logo

Хабарҳо

Навидҳои фарҳанг

«КАЙФАР» АЗ РӮЗГОРИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ МЕГӮЯД
Нависандаи шинохта Диловари Мирзо тавассути чопхонаи «Истиқлол» китоби нави худро бо номи «Кайфар» интишор дод. Романи «Кайфар» аз рӯзгори пуртазоди Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди фидоии миллат, нахустсарвари Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон Нусратулло Махсум нақл мекунад.
Ин романи таърихӣ дар баробари равшан гардондани ҳаёт ва фаъолияти Нусратулло Махсум, ҳамчунин, ба баъзе аз паҳлуҳои рӯзгори қаҳрамонони дигари он замон, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Мунаввар Шогадоев руҷӯъ карда, муҳити сиёсии аморати Бухорову хонигарии Ҳӯқандро ба риштаи тасвир мекашад.
 
 
САМАРҚАНД
Аз Абдусалом Деҳотӣ ёд карданд
Дар маркази ахбори китобхонаи ба номи Александр Пушкини вилояти Самарқанд ба ифтихори 110 - солагии шоир, нависанда ва драматург Абдусалом Деҳотӣ маҳфил баргузор гардид.
Маҳфилро рӯзномаи «Овози Самарақанд» дар якҷоягӣ бо маркази милливу мадании тоҷикони вилоят гузаронд. Ҳозирин хидматҳои шоёни адибро дар равнақи адабиёт ва болоравии худшиносии миллии тоҷикон ёд карданд.
Ёдовар мешавем, ки Абдусалом Деҳотӣ зодаи шаҳри Самарқанд буда, солҳо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» қалам рондааст. 
 
 
ЛОИҚХОНӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Лоиқхонӣ» - ро байни муассисаҳои таълимии вилоят эълон кард.  Мувофиқи шартҳои озмун он дар се давр: мактабӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) ва вилоятӣ мегузарад. 
Озмун ду категорияи синнусолӣ ва 3 бахшро фаро гирифта, беҳтаринҳо бо туҳфаҳо ва Шоҳҷоиза қадр мешаванд. Тазаккур медиҳем, ки мухлисону ҳаводорони шеър 20 майи соли ҷорӣ 80 - солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералиро ҷашн хоҳанд гирифт. Даври ниҳоии «Лоиқхонӣ» низ дар ин сана ба нақша гирифта шудааст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 153
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед