logo

Хабарҳо

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм бо иштироки муовини якуми вазир Муҳаммаддовуд Саломиён  ва раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар он зикр гашт, ки ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни ҷомеа, махсусан илму маориф, ба комёбиҳои камназир даст ёфтанд.
Эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ ва шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои олӣ барои олимон, пайваста зиёд намудани стипендияҳо, мустаҳкам намудани базаи моддии муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки маҳз ба хотири рушди соҳаи илм ва маориф роҳандозӣ гардидаанд.
Чуноне гуфта шуд, масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар анҷоми конференсия ба як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олию илмии кишвар ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим гардид.
Дар ин бора ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд.
 
 
Боева Нилуфар, таҷрибаомӯзи «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 268
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед