноки конҳои мавҷудаи ангишт ба талабот ҷавобгӯ нест.
Бинобар ин, бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави кор, барқарорсозии иқтидорҳои аз фаъолият бозмонда, афзоиши истихроҷ, таъмини талаботи мамлакат бо ангишт ва ба роҳ мондани содироти он, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои рушди истихроҷи ангиштро бо дарназардошти ҳаллу фасл намудани мушкилиҳои ҷойдошта, пардохти қарзи ангишти истифодашуда аз тарафи корхонаҳои энергетикӣ ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин, содагардонии механизми андозбандӣ – бонуси обунавӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Мувофиқи супоришҳои қаблӣ, бо мақсади амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти таъсиси маҷмааҳои саноатии илмӣ, аз ҷумла паркҳои инноватсиониву технологӣ, дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Дар ду моҳи соли равон тавлидоти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба 428,3 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020–ум 6,6 фоиз зиёд аст.
Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва, ба ин васила, гирифтани то се ҳосил тадбирҳои мушаххас андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкоронро ҷиҳати бунёди корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ минбаъд низ дастгирӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, Сарвари давлат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои босифати барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро таъмин кунанд.
Барои пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолон дар ин ҷода чораҳои мушаххас андешанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Суғд 316 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 56 беморхонаву марказ ва шуъбаи табобатӣ барои 3100 кат, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Вобаста ба норасоии мутахассисони бахшҳои эҳё, силшиносӣ, тибби оилавӣ ва сироятшиносӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф намудани мушкилоти зикршуда чораҷӯӣ намоянд.
Масъалаи ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои кор омили муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ буда, соли 2020 дар ин самт дар вилоят беш аз 47 ҳазор ҷои нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт.
Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави кор, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварат, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими вобаста ба риояи қонуният, интизоми молиявӣ ва хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил карда, барои пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар ин самт роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ислоҳи онҳо вазифадор карданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои калон буда, истифодаи самараноки онҳо ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, дар навбати аввал, аз қобилияти кордониву ташкилотчигии роҳбарону фаъолон, заҳмати содиқона ва азму талоши ватандӯстонаи ҳар як сокин вобаста мебошад.
Дар машварат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 2 моҳи соли 2021 раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ аз номи мардуми заҳматдӯсти вилоят ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдомоту ташаббусҳо ва дастгириву ғамхориҳояшон миннатдорӣ кард.
 
АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 то 11 апрели соли равон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров як қатор иншооти маъмурӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, кору хизматрасонӣ ва фарҳангиро ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ бахшида, бо сокинону фаъолон мулоқоту суҳбатҳои самимию созанда анҷом доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2021    №: 72 - 73    Мутолиа карданд: 147
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед