logo

Хабарҳо

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

Дар Осорхонаи миллӣ ба шарафи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021” ва 76 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиши махсус ифтитоҳ гардид.
Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил, намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва хонандагони МТМУ № 8 - и шаҳри Душанбе дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 98 экспонати нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимоти ҷангӣ, ордену медалҳо ба маъраз гузошта шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан қисса мекунанд.
Бори аввал аризаҳову номаҳои пешниҳоднамудаи ихтиёрини ҶБВ Марям Абдуллоева, Сайид Баротов, Солӣ Одилов, Авғон Маҷитов ва мактубҳои Машраб Ахмедов, Абдусаттор Қодиров, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ ирсол кардаанд, ба намоиш гузошта шуданд. Лавозимоти ҷангӣ аз қабили сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, шинел, гимнастёрка, миёнбанд ва сумкаи саҳроии Фотеҳ Ниёзӣ, сумкаи тиббӣ ва милтиқи Назира Умарова, дурбини иштирокчии ҷанг Чароғ  Қодиров, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сӯрохшуда ва ба хун олудаи Р. Амонов касро ба майдони набардҳои беамон мебарад.
Қайд гардид, ки ин ҷанг аз тӯлонитарин ва мудҳиштарин ҷангҳо дар таърихи башарият буд. Дар он миллионҳо одамон – шаҳрвандони тамоми ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, сарфи назар аз миллат, эътиқодоти диниву мазҳабӣ ҷангиданд ва ҷонҳои худро нисор намуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ҳазор фиристодагони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд, ки имрӯз мо номашонро бо ифтихор ба забон меорем.
Дар охири чорабинӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ки имрӯз шумораашон хеле кам мондааст, гул ва китобҳо туҳфа гардид ва ҷавонон ба онҳо сипосу ташаккур гуфтанд. Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 15 майи соли ҷорӣ идома меёбад.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 506
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед