logo

Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

Дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ – раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» ва маросими мукофотсупорӣ ба  ғолибону ҷоизадорони он баргузор шуд.
Мувофиқи хулосаи ҳакамон, шаҳри Душанбе бо Шоҳҷоиза сазовор гардид. Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» – Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, «Гулгашти беҳтарин» – гулгашти назди Сирки давлатӣ, «Вилояти беҳтарин» – вилояти Суғд ва «Гулпарвари беҳтарин» – корманди Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба" Гулнигор Ғафурова ҷои аввалро гирифтанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни маросими ҷоизасупорӣ иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019 – 2021 дар ҷумҳурӣ гузаронда шуд. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоят буда, ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Мавсуф иброз намуд, ки баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва, дар ин замина, рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мебошад.
 
 
МАСЪАЛАИ ВУСЪАТ БАХШИДАНИ ҲАМКОРӢ БАРРАСӢ ШУД
Дар вохӯрии  вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо  сафири фавқулода ва мухтори Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран масъалаи вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, молия, андозбандӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Хусусан, ба ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ аҳамияти махсус зоҳир гардид.
Дар охир, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳо дар самтҳои афзалиятнок изҳор намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 247
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед