logo

Хабарҳо

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи  “Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар он айнишиносони ҷумҳурӣ ҷамъ омада, атрофи саҳми арзандаи устод  дар рушди илми тоҷик мубодилаи афкор намуданд. 
 
Дар кори ҳамоиш мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, ректорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода, котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон Сергей Колотилинский, набераи устод Эраҷ Айнӣ, директори Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ Шердил Каримов ва дигар олимону донишмандон ширкат намуданд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, директори осорхона, зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр намуд: “Пас аз Инқилоби Октябр ва пеш омадани зарурияти таъсисёбии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ чеҳраҳои шинохтаи ҳар халқу миллат барои муаррифии таърихи худ саъю талош намуданд, ки дар ин ибтикори наҷиб миёни тоҷикон саҳми устод Садриддин Айнӣ хеле назаррас мебошад”.
Дар ҳамоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон осори санъати тасвирӣ, кандакории рӯи чӯб ва нимпайкараҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик офарида шудаанд ба маъраз гузошта шуданд. Ҳамчунин, як қатор ашёи таърихие, ки бозгӯи ҳаёту фаъолияти пурсамари устод мебошанд, ба монанди қаламдон, рангдон, айнакҳо, худкор, асои мунаққаш, гулдон, курсӣ, чароғи рӯйи миз, офтобаи мисӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, шаҳодатномаи депутатӣ ва ордену медалҳои ӯ аз фонди захиравии Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ интихоб гардида, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар кори конфронси илмӣ доираи васеи олимон - муаррихон, адибон, айнишиносон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт  иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодӣ  ва саҳми боризи устод Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги миллат андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, директори Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд  Амриддин Пӯлодов тариқи онлайн суханронӣ намуд.
Бояд гуфт, ки намоишгоҳи ба ин муносибат таҳияшуда ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илм дар Тоҷикистон бахшида шуда,  то 1 майи соли ҷорӣ идома меёбад.
 
Лола РИЗОӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 261
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед