logo

иқтисод

ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ. ДАСТОВАРДҲО ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТАНД. ЧӢ БОЯД КАРД?

Тағйироти суръатноки рақамӣ бинобар пандемияи коронавирус, ба яке аз ҳадафҳои афзали рушд то соли 2030, омили муҳими пешбурди иқтисодиёт ва баромад аз буҳрони он табдил ёфт. Ба ин хотир, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ рушди технологияи рақамиро дар шароити кунунӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ арзёбӣ намуданд. Дастури Сарвари давлат доир ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон яке аз тадбирҳо дар ин ҷода мебошад. 
 
COVID-19 ВА МУТОБИҚШАВӢ БА ВОҚЕИЯТИ НАВ
Пас аз паҳн шудани вируси навъи cars cov - 2 дар тамоми ҷаҳон муҳимияти  иқтисодиёти рақамӣ ба таври назаррас эҳсос гардид. Одамон барои мутобиқ шудан ба воқеиятҳои нав ҳарчи бештар ба харидҳои онлайнӣ, сайрҳои маҷозӣ, конфронсҳои видеоӣ ва ғайра рӯ оварданд. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷоришуда дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, технологияи муосир дар ин давра ҳамкорӣ, муошират, харидуфурӯш ва дигар муносибатҳои инсониро осон намуданд. Дар ҳамин ҳол, пандемия мушкилоти нобаробарии рақамиро ҳам дар дохили кишварҳо ва байни кишварҳо ба миён овард. Бо назардошти нақши калидии технологияи рақамӣ дар давраи буҳрон, зарурати рафъи ин тафовут, махсусан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва осебпазир, ба мадди аввал баромад. Ин дар ҳолест, ки истифодаи фаъоли технологияи муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ на танҳо манбаи иловагӣ дар баланд бардоштани самаранокии субъектҳои соҳибкорӣ, балки имкониятҳои васеъ барои фазои иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Мувофиқи арзёбии коршиносони Созмони ҷаҳонии савдо таҷрибаи буҳрон метавонад ҳамкориҳоро дар соҳаи тиҷорати электронӣ ҳавасманд гардонад, қоидаҳои интиқоли наздисарҳадии молҳоро ба таври назаррас сабук намояд, нобаробарии рақамиро коҳиш диҳад. 
 
ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ – МАҲСУЛИ РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР
Олимони соҳа иброз медоранд, ки иқтисодиёти рақамӣ маҳсули рушди ҷомеаи муосир дар тӯли 30 - 35 соли охир мебошад.  Аввал интернет барои ирсоли мактубҳо истифода мешуд. Дар пасманзари он оҳиста – оҳиста интернет - мағозаҳо, интернет - бонкҳо, системаҳои бонкӣ пайдо шуданд, ки онро иқтисодиёти рақамӣ ном мебаранд. Соли 1994 аввалин интернет - мағоза кушода шуд ва ба оғози тиҷорати электронӣ  дар  ҷаҳон  асос гузошт. Дар ҳамин ҳол, бонки амрикоии  Stanford  Federal  Credit Union системаи нави интернет - бонкро ҷорӣ сохт, ки пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, интернет, телефон, интиқоли маблағҳоро тариқи компютер имконпазир намуд. 
 
МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВИ ТАМАДДУН
Истифодаи воситаҳои рақамӣ дар бахшҳои алоҳидаи мамлакат ба монанди молия, нақлиёт ва логистика ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои фаъол дар ҷорисозии технологияи молиявии рақамӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкиву пардохтии мамлакат ва назорати низоми бонкӣ буда, ҷиҳати амалисозии пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар нақши бориз мегузорад. 
Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки феълан ба ҷойи даст ақл, ба ҷойи одам робот кор мекунад. Дар тамоми дунё фазои рақамӣ – марҳилаи сифатан нави рушди тамаддуни инсонӣ ташаккул меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ кишваре метавонад муваффақ бошад, ки аз ин низоми нав қафо намонад. Дар кишвари мо низ дар ин самт корҳои муайян  ба ҷо оварда мешаванд. Кормандони муҳосибот имрӯз ба идораи андоз нарафта, ҳисобтро тавассути интернет ирсол менамоянд. Мизоҷи бонк аз ҷойи кораш тавассути интернет маблағро мепардозад, суратҳисобашро хабар мегирад. Телефони мобилӣ низ воситаи пардохти ҳар гуна хизматрасониҳо гаштааст. Ин ҳама ҳаракат ба самти иқтисоди рақамист. 
 
ДУРНАМО ВА ТАБОДУЛИ РАҚАМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН  
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳимияти ҷорисозии технологияи инноватсионӣ аз тадбирҳои муассир кор мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ масъалаи ҷорисозии технологияи муосирро дар соҳаҳои гуногун пайваста таъкид медоранд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки доир ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чораҷӯӣ  намоянд. Ғайр  аз  ин, бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва банди 2-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оид ба вусъат бахшидани корҳо, ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ қабул шуд. Консепсия таъсиси инфрасохтори муосири рақамӣ, таъмини ҳамаҷонибаи дастрасии фарохмавҷӣ, рушди системаҳои муосири алоқа, табодули бахши хизматрасонии давлатӣ, гузариш ба «ҳукумати электронӣ», рақамикунонии соҳаҳои калидии истеҳсолот - энергетика, саноати коркард ва кишоварзиро дар давраи дарозмуҳлат пешбинӣ менамояд. Айни ҳол дар асоси Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати  рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021 - 2025  таҳия ва ба Ҳукумати кишвар ирсол гардидааст. Ин аввалин барнома дар самти рақамикунонӣ мебошад. 
 
ТЕХНОЛОГИЯ - АСОСИ РУШДИ УСТУВОР ВА РАҚОБАТНОКӢ 
Бо вуҷуди пешравиҳои назаррас, дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъкид доштанд: «Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд».
Рақамикунонии истеҳсолот ҳатто дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар қонеъсозанда нест. Сабаби ин аз як ҷониб нархи баланди интернети баландсуръат ва аз сӯи дигар норасоии инфрасохтори рақамӣ дар аксар корхонаҳои кишвар мебошад. Тақрибан 1 дарсади муассисаҳои мавҷудаи савдо хизматрасониҳои рақамиро пешниҳод медоранд. Ин ҳолат бо амалан набудани дастрасии соҳибкорон ба алоқаи фарохмавҷ ва фарҳанги истифодаи технологияи рақамӣ вобаста буда, рушди ҷараёни инноватсияро дар соҳаи тиҷорати кишвар боз медорад. Ин омил водор месозад, ки дар баробари қабули барномаҳои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, инчунин, масъалаи маблағгузорӣ ба пешрафти суръатноки инноватсионӣ ҳал шавад. Зеро дар шароити муосир ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияи рақамӣ асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, рақобатнокии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин менамояд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2021    №: 77    Мутолиа карданд: 864
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед