logo

Хабарҳо

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуданд. 
Дар оғоз Саймумин Ятимов аз ҳодисаҳои охир, ки дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд, ёдовар шуда, гуфт, ки бо саъю кӯшишҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шуд. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо мулоқоту музокирот намуданд ва дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламрави сарҳадии ҳар ду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки Ворух ва Чоркӯҳ таърихи куҳан дошта, мардуми он ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доранд. Тайи чанд соли ахир дар рӯзи аввал иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Ба ин хотир, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро боз ҳам дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, оинҳои неки ҳамсоядориро бо мардуми кишвари ҳамсоя ҳамеша риоя намоянд. Яъне, мардуми наздимарзӣ аз худ сабру таҳаммул ва хирадмандӣ нишон дода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи баҳси сарҳадро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокирот ҳал хоҳанд кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ идома дорад. Манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, барқарор гардида, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин таъмир хоҳанд шуд. Ҳамзамон, аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон ёрии моддӣ дода мешавад.
 
 
БЕЛАРУС 
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар назар аст
Моҳи августи соли равон дар Беларус ба муносибати 25 - умин солгарди барқарор шудани муносиботи дипломатӣ байни Беларусу Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод зимни суханронӣ дар «Хонаи дӯстӣ» зимни вохӯрии «Муколама бо сафир»  иброз  дошт.
Дипломат зикр кард, ки Тоҷикистон мехоҳад санъати худро ба таври васеъ муаррифӣ кунад ва ба муносибати санаи ҷашнӣ якчанд чорабиниҳо доир намояд. Инчунин, гуфта шуд, ки дар доираи он конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гашта, натиҷаҳои муносиботи дуҷониба дар ин давра ҷамъбаст мешаванд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ, ҳамзамон, ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро муҳим шумурд. Таъкид гашт, ки соли 2018 мо КМ «Агротехсервис»-ро барои бастубанди техникаи кишоварзии Беларус ифтитоҳ кардем, ки он маҳсулотро мустақиман ба кишварҳое чун Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир мекунад.
 
 
САЙЁҲӢ
Баррасии тақвияти ҳамкориҳо
Зимни иртиботи видеоии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва  муовини Маъмурияти миллии туризми Гурҷистон Медея Ҷаниашвили, вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд. 
Ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон мизи мудаввари видеоӣ баргузор гардад. Мусоҳибон, инчунин, доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва интишори маълумот оид ба имкониятҳои сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ карданд.
 
АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 363
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед