logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ АЛАЙҲИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ВА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ОҒОЗ КАРД

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи марзӣ нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии моддаи 395 қисми 2 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ, куштани ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин, марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ, ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Тибқи изҳороти расмӣ, ки аз ҷониби маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ нашр гардид, 29 апрели соли 2021 тақрибан соати 11 як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии № 2-и «Хоҷаи Аъло» - и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷамъ омада, монеи насби камераҳои мушоҳидавӣ дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» аз ҷониби муҳандисони тоҷик шуданд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли мақомоти прокуратура барои насби камера ё дурбинҳои мушоҳидавӣ қаблан мувофиқа ҳосил шуда буд.
Ҷамъомадагон бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ карда, ҳамзамон, буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил гардид, мубаддал гашт. Дар ҳамин ҳол, барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо низ, новобаста аз мақоми расмиашон аз силоҳи оташфишон барои ҷисман нобуд кардан оташ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, аҳолии маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.  
Дар баёния зикр мешавад, ки ин гурӯҳ дар идомаи бетартибиҳо «бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон ва техникаи ҳарбӣ ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусию давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд. Дар натиҷа якчанд нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ ва объектҳои инфрасохтор оташ зада шуданд. Ба шаҳрвандон ва давлат зиёни махсусан калони моддӣ расид.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.
Дар робита ба ин, айни замон, гурӯҳи тафтишотӣ - фаврӣ созмон ёфта, тафтишот идома дорад.
 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2021    №: 89    Мутолиа карданд: 1753
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед