logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

Давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Созмони ҳамкории Шанхай», ки онро Тоҷикистон пешбарӣ карда буд, истиқбол намуданд. 
Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 то 30 апрели соли 2021 дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) Созмони ҳамкории Шанхай воқеъ дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви ин созмони байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ҳамин ҷаласа натиҷаҳои чорабинии тахассусии сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай ва раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ки таҳти ҳамраисии Тоҷикистону Федератсияи Россия баргузор гашт, баланд арзёбӣ гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, рӯзномаи ҷаласа зиёда аз 60 масъалаи фаъолияти ҷории Созмони ҳамкории Шанхайро фаро гирифт. Ҳамоҳангсозони миллӣ раванди омодагӣ ба чорабинии асосӣ – ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои узви СҲШ-ро, ки 16 – 17 сентябри соли 2021 дар Душанбе дар шакли ҳузурӣ баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, вобаста ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати дар чорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, ки 13 – 14 июли соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад, баргузор намудани ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ – Афғонистон» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ табодули афкор сурат гирифт. Дар ин радиф, лоиҳаи нақшаи чораҳои амалии мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардид.
Ҳамоҳангсозони миллӣ дар бораи давраи нави ҷойивазкунии мансаби роҳбарони мақомоти доимамалкунандаи СҲШ ва ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии созмон барои соли 2021 - ро муфассал баррасӣ карданд. Мувофиқа шуд, ки дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай чорабинии махсуси ҳамоҳангсозон бо намояндагони ваколатдори вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ баргузор шавад.
Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» идома дорад.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 380
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед