logo

иҷтимоиёт

МУКОФОТИ ОЛӢ. ВАҚТЕ МЕҲРИ ИНСОН ДАР ДИЛИ МАРДУМ БАРОИ ҶОВИДОНА МАЪВО МЕГИРАД!

Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарзанди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин –  дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард.                                                
Э. РАҲМОН  
 
Шоири шаҳиру маҳбуб Мирзо Турсунзода дар назми шӯравии тоҷик ситораи дурахшон буда, булбули шайдои боғи шеъри дуҳазорсолаи форсигӯёни олам мебошанд, ки имрӯз ҳам байни мо бо ғояҳои инсондӯстонааш зиндаанд. Устоди зиндаёд як тоҷике буданд, ки дар як деҳаи хурди кӯҳии Қаратоғ чашм ба олами ҳастӣ кушода, бо назми тавонояшон дили оламиёнро тасхир намуданд.
Мирзо Турсунзода ба кадом мавзӯе, ки даст задаанд, онро тавассути ашъори худ ба дараҷаи баланд бурда, ҳаматарафа инъикос карданд. 
Яке аз мавзӯъҳое, ки қисми бештари эҷодиёти шоирро дар бар мегирад, дӯстист. Аз ин, рӯ Турсунзодаро омӯзгори дӯстӣ гӯем, хато намекунем.
 То тавонӣ дӯстонро гум макун,
 Дӯстони меҳрубонро гум макун.
 Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
 Мушкилосонкун касонро гум макун.
 Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
 Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Ин шеъри устод сухани хайрамақдами ҳар маҳфилу ҷамъомадҳо гардидааст. Гувоҳи дили аз дӯстӣ саршори шоир аст. Зеро худ ба қадри дӯст ва дӯстӣ мерасиданд. Суханони ҷаззоб ва лаҳни зебо доштанд ва ба ҳар куҷое қадам мегузоштанд, мардум дӯсташон медоштанду эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд. 
Мирзо Турсунзода ҳамчун раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нисбат ба адабиёти классикиамон ҳеҷ гоҳ бетараф набуданд. Мероси бузург ва бойи назми классикии форсу тоҷикро гиромиву азиз медоштанд ва омӯхтани онро ба дигарон талқин менамуданд.
Солҳои 50-уми асри гузашта дар илми адабиётшиносии тоҷик омӯзиши рӯзгору осори шоири ҳавзаи адабии Қӯқанд дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX Одинамуҳаммади Маъдани Понғозӣ оғоз шуд. Дар ин давра донишмандони шинохтаи тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, мураттиби ашъори шоир Дилбар Аҳмадов ва дигарон баъзе маълумоту  навиштаҳои ҷолибро аз намунаҳои осори шоир барои хонандаи тоҷик ҳадя карданд. Турсунзода аз ҳамон вақт ба ҳаёту рӯзгори Маъдани Понғозӣ мароқ зоҳир намуданд. Бо Шарифҷон Ҳусейнзода ва Холиқ Мирзозода вохӯрда, дар бораи шоир маълумотҳои зиёд гирд оварданд ва азм гирифтанд, ки ба зодгоҳаш бираванд.
Ҳамроҳи гурӯҳи адибон соли 1957, баҳри вохӯрӣ бо меҳнаткашон, ба ноҳияи Ашт сафар намуданд. Баъди омадан ба ноҳия, вохӯриҳоро аз деҳаи Понғоз оғоз карданд. Пеш аз вохӯрӣ, ба қабристони Мир Ҳаким Ато, ки мақбараи шоир дар он ҷойгир аст, рафтанд. Лаҳзае, ки ба оромгоҳи шоир расиданд,  аз ҳоли хароби он таассуф хӯрданд. Аз ин лиҳоз, дар вохӯрӣ хоҳиш намуданд, ки аз пайи ободии он шаванд. Ҳамчунин, бо хоҳиши муҳаққиқи эҷодиёти Маъдани Понғозӣ Дилбар Аҳмадов, устод Мирзо Турсунзода пешниҳод карданд, ки мактаби калонтарини деҳа ба номи ин шоири бузург гузошта шавад. Баъди талошу такопӯҳои зиёди равшанфикрон ин орзуи дерина ҷомаи амал пӯшид, ки дар ин ҷода саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барҷаста аст.
Чун зиндагию фаъолияти бузургон пурмазмун ва  ибратомӯз аст, дар лавҳи хотироти мардум сабт мегардад. Ҳаёту рӯзгори инсони фозил Мирзо Турсунзода низ пур аз чунин лаҳзаҳои фаромӯшношуданист. Устод ҳар куҷое қадам ниҳоданд, роҳ ба дилҳо ёфтаву аз худ хотироти неке боқӣ гузоштанд. 
Ҳамаи унвону мукофотҳои шоирро ин ҷо номбар намекунам, зеро ҳама медонад. Ба ҳамаи он мукофотҳо арзанда буда, натиҷаи меҳнат, дилсӯзиву мардумдӯстист. Лек мукофоти беҳтарин, дар қалби мардум абадан ҷой гирифтан аст.
 
Раҳим ҚОБИЛОВ, омӯзгори МТМУ № 40, ноҳияи Ашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2021    №: 94    Мутолиа карданд: 358
21.06.2021


КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед