logo

Хабарҳо

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

Дар доираи сафари қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми вазири сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ баргузор шуд.
Ҷонибҳо масъалаи дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи сайёҳиро бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр шуд, ки барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дошта, ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфтааст.
Айни замон ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд. Ин омил имкон медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора чанд кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешимро дидан намоянд.
Зимни муҳокимаронӣ ҳайатҳои ду ҷониб, ҳамчунин, оид ба масъалаи дастрасии нархҳо барои хизматрасонии сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия, таъсири COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ ва парвози нави байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масири Душанбе-Самарқанд-Душанбе ибрози назар намуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи талошҳои сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва дар заминаи созишномаҳои байниҳукуматии соли 2018 баимзорасида ташрифи сайёҳон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон якбора зиёд шуда, ба 700 ҳазор нафар расид. Мувофиқи арзёбии мутахассисони соҳа, барқарор гардидани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва оғоз шудани сафари бераводид миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба муҳлати 30 рӯз иқдоми бузургу таърихӣ буда, на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ, балки ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳо ва минтақа мусоидат менамояд. 
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 194
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед