logo

сиёсат

ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН – БАРОДАРОНИ ҶОВИДОН!

10  июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ин сафари чоруми Шавкат Мирзиёев ба сифати Сарвари давлати дӯсти Ӯзбекистон ба кишвари мо мебошад. 
Дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо директори кулли Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «ӮзА»  Абдусаид Кучимов  оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар суҳбат намуданд,  ки пешниҳоди хонандагон мегардад.
 
А. Кучимов: - Муҳтарам Саидалӣ Раҷабалиевич, биёед аз рӯзҳое ёдовар шавем, ки дар таърихи ҳамкориҳои мамлакатҳои мо саҳифаҳои нав кушоданд. Чӣ тавре ки маълум аст, 9 – 10 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари шумо нахустин сафари расмиро анҷом доданд, ки ин ташриф   аз оғози давраи нав дар таърихи ду давлат мужда расонд. 
С. Сиддиқ: - Бале, воқеан, рӯйдоди таърихие буд, зеро Сарвари Ӯзбекистон дар тӯли қариб 20 сол бори нахуст ба кишвари мо бо сафари расмӣ ташриф овард. 
А. Кучимов: - Медонед, дар Ӯзбекистон ба ин сафар махсус омодагӣ дида буданд. Пеш аз ташрифи Президенти мамлакати мо ба Душанбе, бисёр мушкилоти солҳои сол дар байни ду давлат вуҷуддошта, дар фосилаи кӯтоҳ ва муҳимтар аз ин, бо роҳи мубодилаи афкор ва дар фазои ҳамдигарфаҳмиву ҳусни тафоҳум ва эҳтироми байниҳамдигарӣ аз миён бардошта шуданд. Бо кӯшиши сарварони давлатҳои мо масъалаҳои  делимитатсияи сарҳадҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пурра ҳал гардиданд. Робита тавассути роҳҳои ҳавоӣ ва оҳан дар байни Тошканду Душанбе аз нав барқарор гашт. Дар мавзеи Самарқанд-Панҷакент роҳи мошингарди байналмилалии А-377 ифтитоҳ ёфт. Дар сарҳади давлатии миёни ду кишвар  нуқтаҳои иҷозатномадиҳӣ ба кор шурӯъ карданд, ки ин воқеан, барои мо – мардуми бо ҳам бародар ба иди воқеӣ табдил шуд. 
С. Сиддиқ: - Каме пештар, моҳи марти соли 2017 дар Душанбе намоиши маҳсулоти миллӣ зери бренди «Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст» ва бизнес – форум бо иштироки намояндагони доираи тиҷоратии ду кишвар бомуваффақият баргузор гашта буд. Ин аввалин вохӯрӣ баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии ду халқе буд, ки садсолаҳо бо урфу одатҳои муштарак паҳлуи ҳам мезистанд.  
А. Кучимов: - Оре, мо ҷараёни форуми мазкурро аз интернет мехондем  ва дар матбуот нашр менамудем, ки чӣ тавр душанбегиҳо ба молҳои истеҳсоли Ӯзбекистон бо шавқ таваҷҷуҳ доштанд ва аз комёбиҳои мо – сар карда аз истеҳсоли яхдон, телевизорҳо, телефонҳои мобилӣ то мошинҳои боркашу сабукрав, автобусҳо, техникаҳои кишоварзӣ махсус ҳарф мезаданд. 
С. Сиддиқ: - Бале, ҳамин тавр буд. Ман худ шоҳидам. Баъдан, дар ҷараёни ташрифи Президенти кишвари мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» дар шаҳри Тошканд баргузор гашт. Дар намоишгоҳ маҳсулоти зиёда аз 60 корхонаи бузурги саноатии мамлакати мо ба маъраз гузошта шуда буд, аз ҷумла: «Талко», «Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Фароз», «Шири Душанбе», «Ангишт», «Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин», «Қолинҳои Қайроққум», «Амирӣ», «Маколли», «Оби зулол». Корхонаҳои металлургӣ, мошинсозӣ, мудофиавӣ, хӯрокворӣ, кимиёвӣ ва саноати сабук номгӯи васеи молу маҳсулотро ба намоиш гузоштанд. 
А. Кучимов: - Имрӯз дар ин бора, албатта, ҳарф задан осон аст. Вале даврае низ буд, ки ду халқи бародари аз як дарё об менӯшида, мисли бегонаҳо робита надоштанд… 
С. Сиддиқ: - Бале, ғамангез аст ба ёд овардани он рӯзҳо. Маълум мешавад, ки якбора бегона гаштани одамоне, ки пештар аз хешу бародар ҳам наздиктар буданд, имконпазир аст. Қариб дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳраки Навобод, ки ман таваллуд шудаву ба воя расидаам, бародарони зиёди ӯзбек ба сар мебаранд, ки, аслан, мардуми Қашқадарёанд. Якҷо бари дар бар мезистем, дар як мактаб мехондем, мо дар синфҳои тоҷикӣ, онҳо дар синфҳои ӯзбекӣ ва ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ худро бегона эҳсос намекард.  
А. Кучимов: - Дар мо ҳам чунин буду ҳаст. Ман дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, чашм ба дунёи ҳастӣ кушодаам. Дар мо тоҷикон зиёданд. Дар ҳар хона, дар ҳар ҷашну сур суруду мусиқии тоҷикӣ садо медиҳад. Умуман, дар мо – ӯзбекон ва тоҷикон на танҳо менталитети ягона вуҷуд дорад, балки мусиқӣ ва сурудҳо ҳамоҳангу ҷӯр садо медиҳанд, зеро тобиши оҳангнокӣ ягонаанд. Масалан, «Шашмақом»-ро гирем, ки ба тоҷикӣ маънои «шаш мақом»-ро дорад. Вақте ки ин оҳанг танин меандозад, пешакӣ пай намебарӣ, ки суруд ба забони ӯзбекӣ садо медиҳад ё тоҷикӣ.
С. Сиддиқ: - Миёни мардумони мо умумият на танҳо дар мусиқӣ, балки дар анъанаҳо низ ҳаст. Моро тақдири умумии таърихӣ, дин, арзишҳои фарҳангӣ, урфу одатҳо, пухтупаз, сарулибос, қариб менталитети якхела муттаҳид кардаанд. 
Гуфтан метавон, ки барои намояндагони дигар миллатҳо фарқ намудани тоҷикон ва ӯзбекон аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ бисёр душвор аст. Тоҷикону ӯзбекон аз мероси гаронарзиши фарҳангии ҳамдигар якҷоя баҳра мебардоранд. Тасаввур кунед, ки як муддати тӯлонӣ ҳамаи ин муштаракотро  мо ба боди фаромӯшӣ додем. Марзҳо баста шуданд, ҳар ду ҷониб наметавонистанд ба аёдати хешовандон бираванд. 
А. Кучимов: - Албатта, баста шудани марзҳо ба иқтисоди кишварҳоямон низ бетаъсир намонд. Ба соҳибкорони ӯзбек зарур омад, то муштариёнро аз дигар кишварҳо биҷӯянд, ҳол он ки харидор дар паҳлуямон буд. Дар Тоҷикистон низ, ба фикрам, дар тиҷорати молу маҳсулот чунин мушкилот ҷой дошт. 
Баъди он ки Шавкат Мирзиёев сарвари давлат интихоб гардид, ях дар муносибати ҳамдигарӣ аввал шикаст ва баъд батамом об шуд ва мардуми мо аз нав бо ҳам забон ёфтанд. Имрӯз пешравиҳое, ки дар муносибатҳои ҳасанаи байниҳамдигарии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба даст омаданд, бовар кунед, ибратомӯзанд ва метавонанд барои дигар давлатҳо намуна бошанд, ки дар ин бобат коршиносони байналмилалӣ низ ҷо - ҷо ҳарф мезананд. 
С. Сиддиқ: - Воқеан, ҳамин тавр аст.
А. Кучимов: - Ман бесабаб аз далелҳое, ки дар таърихи муносибатҳоямон оғоз ёфтани давраи куллан навро шаҳодат медиҳад, ҳарф назадам. Чи тавре ки маълум аст, дар Ӯзбекистон намояндагони аксар халқҳои Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кишварҳоеанд, ки на танҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, балки таърихан низ ҳамқисматанд. Аз ин рӯ, Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат ба устувор намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин ҳошия нахустсафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон моҳи августи соли 2018 идомаи муносибатҳои қарини сиёсии байни кишварҳои мо гардид ва шумо ҳамчун узви ҳайати ҳукуматӣ шоҳиди он будед. Президентҳои ду кишвар масъалаҳои умдаи устуворсозии ҳамкориҳои сиёсӣ, савдою иқтисодиёт, нақлиёт, обу энергетика ва дигар соҳаҳои муҳимро баррасӣ намуданд. Дар натиҷа, Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид, ки аз оғози давраи нави муносибатҳоямон шаҳодат медиҳад. Дар ҳамин сафари бобарор, дар маҷмӯъ, 28 санади муҳими ҳамкориҳо ба имзо расид. 
С. Сиддиқ: - Баъди ин сафар президентҳои мамлакатҳоямон дар саммитҳои гуногуни байналмилалӣ борҳо бо ҳам вохӯрданд. 14 – 15 июни соли 2019 Президенти Ӯзбекистон ба  Душанбе ташриф оварда, дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ширкат варзид. Гуфтугӯҳои телефонии сарварони давлатҳои мо вобаста ба санаҳои гуногун ё масъалаҳои муҳим хислати ҳамешагӣ пайдо намуд. Мунтазам намояндагони аъзои ҳукуматҳо, вазоратҳову идораҳо ва минтақаҳои кишварҳоямон  дар иртиботанд. Дар ин замина, омадурафти худи мардумони ҳар ду ҷониб рӯз то рӯз дар ҳоли афзудан аст.
А. Кучимов: - Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои судманди Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сатҳи баланд баромада, ба манфиатҳои дарозмуҳлати мардуми ду кишвар, аз ҷумла таъмини сулҳу субот, бехатарӣ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ, ҷавобгӯянд. Ҳамин тавр не?  
С. Сиддиқ: - Албатта. Муносибати судманди тарафайни ду мамлакат, ки таҳкурсиаш дӯстии бисёрасраи тоҷикону ӯзбекон мебошад, тайи чор соли ахир ба сатҳи сифатан нав баромад. Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон зиёда аз 70 созишнома дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг ба имзо расид. Бо сармоягузории ӯзбекон дар Тоҷикистон як қатор корхонаҳо фаъолияти густурда доранд ва дар Ӯзбекистон низ чунин аст. Барои ба роҳ мондани робитаи мустақим байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ташкили бизнес - форумҳо ба ҳукми анъана даромада, байни ду кишвари дӯст Шӯрои тиҷоратӣ таъсис ёфт. 
А. Кучимов: - Робитаҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ, ки мардумони моро боз ҳам қаринтар месозанд, дар ҳоли густариш аст. Дар Тошканд Маркази фарҳанги миллии Тоҷикистон, дар Душанбе Маркази фарҳанги миллии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфтанд. Дар ҳар ду мамлакат муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ фаъоланд, рӯзномаҳо ба ду забон нашр мегарданд. Ташрифи тарафайни намояндагони кишварҳо, сафарҳои эҷодӣ, Рӯзҳои фарҳанг, консертҳо, намоишгоҳҳо ва конфронсҳо созмон меёбанд.   
С. Сиддиқ: - Воқеан, моҳи апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон  бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гашт, ки басо хушоянд аст. Дар маҷмӯъ, робитаҳои фарҳангӣ яке аз унсурҳои асосии тақвияти фаъолияти сиёсии хориҷии давлатҳо ба шумор меравад, зеро фарҳанг, амсоли илм ва адабиёту санъат, дастоварди кулли башар маҳсуб меёбад. Дар ин замина, бисёр муҳим аст, ки таърих ва фарҳанги ҳамдигарро эътироф намоем ва ба онҳо арҷ гузорем.  
А. Кучимов: - Бо Шумо ҳамфикрам. Дар ҳошияи ин гуфтор метавон аз иродаи некофари президентҳои кишварҳоямон ёдовар шавем, ки бо ташаббуси онҳо дар шаҳри Душанбе боғи Алишер Навоӣ доман густурда, дар шаҳри Самарқанд пайкараҳои шоирони классики тоҷику ӯзбек, устоду шогирд  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ қомат афрохтанд.  Ман дар назар дорам дӯстии байни чунин шахсиятҳои бузург, ба монанди Ҷомӣ, Навоӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Шароф Рашидов, Ғафур Ғулом, Зулфиябону, Лоиқ Шералӣ ва Эркин Воҳидовро… 
С. Сиддиқ: - Эркин Воҳидов   солҳои 70-уми асри гузашта дар бораи дӯстӣ ва  ҳамкории халқҳои мо асарҳои мондагор эҷод намудааст. Ман як шеъри ӯро хуб дар ёд дорам, ки дар матбуоти мо низ нашр шуда буд. Шеър чунин сатрҳо дорад: 
 
Биз икки ёндош юртга,
Қадрдон жондош юртга,
Қадимдан қондош юртга
Фарзанд бӯламиз, дӯстим.
Тарҷумаи тоҷикиаш чунин садо медиҳад:  
Бар мардумони ҳамхон,
Ду халқи хешу ҳамҷон, 
Ҳаммазҳабу ҳамимон,
Фарзанд мо, бародар!
 
А. Кучимов: - Ин шеър «Тожик биродаримга» - «Ба бародари тоҷикам» унвон дораду дар китоби «Бедорлик» («Бедорӣ») - и шоир соли 1985 дар шаҳри Тошканд ба нашр расидааст. 
Мо ҳар ду ҳоло робитаи адабии тоҷикону ӯзбеконро ёдовар шудем, ки решааш аз дурии асрҳои аср об мехӯрад. Шаклҳои зуҳури ин робита гуногунанд ва яке аз  онҳо таълифи асар ба ду забон  (зуллисонайн) мебошад. Чи тавре ки Шумо медонед, Хоҷа Исмати Бухороӣ, Садриддин Айнӣ, Абдурауф Фитрат, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Баҳриддин Азизӣ, Рашид Абдулло ва дигарон аксар асарҳои худро ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ эҷод намудаанд.  
С. Сиддиқ: - Оре, чунин аст. Дар натиҷаи эҷоди асарҳои дузабона, яъне як шеър бо ду забон, жанри «ширу шакар» зуҳур кард ва рушд ёфт. Масалан, як шоири тоҷик шеъре гуфтааст ба ин тарз: 
 
«Азизам, хуш келибсиз!» - гуфтаму оғӯш бикшодам, -
Пас аз даҳсолаҳо аз дидани дидори ту шодам». 
Маро гуфтӣ:  «Қалай, яхши ми сиз,  дӯсти азизи ман?», 
Ба хушнудӣ бигуфтам: «Ту ҳамеша дар дилу ёдам».
 
А. Кучимов: - Аъло гуфта! Аҳсант ба шоир! Ман аз самими дил мегӯям. Ин шаҳодати он аст, ки на танҳо идея ва мазмун, балки жанр ва шакли шеърӣ низ метавонанд муҳим бошанд. Чунки «ширу шакар» шаҳодати ҳаёти пурсаодат ва ҳамдигарфаҳмист, ки дар шароити пуртазоди замони муосир бисёр ҳам зарур мебошад.
С. Сиддиқ: - Шумо дуруст ишора намудед. Ҳамзистии осоишта ва ҳамдилии мардумони тоҷику ӯзбек дар сиёсати башардӯстонаи сарварони давлатҳои мо аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб меёбад. 
А. Кучимов: - Мо дар бораи сафарҳои қаблии сарварони ду давлат андеша рондем. Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва кӯшишҳои якҷояи Роҳбарияти олии Ӯзбекистону Тоҷикистон, солҳои ахир ҳамкориҳои густурдаи байни кишварҳо дар ҳамаи соҳаҳо босуръат рушд меёбанд. Бо мақсади идома бахшидани ин раванд ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои судманди кишварҳо, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикӣ сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба мамлакати шумо ба вуқӯъ мепайвандад. Дар доираи он интизор меравад, ки самтҳои нави шарикии стратегии кишварҳоямон, ва, дар асоси лоиҳаву барномаҳои бузурги муштарак, робитаҳои серсоҳа  муайян мешаванд. Дар Тоҷикистон вобаста ба ин ташриф чӣ гуна омодагӣ мегиранд? 
С. Сиддиқ: - Омодагӣ чун ҳамеша дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Мундариҷаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҳия мешавад. Воқеан, дар ин бобат сарвазирон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мубодилаи афкор намуданд. Зимни он масъалаҳои мукаммалсозии барномаи чорабинӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои санадҳо, ки дар рафти сафар  ба имзо мерасанд, баррасӣ гаштанд. Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, тадбирҳои зиёд намудани ҳаҷми савдои тарафайн аз ҳисоби сода намудани амалиёти савдо ва таъмини дастрасии озодонаи молу маҳсулот дар бозорҳои кишварҳо аз 500 миллион доллари соли 2020 то миллиард доллар дар солҳои минбаъда матраҳ гардиданд. 
Ҳамзамон, иттилоъ дар бораи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи Сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳангоми мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов низ садо дода буд. Дар робита ба ин, ВКХ-и Тоҷикистон дар хусуси оғоз ёфтани бақайдгирии журналистон бобати инъикоси рафти сафари расмии Президенти Ӯзбекистон эълон нашр кард. 
Агар оид ба қисми фарҳангии барнома сухан ронем, айни ҳол ташрифи санъаткорони Ӯзбекистонро интизорем. Онҳо ҳамроҳи ҳампешагони тоҷикашон дар барномаи консертии «Шоми дӯстӣ», ки дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо ҳузури президентони Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад, ширкат хоҳанд варзид. 
А. Кучимов: - Бояд эътироф кард, ки дар таърихи муносибатҳо  ду кишвари ба ҳам дӯст  давраи бисёр ҳассосу  мураккабро аз сар гузаронданд. Шукри Парвардигор, ки айни ҳол байни мамлакатҳои мо дар ягон соҳа масъалаҳои ҳалнашуда вуҷуд надоранд.  Имрӯз хеле хушоянд аст, ки ҳар ду ҷониб ба рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир месозанд.  Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар раъси  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки 14 – 15 майи соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор гардид, ин гуфтаҳоро тақвият мебахшад. 
Агар ба сатҳи муносибатҳои тиҷоратии байниҳамдигарӣ дар солҳои охир бингарем, пешравии мусбатро эҳсос месозем. Ҳатто, соли гузашта, новобаста аз паҳншавии коронавирус, костагии ҷиддие дар  муносиботи мутақобилан судманд мушоҳида нашуд. Баръакс, дар ду соли ахир гардиши молу маҳсулот миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бе назардошти хизматрасонӣ 10 маротиба афзуд, ки, асосан, аз ҳисоби муомилоти воситаҳои нақлиётӣ ва хизматрасонӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва пластмассӣ, техникаи маишӣ таъмин гардидааст. Ҳамчунин, созишномаҳо оид ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ ва ғайра амалӣ гардида, ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика тақвият меёбанд. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ интиқол медиҳад, ҳамзамон, ҳаҷми воридоти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон пайваста меафзояд. Дар баробари ин, барои ҳамкориҳои самаровари кишварҳои мо оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ва транзитии байналмилалӣ имкониятҳо фаровонанд. 
С. Сиддиқ: - Ҳамаи ин, албатта,  фараҳбахш аст. Агар дар ёд дошта бошед, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Душанбе ва ҳам Тошканд изҳор доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибат бо Ӯзбекистон ҳамеша афзалиятнок хоҳад буд.  Албатта, бояд, пеш аз ҳама, ба муносибати дӯстона бо ҳамсояҳои наздик таваҷҷуҳ кард. Муносибат бояд самимӣ ва боварибахш бошад, ки мо имрӯз онро мушоҳида менамоем. 
Мо – тоҷикон мақоли хубе дорем: «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар».  
А. Кучимов: - Воқеан, соли 2018 Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари худ ба Тоҷикистон низ изҳор доштанд, ки рушди муносибатҳои дӯстӣ бо Тоҷикистони ҳамсоя яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад ва мо омодаем робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бардорем ва муҳтавои онро ғанӣ созем.  
Таҳлилгари яке аз муассисаҳои пештози молиявии Россия “Совкомбонк” Михаил Василйев дар мақолааш “Ӯзбекистон – паланги нави осиёимиёнагӣ”, ки ба тозагӣ нашр шуд, навиштааст: “Феномени махсуси иқтисодӣ – мафҳуми «палангони осиё”-ӣ, аллакай, ба китобҳои дарсии соҳаи иқтисодиёт ворид гашт. “Палангони осиёӣ”-и мавҷи нахустин – Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Тайван ва Гонконг мебошанд, ки давраи ривоҷу равнақи онҳо ба солҳои 1960 – 1990 рост меояд ва суръати барқвори рушдашон баъди буҳрони осиёӣ дар соли 1998 муътадил гардид. “Палангон”-и мавҷи дуюм – Индонезия, Малайзия, Ветнам ва Таиланд охири солҳои 90-уми асри гузашта навсозиро оғоз бахшиданд ва айни ҳол аз рӯи сохти иқтисодӣ дар радифи кишварҳои фавқуззикр  қарор доранд. 
Солҳост, ки рушди воқеии иқтисодиёти Ӯзбекистон беш аз 5 дарсадро ташкил медиҳад, ки кори саҳл нест. Соли рафта Ӯзбекистону Тоҷикистон, қатъи назар аз хуруҷи пандемияи коронавирус, миёни давлатҳои ИДМ аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки суръати мусбати рушди ММД-ро таъмин карданд. 
Лутфан, бигӯед, ки чунин ҷаҳиши иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар чӣ мебинед ва оё омилҳое ҳастанд, ки ба рушди минбаъдаи онҳо монеа эҷод созанд? Агар ҳа, барои бартараф намудани монеаҳо Шумо чӣ пешниҳод доред? 
С. Сиддиқ: - Ман ба он назарам, ки барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар монеаҳои ҷиддӣ умуман нестанд. Аз ҳама муҳим президентҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои мо дили пок ва нияти нек доранд, ки ба сатҳи сифатан нави муносибатҳои байниҳамдигарӣ комёб гарданд. Ҳамзамон, қаринӣ ва таъриху фарҳанги муштараки халқҳои мо, ки дар вақташ академик Бобоҷон Ғафуров низ дар китоби пурарзиши худ «Тоҷикон» навишта буд, барои тавсеаи ҳамкории байни мамлакатҳои мо фазои басо мусоид фароҳам меоранд.    
Доир ба ақидаи коршиноси «Совкомбонк» М. Василйев гуфтаниям, ки ӯ ба чунин хулоса дар асоси таҳлили далелҳо омадааст. Далелҳо бошанд, бозгӯи онанд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон, сарфи назар аз хуруҷи пандемияи коронавирус, воқеан ҳам соли рафта дар фазои ИДМ натиҷаҳои аз ҳама назарраси иқтисодиро ба даст оварданд. Масалан, тавре ки аз маърӯзаи Бонки авруосиёии рушд бармеояд, Тоҷикистон ягона кишвар дар байни давлатҳои аъзои ин бонк аст, ки дар манзари пандемияи коронавирус ба рушди иқтисодиёт ноил гардид. 
М. Василйев «палангони осиёӣ» - и мавҷҳои якуму дуюмро мисол меорад ва менависад: «Ҳоло вақти мавҷи сеюм расидааст». Воқеан ҳам, барои чӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон пешоҳангони ин мавҷ набошанд? Охир, имрӯз ҳар ду кишвар дорои имкониятҳои бузургеанд, ки Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Тайван, Индонезия, Малайзия дар оғози ҷаҳиши иқтисодии худ доштанд, аз ҷумла: захираҳои бузурги табиӣ, сармояи инсонӣ, ҳукуматҳои тараққихоҳ, иқтисодиёти рӯ ба рушд, пешрафти илмию техникӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи босубот.  
А. Кучимов: - Муҳтарам Саидалӣ Раҷабалиевич, Шумо солҳост дар агентии “Ховар” пурмаҳсул заҳмат мекашед. Ҳамкории зичи кишварҳои мо  дар роҳандозии робитаҳо дар соҳаи мубодилаи иттилоот низ зоҳир мегардад. Агар аниқтар гӯем, дар рафти сафари давлатии Сарвари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, 17 августи соли 2018, дар шаҳри Тошканд, байни агентиҳои “УзА” ва “Ховар” дар соҳаи табодули иттилоот Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. 
Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам бо камоли эҳтиром зикр созам, ки ин ҳамкорӣ муттасил идома дорад. “УзА” қариб ҳамарӯза бо ёрии агентии “Ховар” навигариҳои ҳаёти Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ғайр аз ин, бояд гуфт, ки журналистони мо бо ишораи сарчашма ба хонандагони ӯзбек мақолаҳои таҳлилии хабарнигорони шуморо дар бораи рӯйдодҳои олам пешниҳод мекунанд. Дар сайти “УзА” барои ин рубрикаи махсуси “Ахбори шарикони мо” таъсис ёфтааст. 
Чун журналисти шинохта ва ҳам роҳбари агентии пештози иттилоърасони Тоҷикистон кадом давра ва воқеаи ҳаёти кишварҳо ва халқҳои моро беш аз ҳама хотирмон меҳисобед? 
С. Сиддиқ: - Бешубҳа, ин воқеаи фаромӯшнашаванда барқарорсозии муносибатҳои ҳасанаи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад ва чи тавре ки Шумо дар боло зикр намудед, мушоҳидони байналмилалӣ онро бо ибораҳои “муносибатҳои ғайриинтизор”, “ҷаҳиш”, “ҷаҳиши иқтисодӣ” маънидод карданд.  Инчунин, он рӯзе, ки сарварони давлатҳои мо дар музокироти сатҳи олӣ ҳангоми гуфтугӯи озоду самимӣ  ба ҳамдигар бо суханони “бародари азиз” муроҷиат кардаву гуфтанд: “Тоҷикон ва ӯзбекон – бародарони ҷовидон!”. Ва ин суханон дар таърихи муносибатҳоямон бо хатҳои зарин сабт мегарданд. 
Ман бовар дорам, ки ба шарофати сиёсати ояндасози сарварони кишварҳоямон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар оянда Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди боз ҳам босуръати  иқтисодиёт комёб мешаванд ва ба ҷаҳиши иқтисодие, ки дар вақташ Япония, Сингапур, Малайзия ва дигар давлатҳо ноил шуда буданд, мо низ муваффақ хоҳем шуд.  
А. Кучимов: - Бечунучаро, метавон дар бораи дигаргуниҳои зиёди мусбате, ки дар муносибатҳои ӯзбекону тоҷикон тайи солҳои ахир ба вуқӯъ пайвастаанд, мисолҳои бешуморе овард. Вале ман низ чунин мешуморам, ки дастоварди бузурги кишварҳои мо ҳамон аст, ки иродаи сиёсӣ ва корҳои амалии сарварони ду давлат дар дили миллионҳо сокинони Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳисси меҳру муҳаббатро дубора бедор карданд. Фазои муносибатҳои мо, рӯҳияи мардумонамон, ки пештар гаравгони вазъи нобасомон буданду имкони  хабар гирифтани хешовандон, ёру дӯстон ва наздикон надоштанд, ба куллӣ тағйир ёфт. Барои дарки ин маънӣ, назар андохтан ба чеҳраҳои шукуфони мардуми пурнишот ҳангоми кушодашавии нуқтаҳои иҷозатномадиҳӣ дар сарҳадҳо ва аз нав барқарор гаштани равобити нақлиётии байни кишварҳоямон кифоя буд. 
Ташаккури зиёд барои суҳбат. 
С. Сиддиқ: - Ба Шумо низ изҳори сипос, Абдусаид Кучимович!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113-114    Мутолиа карданд: 247
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед