logo

Хабарҳо

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ТАСС. Тавре интизор меравад, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар саммити фосилавӣ оид ба иқлим, ки 22 – 23 апрел бо ташаббуси ИМА баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус рӯзномаи South China Morning Post хабар додааст. 
Тайи ин ҳафта сафари  собиқ котиби давлатӣ, намояндаи махсуси Президенти ИМА оид ба иқлим Ҷон Керри ба Шанхай дар назар аст. Дар ин ҷо ӯ бо ҳамтои худ, намояндаи махсуси ҳукумати Чин оид ба тағйироти иқлим  Се Чжэнхуа дидор анҷом доданист. Дар ҳамин ҳол ВКХ Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳанӯз ин сафари Керриро тасдиқ накардааст. Бино ба итилои рӯзномаи The Washington Post эҳтимолияти баргузор нагардидани ин сафар ба Шанхай вуҷуд дорад.
 
ДАЪВАТИ БРАЗИЛИЯ АЗ СММ
ТАСС. Президенти сенати федералӣ Родриг Пачеко ва Президенти палатаи вакилони Бразилия Артур Лира аз Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш хоҳиш намудаанд, ки бо тариқи механизми байналмилалии COVAX барои кишвар дар гирифтани ваксинаи зидди коронавирус имтиёз диҳанд. Дар ин бора маркази матбуоти мақомоти қонунбарори ҷумҳурӣ иттилоъ додааст. 
Дар суҳбати телефонӣ бо Антонио Гутерриш Пачеко бори дигар оид ба вазъияти сангини пандемияи коронавирус дар Бразилия ёдовар шуд. 
Чуноне хотиррасон мешавад, 1 апрел роҳбари Сенат бо ирсоли муроҷиатнома аз Дабири кулли СММ хоҳиш кард, ки созмон ва ҷомеаи байналмилалӣ эмкунӣ аз коронавирусро дар кишвар тезонанд.
 
БАРОМАДАНИ ҲАРБИЁНИ ИМА АЗ АФҒОНИСТОН ТӮЛ МЕКАШАД
Interfax.ru. Чуноне намояндаи ҳаракати иртиҷоии «Толибон» (мамнӯъ дар Россия) дар Қатар Муҳаммад Наим изҳор дошт, то замоне  ки ҳарбиёни хориҷӣ ватанамонро тарк накунанд, дар конференсияҳои байналмилалӣ оид ба ояндаи Афғонистон ширкат нахоҳем кард. 
Тибқи маълумотҳо, Президенти ИМА Ҷо Байден мехоҳад эълом дорад, ки то 11 сентябри соли равон ҳарбиёнашро аз Афғонистон берун мекунад. Аммо маъмурияти пешинаи Амрико анҷоми ин корро то 1 майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта буд.
Ёдовар мешавем, ки 29 феврали соли 2020 Вашингтон бо ҳаракати «Толибон» барои амалӣ намудани раванди сулҳи Афғонистон  созишнома ба имзо расонда буд. Дар он «Толибон» муваззаф шуданд, ки ҳудуди Афғонистонро барои халал расондан ба   амнияти ИМА ва иттифоқчиёнаш истифода намебаранд, Амрико бошад, қувваҳои мусаллаҳашро дар муддати 14 моҳ аз хоки ин кишвар мебарорад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 187
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед