logo

Хабарҳо

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои дастгирии оилаҳои камбизоат аз ҷониби маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба 9331 нафар аз оилаҳои ниёзманд дар 8 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлону шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонда мешавад. 
Шахсони кумакгиранда нафарони дорои маъюбият, пиронсолони яккаву танҳо ва аз  оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе (1631 нафар), шаҳри Кӯлоб (1000), ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (900), Муъминобод (900), Ховалинг (1000), Фархор (1000), Темурмалик (1000), Ҷайҳун (1000) ва Ҷалолиддини Балхӣ (900 нафар) мебошад. 
Бибисоро Асоева ва Фарзона Икромова, сокинони ноҳияи Сино ва Саодат Одинаева, сокини ноҳияи Шомансури шаҳри Душанбе аз нафарони аввале буданд, ки бо миннатдорӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи  давлату Ҳукумати кишвар ин кумакҳоро дарёфт намуданд. 
Ин амали башардӯстона дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ шудааст. Дар ин хусус роҳбарияти  ҶҲАТ қаблан ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр ҷиҳати пешниҳоди рӯйхат доир ба оилаҳои камбизоат бо мактуби дархостӣ муроҷиат карда буд. Ҳамин тавр, дар асоси ин рӯйхати пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тақсимоти кумаки башардӯстона ба роҳ монда шудааст.
Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ, чунин зикр намуд: “Дастгирии ниёзмандон, иборат аз шахсони дорои маъюбият, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҷамъият ба ҳисоб рафта, масъулон кӯшиш мекунанд, ки барои дастгирии онҳо ҳамеша мусоидат намоянд. Ин кумак натиҷаи ҳамкориҳои натиҷабахши Ҳукумати кишвар бо созмону ташкилотҳои бонуфуз, аз ҷумла Ҳилоли Аҳмар, аст. Имсол дар доираи вохӯрии роҳбарияти ҶҲАТ бо намояндагони маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ҷамъият ва маркази номбурда мебошад. Ин яке аз корҳои хайри Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудист, ки дар Тоҷикистон анҷом дод”. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 230
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед