logo

Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ҳар як хонадони мамлакат тақдим мешавад.
Ин навбат корвони китоби “Тоҷикон”, ки ҳамчун қомус ва шиносномаи миллат арзёбӣ мегардад, ба шаҳри Турсунзода расид. Ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллат аз ҷониби мардуми меҳнатдӯсти шаҳр бо хушҳолӣ пазируфта шуд. 
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, ба масъулон супориш дод, ки ҷиҳати сари вақт расондани туҳфаи Сарвари давлат ба аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина, тақсимоти китобҳо дар маркази шаҳр ва нуҳ деҳот, ки фарогири беш аз 55 ҳазор хонавода аст, муташаккилона ҷараён дорад.
Асари безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси меҳанпарварӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 
 
АРЗИШҲОИ ҶАҲОНИИ ОСОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА БАРРАСӢ ШУДАНД
- Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи  шоирони шаҳири тоҷик мебошад, ки  осораш  шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Аҳамияти эҷодиёти шоир, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки  ӯ вассофи сулҳ ва Ватан буд. Инсон ва арзишҳои ӯро сарфи назар аз он ки  шаҳрванди кадом кишвар аст, болотар аз ҳама чиз медонист. Ӯро на танҳо дар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар  қораи Осиё, Африқову Аврупо чун мунодии сулҳ, ҳимоятгари арзишҳои инсонӣ мешинохтанд ва эҳтиром менамуданд.
Ин нукта дар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ, ки дар Академияи миллии илмҳо ба хотири 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода сурат гирифт, зикр шуд. 
Таъкид гашт, ки эҷодияти Мирзо Турсунзода дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба марҳилаи нави инкишоф расид, қалами шоир тезтар, ҷанбаи ҳунарии ашъораш пурқувват гардид. Сафарҳои пайдарпай ба кишварҳои хориҷ ва вохӯриву суҳбатҳо бо адибони маъруфи ҷаҳон сабаб гардид, ки  паҳлуҳои гуногуни услуби эҷодиёти шоир такмил ёфта, шеъраш рӯҳияи умумибашарӣ пайдо намояд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, зимни суханронӣ осори устод Турсунзодаро гаронарзиш ва ормонҳояшро ҷовидонӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт: "Асарҳои ӯ ба омӯзиши мукаммал ниёз доранд. Хусусан, мукотибаҳои шоир бо адибону олимон, ба мисли Э.Брагинский, В.Тихонов, ки дар Осорхонаи адабию ёдгории шоир маҳфузанд, ҳанӯз мукаммал омӯхта нашудаанд". Устод Турсунзода мубаллиғи дӯстии халқҳо мебошад ва, ҳамчунин, дар зебоии баён ва ифодаи ормонҳои миллӣ назир надорад. Шеъраш пас аз маргаш, хусусан баъди пош хӯрдани низоми Иттиҳоди Шӯравӣ, аҳамияти худро гум накард, балки ниёзи ҷомеа ба он бештар гардид. 
Гӯё Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ин мисраъҳоро барои ӯ сурудааст: 
Ай басо шоир, ки пас аз марг зод,
Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 370
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед