logo

Хабарҳо

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

Душанбе шаҳрест дилпазиру озода ва ҷавону ҳамзамон, қадим. Рӯз ба рӯз бо иваз шудани симояш диданитар гардида, биноҳои сарбафалаку замонавӣ, боғу гулгаштҳо, роҳу хиёбонҳои васеаш шаҳрро ба як макони пешрафта табдил кардааст. Душанбе макони умеду орзуи ҳар фарди ватандӯст аст, Душанбе қалби Тоҷикистон аст. 
Ба ин хотир, дар  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии қисми 2 - юми китоби «Душанбе - қалби Тоҷикистон», ки аз ҷониби Мирзоамин Мирсаидзода мураттаб шудааст, доир гардид. Дар он   Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  Фарҳод Раҳимӣ,  президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар собиқадорону фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
- Имрӯз Тоҷикистон ба ҷаҳониён  тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муаррифӣ мешавад ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол меафзояд. Соли гузашта қисми аввали китоби «Душанбе - қалби Тоҷикистон» рӯнамоӣ шуд, ки дар он дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ зикр гардида буд. Дарвоқеъ, тайи солҳои охир пойтахти ватанамон ба маркази чорабиниҳои  фарҳангиву сиёсӣ табдил ёфтааст. Ба шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Сарвари давлат меҳмонони зиёде ба шаҳри Душанбе меоянд. Ҳамчунин, фаъолияти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хеле назаррас мебошад, - афзуд   Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Мавсума Муинӣ пешравию муваффақиятҳои шаҳрро дар зарфи 4 - 5 соли охир чунин иброз намуд: 
- Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳр беш аз 250 майдончаи варзиш,  5 боғи нави фарҳангӣ - фароғатӣ, инчунин, 6 боғи фарҳангӣ - фароғатии дигар пурра навсозӣ шуда, дар хизмати  меҳмонону сокинон қарор гирифт. Дар ин давра 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 16 ҳазор хонанда,  10 муассисаи томактабӣ ҷиҳати шароити мусоид фароҳам овардани кӯдакон бо беш аз як  ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Роҳу пулҳо, аз ҷумла роҳи ду ва сесатҳа дар Душанбе бозгӯи пешравиашро медиҳанд.
Маврид ба ёдоварист, ки китоби мазкур ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Китоб бозгӯи иқдомоти созандаву бунёдкоронаи шаҳрдори имрӯза буда, ифодагари хидматҳои арзандаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ мебошад. 
Дар маҷмӯъ, шаҳри Душанбе дар китоб ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хидматрасонии дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмурию истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират қаламдод гардидааст. 
Рӯнамоии қисми 2 - юми китоби «Душанбе - қалби Тоҷикистон» дар остонаи таҷлили Рӯзи пойтахт сурат гирифта, туҳфаи арзандае шуд баҳри сокинону меҳмонони он.  
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 282
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед