logo

Хабарҳо

ДЗЮДО

Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар раддабандии нав
Бар пояи раддабании нави Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг) миёни дигар паҳлавонони тоҷик натиҷаи беҳтарро дошта, бо касби 3580 хол дар мақоми 15-уми раддабандии олимпӣ қарор дорад. 
Мавқеъҳои дзюдогарони Тоҷикистон дар феҳристи нав: Комроншоҳ Устопириён мавқеи 20-ум (2784 хол), Темур Раҳимов 21-ум (3009), Беҳрӯз Хоҷазода 25-ум (2796), Акмал Муродов 51-ум (1024), Шакармамад Мирмамадов 51-ум (892) ва Шаҳбоз Саидаброров 57-ум (876). 
Тибқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии дзюдо, 20-гонаи ҳар вазн роҳхати Бозиҳои олимпии Токио – 2020-ро ба даст меоранд.
 
 
ФУТБОЛ
Мунтахаби Россия аз Думаи давлатӣ мукофот гирифт
Аз ҷониби Думаи давлатӣ ба тими миллии Россия оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Станислав Черчесов дипломи фахрӣ ва медали «Барои дастовардҳои баланди варзишӣ дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол – 2018» тақдим гардид.
- Ба Думаи давлатӣ ва раиси он Вячеслав Володин сипос мегӯям. Дар футбол ба даст оварданди ҷоиза хеле муҳим аст. Се сол пеш ин кор ба мо даст надод. Вале тавре ки ман борҳо гуфта будам, мунтахаби Россия аз нигоҳи садоқат беҳтарин буд ва мухлисони сершумори худро бетараф нагузошт. Ин мусобиқот то дер боз дар ёдҳо нақш мебандад. Аммо ҳоло ҳама фикрҳои мо дар бораи мусобиқаи Евро – 2020 аст,- иқтибос меорад саҳифаи расмии телеграммаи мунтахаби Россия аз номи Черчесов.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон – 2018 (Россия) мизбонон бори аввал то даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфтанд. 
 
 
ТЕННИС 
Рублёв аз Федерери соҳибном пеш гузашт
Дар раддабандии нави АТР теннисбози рус Андрей Рублёв баъд аз роҳ ёфтанаш ба финали мусобиқоти Мастерс (Монте-Карло) бо касби 5955 ба зинаи 7-ум баромад ва аз Роҷер Федерер пеш гузашт.
Даҳгонаи беҳтаринҳо инҳоянд: Новак Ҷокович (Сербия, 11873 хол), Даниил Медведев (Россия, 9850), Рафаэл Надал (Испания, 9490), Доминик Тим (Австрия, 8615), Стефанос Тситсипас (Юнон, 7860), Александр Зверев (Олмон, 6125) Роҷер Федерер (Швейтсария, 5875),  Диего Швартсман (Аргентина, 3720) ва Маттео Берреттини (Италия, 3453)  
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 340
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед