logo

Хабарҳо

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД

CentralAsia (UZ). Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон эълом дошт, ки  даҳ шаҳрвандашро, ки ба созмонҳои байналмилалии террористӣ пайвастаанду ба амнияти миллии кишвар ва дигар давлатҳо таҳдид мекунанд, ҷустуҷӯ менамояд. 
«Аз ҳамватанон даъват менамоем, ки агар дар бораи ин ашхос маълумоте доранд, ба идораҳои минтақавии корҳои дохилӣ ва ё тариқи телефони  рақами 102 хабар диҳанд»,- гуфта мешавад дар иттилои вазорат.
ВКД-и Ӯзбекистон аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки аз худ зиракӣ нишон дода, фирефтаи таблиғи ифротиён дар шабакаҳои интернетӣ нагарданд.
 
 
ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ ВАЗЪИ ФАЛАСТИНРО ДАҲШАТАНГЕЗ НОМИД
ТАСС. Ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо Папаи Рум Франсиск, Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган вазъияти дар Фаластин бамиёномадаро даҳшатбор номид. Мавзӯи асосии мусоҳибон зарбаҳои қӯшунҳои ҳарбии Исроил ба Фаластин буд,- хабар додааст агентии Anadolu. 
- Оид ба низом овардани вазъи Фаластин,  Туркия тавассути роҳҳои  дипломатӣ аз ҳамаи абзорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, истифода мебарад, вале дар ин ҷода Шӯрои амнияти СММ чандон масъулият зоҳир наменамояд,- гуфтааст Раҷаб Тайип Эрдоган.
 
 
СММ: «38 ҲАЗОР ФАЛАСТИНӢ ҶИҲАТИ ДАРЁФТИ ПАНОҲГОҲИ МУВАҚҚАТӢ ЁРӢ ПУРСИД»
«Российская газета». 38 ҳазор гурезаи  фаластинӣ барои кумак ба Агентии Шарқи Наздики СММ  муроҷиат намудааст. Бинобар зарбаҳои идомадори  Исроил, мардуми фирорӣ ҷиҳати дарёфти паноҳгоҳи муваққатӣ ёрӣ хостанд. Намояндаи созмони анклави  фаластинӣ Аднан Абуҳусна зикр намуд, ки харобот дар сектори Ғазза бесобиқа мебошад.
Агентӣ дар сурати идома ёфтани даргириҳо ният дорад дар сектори Ғазза 50 паноҳгоҳ боз намояд,- навиштааст АИР «Новости». 
Қаблан, хабар дода шуда буд, ки аҳолии сектори Ғазза  аз хавфи оғоз гардидани амалиёти низомии  қӯшунҳои пиёдагарди Исроил тӯда-тӯда маҳали зисташонро тарк менамоянд.
 
 
ДАЪВАТИ МЕРКЕЛ ОИД БА СОХТМОНИ «МАҶРОИ ШИМОЛӢ -2»
«Парламентская газета». Канслери Олмон Ангела Меркел, бинобар босуръат кам шудани истихроҷи газ дар Аврупо, хостори ҳарчи зудтар ба анҷом расондани  сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Маҷрои шимолӣ – 2» шуд. Бино ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз таҳдидҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, роҳбарияти кишвар татбиқи лоиҳаро комилан дастгирӣ менамоянд.
Соли 2020 истихроҷи гази табиӣ дар Аврупо якбора 22,8 дарсад коҳиш ёфт ва солҳои наздик барои Олмон  бештар гази Россия лозим мешавад. Алҳол қариб нисфи гази содиротии Иттиҳоди Аврупоро гази Россия ташил медиҳад.
Бино ба ақидаи сарвазири Замини Саксония Михаэл Кречмер, ба истифода додани «Маҷрои шимолӣ – 2» масъалаи воридоти газро ҳал хоҳад кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 590
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед