logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ РАШТ

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Ҳадафи мулоқот шиносоӣ бо вазъи корҳо дар ноҳияҳои минтақа, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни омодагӣ ба Ҷашни миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, яъне Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 1100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 240 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 760 иншоот ба анҷом расидаанд. Ин нишондиҳанда 69 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки то ҷашн муҳлат тамоман кам мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаро вазифадор ва соҳибкорону аҳолии ноҳияҳоро ҳидоят намуданд, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи тасдиқшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳияҳои водии Рашт тамоми имкониятҳоро сафарбар карда, ин равандро то имрӯз идома дода истодааст. Дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳо симои ноҳияҳои водӣ ҳоло ба куллӣ дигаргун шудааст.
Умуман, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа беш аз 5,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард сомонӣ, Рашт 1,4 миллиард, Сангвор 914 миллион, Лахш 624 миллион ва Тоҷикобод 528 миллион сомонӣ равона шудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра дар ноҳияҳои минтақаи мазкур беш аз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Ҳоло дар ҳудуди ин ноҳияҳо татбиқи боз 21 лоиҳаи дигар идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз 184 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳияҳои водии Рашт ва ҳалли масъалаву мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои мазкур садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатнок ва саривақтии барномаҳо ва лоиҳаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гарчанде минтақаи Рашт дорои имкониятҳои фарохи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, вале дар ноҳияҳои он ҳамагӣ 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият менамояд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.
Бинобар ин, роҳбарону масъулони ноҳияҳои минтақа аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дар асоси технологияҳои муосир фаъол гардондани иқтидорҳои мавҷуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас ва ҷиддӣ андешанд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиш додани истеҳсоли картошка, зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Бо назардошти он, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо дар соли 2021 дар ин ноҳияҳо сохтмони 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7000 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳияҳои водии Рашт пайваста чораҷӯӣ менамояд. Бо ин мақсад, танҳо дар соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои водӣ ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ таҷҳизот ва маводи доруворӣ дастрас карда шудааст.
Вобаста ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи пандемияи коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди кишварҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар чунин шароит мардум аз тамоми захираву имкониятҳо, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоянд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулон ва фаъолонро вазифадор карданд, ки мардумро ба корҳои ободонии ҳар як хонаву кошона, маҳали зист, кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳот, инчунин, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят ва сафарбар намоянд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст ва созандаву бунёдкори ноҳияҳои водии Рашт барои боз ҳам ободу зебо гардондани диёри худ, сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш ва истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 134
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед