logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси муштараки илмию амалӣ таҳти унвони «Нуқтаҳои нави густариш» ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баргузор гардид. 
Ҳамоиши мазкур, ки дар ҳошияи сафари қарибулвуқӯи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта буд, бо иштироки намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандону коршиносони ватанию хориҷӣ сурат гирифт. Рушди муносибот, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими робитаҳои бисёрсамтаи ду кишвари бо ҳам дӯст, ки солҳои охир сатҳу сифати нав пайдо мекунанд, аз мавзӯъҳои асосии конфронс ба шумор мерафт.
Хуршед Зиёӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсиф аз вусъати ҳамкориҳои дуҷониба изҳор дошт, ки солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя дар ҳоли рушд мебошад ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳити зист, сайёҳӣ, илмию фарҳангӣ, варзишу тандурустӣ ба масири наву мутақобилан судманд ворид мешаванд. Номбурда дар зарфи панҷ соли охир беш аз 5 маротиба афзудани нишондодҳо дар бахши тиҷорат, ки 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, далели ин гуфтаҳои хеш донист.
Дар конфронс зикр шуд, ки соли 2018 дар таърихи муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав кушода шуд. Анҷоми сафарҳои давлатии роҳбарони ду кишвар ба мамлакатҳои ҳамдигар, ки бо натиҷаҳои баланду таърихӣ сурат гирифт, уфуқҳои тозаи ҳамкориро боз намуда, як қатор масъалаҳои ҳалталаби мавҷуда низ ҳалли худро пайдо намуданд. Дар миёни тавофуқоти ҳосилшуда қарордод оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводид байни ду кишвар аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳое буд, ки халқи бо ҳам бародари тоҷику ӯзбек аз он гарму самимӣ истиқбол карданд. 
Анвар Носиров, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гуфт, ки аз сафари расмии навбатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон натиҷаҳои боз ҳам хубу ҳасанаро пешбинӣ кардан мумкин аст.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 186
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед