logo

Хабарҳо

ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ ПУТИН БО БЕРДИМУҲАМЕДОВ

«Российская газета». Сарвари Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов рушди ҳамкории шарикии стратегии ду кишвар ва мубориза алайҳи паҳншавии коронавирусро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.
Ғайр аз ин, масоили омодагиҳо ба саммити шашуми Ҳазар ва форуми дуюми  иқтисодии Ҳазар матраҳ шуданд. 
Дар хабари хадамоти матбуоти Кремл таъкид мешавад, ки ҳамкории шарикии стратегии давлатҳо муваффақона рушд менамояд.
 
Авҷи коронавирус дар Ҳиндустон 
Мир24. Авҷи бесобиқаи сироятёбӣ ба коронавирус ҳукуматдорони Ҳиндустонро ба ташвиш овардааст. Танҳо шабонарӯзи ахир дар кишвар  беш аз 350 ҳазор нафар мубталои ин беморӣ шуд.
Тибқи маълумотҳо, дар шаҳри Деҳлии Нав ҳар чор дақиқа аз бемории коронавирус як нафар аз дунё мегузарад. Вазъи баамаломадаро  ҳукуматдорон на мавҷи навбатӣ, балки тӯфони марговар  меноманд.
 Сарвазири мамлакат Нарендра Моди зимни суханронии радиоӣ  чунин изҳор намуд: «Ин боз як имтиҳони дигарест барои устуворӣ. Ман дар ҳоле бо шумо суҳбат дорам, ки коронавирус сабру тоқати моро месанҷад. Мо пас аз муборизаи муваффақона ба мавҷи аввали инфексия рӯҳбаланд гардида будем, вале тӯфони навбатии коронавирус миллати моро ба изтироб овард. Ҳатто, дар бемористонҳои пойтахтҳо ҷой намерасад. Дар музофотҳо бошад, аҳвол аз ин ҳам бадтар аст.
 
 
Ван Вэнбин: «Чин Россияро дастгирӣ менамояд»
ТАСС. Тавре ҳукуматдорони Чин изҳор доштанд, дар пасманзари  шиддатноктар шудани таҳримоти Ғарб нисбат ба Россия, онҳо дастгирии Москваро таҳким мебахшанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин иброз намуд.
- Мо қатъиян зидди таҳримҳои яктарафа мебошем. Чин ва Россия дар муносиботи умумии шарикӣ  ва масоили ҳифзи соҳибистиқлолии давлатӣ ҳамдигарро ҷонибдорӣ  мекунанд,- зикр намуд Ван Вэнбин.
Тибқи гуфтаи дипломат, Пекин умедвор аст, ки ИМА ва Россия муколамаи  мусолиматноки сиёсиро барқарор сохта, ихтилофотро аз байн мебаранд.
 
 
ХФБ панҷ матбааи пинҳонии ҳуҷҷатсозӣ барои муҳоҷиронро баст
«Российская газета». Кормандони отряди назорати сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Россия дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово ва сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти ФР дар шаҳри Москва бо дастгирии Росгвардия фаъолияти гурӯҳи ҷиноятиеро, ки будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Россия ғайриқонунӣ ба расмият медаровард, қатъ намуданд. Дар ин бора аз маркази робита бо ҷомеаи ХФБ ФР иттилоъ доданд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ, дар натиҷаи фаъолияти  ҷустуҷӯӣ - оперативӣ, дар шаҳри Москва ва вилояти Москва панҷ матбааи махфӣ ошкор ва баста шуда, 16 ташкилотчӣ  ва фаъолони гурӯҳи ҷинояткор дастгир гаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 259
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед