logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛ ТАСКИНБАХШ АСТ

Дар сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Назарзода, сардори сарраёсати молияи вилоят, Ҳабибулло Раҳимов муовини сардори сарраёсати молияи вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва кормандони ин ниҳод ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар семоҳаи якуми соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
 
Бахтиёр Назарзода иброз дошт, ки сарраёсат дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонд.  
- Дар вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 2,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 136,5 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 535,5 миллион сомонӣ расид. Гардиши савдои хориҷии вилоят ба 105 миллион доллари амрикоӣ баробар гардида, содироти мол 36,1 миллион долларро ташкил дод, - гуфт сардори сарраёсат. 
Гуфта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи соли равон ба 727,7 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 48 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра музди миёнаи моҳона ба 1115 сомонӣ баробар шуд. 
Нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли равон аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 104 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 344 миллион 358,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 14,3 миллион сомонӣ зиёд аст. 
Дар ин давра андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро шаҳру ноҳияҳои Норак 863, Вахш 138, Кӯшониён 400, Ҷайҳун 83, Ёвон 636, Темурмалик 125 ва ноҳияи Ховалинг 131 ҳазор сомонӣ таъмин карданд.
Дар ин бора Далер Шарифов, котиби матбуотии сарраёсати молияи вилоят, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод.
 
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 316
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед