logo

Хабарҳо

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

Дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваста тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад.
Нуъмоншоҳ Исматов, сардори маркази минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, маркази минтақавии мазкур дар ноҳия аз 27 январи соли 2020 ба фаъолият шурӯъ намуда, таҳияи нақшаи ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба расондани кумакҳои унвони иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳоти ҳудуди минтақаро сармашқи кори худ қарор дода, дар сатҳи минтақа корҳои таблиғотӣ ва ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба барномаи кумакҳои унвони иҷтимоиро ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳудуди минтақа ба аҳли ҷамоатчигӣ ва масъулони соҳа вохӯриҳо гузаронда шуда, мақсади ин барнома ва механизми таъйин ва пардохти кумакҳои унвони иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пурра фаҳмонда шуд. Фарогирӣ ба барнома дар ноҳияҳои ҳудуди фаъолияти марказ, аз ҷумла Рашт 28,8 дарсад, Нуробод 21,8, Лахш 14,9, Тоҷикобод 26,3, Сангвор 21,2, Роғун - 19,4, ҷамъ 22,8 дарсадро ташкил медиҳад.  
Ҷиҳати таъмини бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа зиёда аз 16000 парванда мавҷуд буда, барои  таъмини ройгони оилаҳои камбизоат монеа вуҷуд надорад.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастрасии маблағ ба оилаҳои камбизоат дар филиалҳои “Амонатбонк” зери назорат қарор доранд. Оилаҳои камбизоате, ки тибқи механизми муайянгардида таъйин шудаанд, бояд аз филиалҳои “Амонатбонк” маблағҳои худро талаб намуда, саривақт дастрас намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайянгардида дастрас накардан маблағ ба суратҳисоби агентӣ бозпас гардонда мешавад.
- Дар бораи он, ки аз шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат барои варақаҳо маблағ ситонда мешавад, ягон асоси воқеӣ вуҷуд надошта, шаҳрвандон пурра бо варақаҳо ройгон таъмин мегарданд. Ин самт аз ҷониби марказ пурра таҳти назорат қарор дошта, ҳама гуна имтиёзҳое ба шаҳрвандони камбизоат ҷудо гардида, дастраси онҳо гардонда мешавад, - гуфт Н. Исматов.
- Ноҳияҳои минтақа дотатсионӣ буда, шумораи оилаҳои камбизоат бештар ба назар мерасад, Аз ин рӯ,  моро зарур аст, ки  ҳарчи бештар дар ин самт корҳоро хубтар ба роҳ монем ва барои татбиқи сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рӯи барномаҳои қабулгардида чораҳои зарурӣ андешем, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН  “ Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 187
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед