logo

иқтисод

«ҒАСБИ ЗАМИНҲОИ ҶАНГАЛ. ГУФТАНИҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ»

Прокуратураи вилояти Хатлон маълумотҳои мақолаи «Ғасби заминҳои ҷангал. Гуфтаниҳое, ки бояд гуфт», ки 17 марти соли 2021 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти № 55 (24162) ба нашр расидааст, мавриди санҷиш қарор дод. 
Муайян карда шуд, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Шаҳритус аз 02 декабри соли 2019 таҳти № 1294 ба хоҷагии деҳқонии «Раббонӣ» қитъаи замини иловагӣ дар майдони 4,90 га, аз ҷумла замини буттазор 4,84 га, каналу заҳбур 0,06 га аз ҳисоби заминҳои собиқи хоҷагии деҳқонии ба номи Н. Ғучиев аз тарҳи № 64 харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии Н. Ғучиев дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров бо истифодаи бемуҳлат дода шудааст.
Ваҷҳи дар мақола дарҷгардида оид ба фонди ҷангал мансуб будани қитъаи замини иловагӣ додашуда, мавриди санҷиш қарор дода шуда, муайян гардид, ки мувофиқи баҳисобгирии давлатии замин дар ноҳияи Шаҳритус, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 513 аз 31 декабри соли 2005 тасдиқ шудааст, қитъаи замин мувофиқи харитаи заминистифодабарии хоҷагии Н. Ғучиев дар тарҳи № 64 буда, майдони умумии он 4,99 га, аз ҷумла замини буттазор 4,84 га, зери об 0,15 гектарро ташкил дода ба заминҳои собиқ хоҷагии деҳқонии Н. Ғучиев тааллуқ дорад.
Дар асоси моддаи 5-и Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди ҷамъиятии ҷангал, ҷангалҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ба таври сунъӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, дигар субъектони хоҷагидорӣ бунёд шудаанд, дохил намегарданд. Инчунин, дарахту буттаҳои ҷудогона ва гурӯҳи дарахту буттаҳои заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳои фарҳангию истироҳатӣ низ ба фонди ҷангал дохил намешаванд.
Ҳамчунин, дар рафти санҷиш муайян шуд, ки дар асоси моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» (аз 15 марти соли 2016 № 1289) қитъаи иловагии замин ба хоҷагии деҳқонӣ барои истифодаи муҳлатнок ва ё ҳамчун иҷора аз ҳисоби заминҳои гурӯҳҳои зерин, аз ҷумла аз гурӯҳи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ - заминҳои нав азхудкардашуда, истифоданашаванда, заминҳои иншооти обёриашон азкормонда ва барои кишт нобоб ва аз гурӯҳи заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқ мебошанд, дода мешавад.
Бо вайрон намудани талаботи мазкур ба хоҷагии деҳқонии «Раббонӣ» қитъаи замини иловагӣ ғайриқонунӣ бемуҳлат дода шудааст.
Мувофиқи хулосаи кумитаи идораи замини вилоят аз 13 апрели соли 2021 ҳангоми додани қитъаи замини иловагӣ ба хоҷагии деҳқонии «Раббонӣ» талаботи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» риоя карда нашуда, он бояд ба қонун мутобиқ гардонда шавад.
Бинобар ин, ба қарори номбаршудаи раиси ноҳияи Шаҳритус оид ба додани қитъаи замини иловагӣ ба хоҷагии деҳқонии «Раббонӣ» таҳти № 1294 аз 02 декабри соли  2019 эътироз оварда шуда, масъалаи ба қонун мутобиқ гардондани он гузошта шуд.
Муроҷиатҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавозуни Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритус гузарондани қитъаи замин бинобар дар он мавҷуд будани миқдори зиёди дарахту буттазор аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус баррасӣ гардида, тариқи хаттӣ хабар дода шудааст.
Инчунин, муроҷиати Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2019 таҳти 04/02-1141 аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи прокуратураи вилоят ба прокуратураи ноҳияи Шаҳритус ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо натиҷаи санҷиш фаҳмонда дода шудааст, ки дар сурати розӣ набудан тибқи талаботи моддаи 24-и Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани қарори раиси ноҳияи Шаҳритус ба суд муроҷиат намояд.
 
Абдураҳим РАҲИМЗОДА,
прокурори вилояти Хатлон, 
мушовири давлати иадлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2021    №: 94    Мутолиа карданд: 513
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед