logo

Хабарҳо

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

"Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш куҳантарин маркази илмии  Академияи миллии илмҳои кишвар ба шумор меравад. Он бисёрсоҳа буда, 70  сол боз масъалаҳои таърихи халқи тоҷикро  аз замони қадим то имрӯз  мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор медиҳад". Ин нуктаро Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти АМИТ  дар  конференсияи  ҷумҳуриявии илмӣ– амалии «70 сол дар роҳи омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат» зикр намуд. 
 
Таъкид шуд, ки институт дар давоми фаъолияти бисёрсола  бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, Эрмитажи давлатӣ, (Санкт- Петербург) ва бостоншиносони Олмон, Фаронса, Италия, Япония ва Чин дар мавзеъҳои таърихии кишвар корҳои ҳафриётӣ анҷом дода, ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст. 
Насрулло Убайдулло, директори институт гуфт: «Солҳои соҳибистиқлолӣ дар институт даҳҳо рисолаҳои илмӣ иншо шуданд. Миёни онҳо силсилаи иборат аз се китоби академик Раҳим Масов: «Таърихи табартақсим», «Тоҷикон: таърих ба муҳри комилан махфӣ», «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассимилятсия», ки ба яке аз масъалаҳои муҳими таърихи минтақа – тақсимоти марзии Осиёи Миёна ва сарнавишти халқи тоҷик дар ин давра бахшида шудааст, мақоми махсус дорад. Соли равон  кормандони институт тавонистанд китоби дуҷилдаи «Этногенези халқи тоҷик» - ро ба забони русӣ интишор диҳанд. 
Ҳоло дар институт 6 шуъба: таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав, таърихи навтарин, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, илму техника, таърихи фарҳанг ва ҳунар фаъолият менамояд. Институт, ҳамчунин, дорои пойгоҳи бостоншиносии Қубодиён, Тегузак, Панҷакент ва Саразм мебошад, ки охирӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил гардидааст. Дар институт таҳқиқот аз рӯи мавзӯъҳои бунёдӣ идома доранд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 305
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед